23:10:42 01-уми Июни 2025 сол

Вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ бо Вазири давлатии савдои берунаи Амороти Муттаҳидаи Араб

Cанаи 6-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии савдои берунаи АМА ҷаноби доктор Танӣ бин Аҳмад Ал-Зайюдӣ баргузор гардид.

1 vaziri sarmoyagori 45875454Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти сармоягузорӣ, савдо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар рафти вохӯрӣ аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути истифодаи платформаҳои шарикии стратегӣ ва ширкатҳои сармоягузории Аморот, изҳор намуданд. Ҳамчунин, Раиси кумита вазири давлатӣ ва соҳибкорони Аморатиро ба барои иштирок дар форуми Душанбе-Инвест 2025, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки худро барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.

investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854