12:12:56 03-уми Июни 2025 сол

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшонн ҷамъ меоянд

Имкониятҳои сармоягузории Бадахшон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2019», ки 6-7 августи соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ доир мегардад, муаррифӣ мешаванд.

investiКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз созмондиҳандагони ҳамоиши байналмилалии «Помиринвест-2019» мебошанд.

Ҳамоиши байналмилалӣ дар се бахш- роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкориии Бадахшон, имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ ҳудуди 200 нафар соҳибкорони ватанию хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя барои рушд ва пешрафти Бадахшонро баррасӣ намоянд.

Дар назар аст, ки иштирокдорони ҳамоиш мавзӯъҳои саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Бадахшон ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, монеаҳои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, имкониятҳои сайёҳии Бадахшон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, дастгирии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби шарикони рушд ва монеаҳои рушди минтақаи озоди иқтисодӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намоянд. Доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ зимни мулоқоти B2B маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя барои иқтисоди Бадахшон матраҳ намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Инчунин дар доираи ҳамоиши байналмилалии «Помиринвест-2019» мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Боми ҷаҳон муаррифӣ мегарданд.

Интизор меравад, ки иштирокдорони Форуми байналмилалии «Помиринвест-2019» аз корхонаҳои истеҳсолӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, назири фаъолияти ташкилоту корхонаҳои «Соҳибкорӣ ва рушд», «Зиндагӣ», «Зирки кӯҳистон», Ассотсиатсияи экофарҳангии «Помир», Осорхонаи Носири Хусрав, Гармчашма ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ боздид намоянд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854