11:04:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Babilon-Mobile" аз 341 миллион – 5 миллионашро супурдааст

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, бар тибқи созише бо ширкати мухобиротӣ, қарзи "Babilon-Mobile" марҳила ба марҳила пардохт мешавад.

nusratullo-davlatzoda-89564.jpgРаиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода рӯзи душанбеи 20-уми июл дар нишасти хабарии хеш вобаста ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди қарзи ширкати мобилии  "Babilon-Mobile" гуфт, ки онҳо аллакай бо роҳбарияти он гуфтушунид кардаанд ва  ба созише расидаанд, ки бояд давра ба давра қарзи хешро супорад.

Ҷаноби Давлатзода афзуд: “Мо бо роҳбарияти  "Babilon-Mobile" гуфтушуниди шифоҳӣ доштем ва аллакай дар муддати ду моҳ 5 миллион аз қарзи умумии 341 миллион сомониро руёнидем. Мо тибқи қарори додгоҳ чораандешӣ карда истодаем ва муваззаф ҳастем, ки ҳамаи маблағҳоро ба буҷаи давлат супорем”.

Дар ҳоле, ки раиси ин ширкати мухобиротӣ аз шарҳи қазия худдорӣ мекунад, Наим Мансурзода, раиси Додгоҳии Олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 15 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки аввали моҳи ҷорӣ Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон зимни баррасии баҳси миёни ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз, ҳалномаро ба нафъи ин кумита ҳал намуд. Ба гуфтаи ҷаноби Мансурзода, зимни судури ҳалномаи додгоҳ мавзӯи пул матраҳнашудааст, балки то куҷо қонунӣ будани қарори Кумитаи андоз дар бораи санҷиши фаъолияти ширкати "Babilon-Mobile" ва қарор дар мавриди ситонидани андоз, фоиз ва ҷаримаҳо баррасӣ шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, раиси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ки додгоҳ пас аз баррасии ин баҳс ба ин натиҷа расид, ки қарори Кумитаи андоз дар бораи санҷиши фаъолияти ширкати "Babilon-Mobile" ва қарор дар мавриди ситонидани андоз, фоиз ва ҷаримаҳо заминаи қонунӣ дорад ва додгоҳ низ ин баҳсро ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард.

Ба ин тартиб, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, баҳси ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз ниҳоӣ шуда ва дигар зинае вуҷуд надорад, ки тарафҳо, ба хусус ширкати "Babilon-Mobile" барои бозбинии он муроҷиат кунад. Ба нафъи Кумитаи андоз ҳал шудани баҳс бо ширкати "Babilon-Mobile" аз ҷониби Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи гузашта Додгоҳи конститутсионӣ ин баҳсро ба нафъи Кумитаи андоз ҳал карда кард ва гуфт, ки талаби 341 миллион сомонӣ андоз аз ин ширкат ба Қонуни асосӣ муғойират надорад.

Дар қарори додгоҳи сатҳи болотарини Тоҷикистон, ки дар ихтиёри мо низ гузошта шуда буд, омадааст, низомномае, ки Кумитаи андоз бар асоси он аз ширкати "Бабилон" пардохти беш аз 341 миллиону 140 ҳазор сомониро талаб кард, бо Конститутсия мухолифат надорад ва аз ин рӯ амалкардҳои Кумитаи андоз ғайриқонунӣ буда наметавонад. Қаблан Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати "Бабилон" дар муроҷиаташ ба Додгоҳи конститутсионӣ хоста буд, мутобиқати банди 7-и "Низомномаи муҳосибаи арзиши аслии маҳсулот" ба бандҳои 12, 32 ва 45-уми Қонуни асосии Тоҷикистонро муайян намояд, ки Кумитаи андоз ҳангоми санҷиши “Бабилон” бар асоси он амал кардааст. Бандҳои мазкур фаъолияти соҳибкорӣ, моликият ва пардохти андозро танзим мекунанд. Баҳсу даъвои пурсарусадои ширкати "Бабилон-Мобайл” бо Кумитаи андоз аз соли 2014 шурӯъ шуд ва то ба Додгоҳи олии иқтисодӣ кашид ва дар инҷо низ ба нафъи давлат тамом шуд.

Баҳори соли 2014 баъди санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯи андозҳои супурдаи “Бабилон-Мобайл” аз соли 2011 то соли 2013, Кумитаи андоз гуфт, ки ширкат дар ин муддат ба маблағи 341.4 миллион сомониро пинҳон кардааст, ҳарчанд “Бабилон-Мобайл” ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ин хулосаи ғайриқонунӣ аст. “Бабилон-Мобайл” қазияро ба додгоҳ бурд, вале дар ҳамаи зинаҳо даъвои онро рад карда, ба нафъи Кумитаи андоз қарор бароварданд. Ба гуфтаи “Бабилон-Мобайл”, мутахассисони Кумитаи андоз садҳо миллион сомонӣ хароҷоти “Бабилон-Мобайл”-ро даромад ҳисоб карда ва аз онҳо 217 миллион сомонӣ андоз, 50 миллион сомонӣҷарима ва 73 миллион сомонӣ фоиз талаб кардаанд, ки ин дуруст нест.

Бори аввал нест, ки “Бабилон-Мобайл” бо Кумитаи андоз баҳси додгоҳӣ дорад. Баҳси аввали “Бабилон-Мобайл” дар соли 2011 буд ва дар он замон Додгоҳи конститутсионӣ, ба нафъи ширкат қарор баровард. Ширкати “Бабилон-Мобайл” яке аз ширкатҳои пешсаф ва бузургтарини мухобиротии Тоҷикистон аст, ки бино ба гузоришҳо тақрибан 3 миллион муштарӣ ва 4 ҳазор коргар дорад. Бисту панҷ дар сади саҳмияҳои ширкат дар ихтиёри шаҳрвандони Тоҷикистон ва бақия дар дасти хориҷиён аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi