ФБИСП–2024: дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Санкт-Петербург баррасӣ мешавад
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург-2024 (ФБИСП–2024) аз 5 то 8 июни соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад. Ин яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад, ки намояндагони воломақоми сиёсат, тиҷорат, илму маориф аз саросари ҷаҳонро гирди ҳам меорад ва дар он қарорҳои стратегӣ қабул мешаванд, ки контурҳои ҳамкориҳои байналмилалиро муайян мекунанд.
Интизор меравад, ки мисли пештара, ФБИСП–2024 ба феҳристи рӯйдодҳои асосии иқтисодии сол шомил мешавад, ки беш аз 17 000 ширкаткунандаро аз 140 кишвари ҷаҳон муттаҳид мекунад. Мавзӯи асосии Форуми дарпешистода “асосҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ – ташаккули нуқтаҳои нави рушд” мебошад.
Дар форум ба мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодии байни мамлакатҳои Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо диққати калон дода мешавад. Барнома ҷаласаҳои махсусро оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва навовариҳои технологӣ дар бар мегирад. Имзои як қатор созишномаҳои стратегӣ дар назар аст, ки ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ нигаронида шудаанд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии ҳамоиш баррасии стратегияҳои муқобила бо фишорҳои таҳримии кишварҳои ғарбӣ хоҳад буд. Иштирокчиён таҷрибаҳои худро мубодила карда, равишҳои навро барои кам кардани оқибатҳои манфии таҳримҳо пешниҳод мекунанд, инчунин имконоти диверсификатсияи робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими иқтисодҳои миллиро баррасӣ мекунанд. Мавзӯи мазкур махсусан барои иштирокчиёни форум – Русия, як қатор кишварҳои Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо, ки таҳти таҳримоти ИМА ё Иттиҳоди Аврупо қарор доранд, муҳим аст, вале бо вуҷуди ин нақши онҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ босуръат меафзояд.
Тоҷикистон низ дар ин “гурӯҳи афзоянда” қарор дорад ва пайваста дар Форум намояндагӣ мекунад. Соли 2023 ҳайатро вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода раҳбарӣ мекард. Вохӯрӣ бо Вазири рушди иқтисод Максим Решетников барои кишвари мо воқеаи муҳим буд, ки дар он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак баррасӣ шуданд. Дар форум мубоҳисаҳои сершумори панелӣ, мизҳои мудаввар ва презентатсияҳо дар назар гирифта мешаванд, ки доираи васеи мавзӯъҳоро фаро мегиранд - аз табдили рақамӣ ва рушди устувор то энергетика ва тиҷорати байналмилалӣ. Яке аз рӯйдодҳои калидӣ ҷаласаи пленарӣ бо иштироки президенти Русия Владимир Путин ва ҳамчунин раҳбарони кишварҳои шарик хоҳад буд. Бешубҳа, онҳо ба масъалаҳои муҳимтарини сиёсати байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои дахлдор дахл хоҳанд кард.
Форуми навбатии иқтисодии Санкт-Петербург - 2024 ваъда медиҳад, ки марҳалаи муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсӣ хоҳад буд. Форум на танҳо барои гуфтушуниди тиҷоратӣ ва бастани созишномаҳои нав имкониятҳои беназир фароҳам меоварад, балки ба минбари муҳокимаи масъалаҳои асосии тараққиёти ҷаҳон низ табдил меёбад. Дар шароити тағйирёбандаи сиёсӣ Форуми иқтисодии Санкт-Петербург - 2024 дар ташаккули ҳамкориҳои устувор ва мутақобилан судманд дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
“Рӯзгор”