00:41:40 09-уми Феврали 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2025 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

Дар доираи «Kazanforum 2024» байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум оид ба хамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.

kazanexpo-242424Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористон Фарит Ханифов имзо намуданд.

Ҳадафи санад рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои тарафҳо барои ташкили корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт мебошад.

Тоҷикистон ва Тотористон ба тафоҳум омаданд, ки барои ҷалби кормандони соҳибихтисос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон шароит муҳайё созанд. Инчунин бо мувофиқа бо тарафи манфиатдор тартиби будубоши шаҳрвандон (ронандаҳо, муҳандисон, назоратчиён ва дигар кормандони ёрирасон)-ро бо кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин намоянд.

Дар Ёддошти тафоҳум муайян гардид, ки тарафҳо вобаста ба ҷалби субъектҳо-интиқолдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили корхонаҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия шароити зарурӣ фароҳам меоранд.

Интизор меравад, ки амалӣ гардидани ин санад барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористон садҳо ҷойи кор бо шароити зиндагии мусоид, маоши хуб, дарстрасӣ ба ҳифзи иҷтимоии кормандон ва ғайра фароҳам оварда, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирбарӣ ба сокинони шаҳрҳои ҷанубу шарқии Тотористон – Бугулма ва Лениногорск мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi