09:04:18 05-уми Июни 2025 сол

БУНЁДИ БУЗУРГТАРИН МАСҶИД ИДОМА ДОРАД

Гурўҳи беҳтарин мутахассисони ширкати меъмории машҳури «Аднан Сафарини» аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба корҳои тарҳрезӣ ва муҳандисӣ -техникии лоиҳаи бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе бунёд мешавад, идома медиҳад. Аввалин санги таҳдоби ин лоиҳаро 5-уми октябри соли 2009, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо меҳмонони зиёди хориҷие, ки барои ширкат дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Соли Имоми Аъзам ба Тоҷикистон омада буданд, гузоштааст.

 

Чуноне ки дар намояндагии ширкати «Аднан Сафарини» дар Тоҷикистон ба хабарнигори сомонаи «Рўзгор» гуфтанд, «дар тафовут аз дигар масоҷиде, ки имрўз дар Тоҷикистон арзи вуҷуд доранд, ин масҷиди нави ҷомеъ як ансамбли меъморӣ ва маҷмааи фарҳангии ҳозиразамонро ташкил дода, дар баробари толорҳои ибодатӣ, он инчунин, толори маҷолис, утоқҳои дарсӣ, музей, китобхона, истгоҳи зеризаминии ҳозиразамон барои автомашинаҳо, фаввораҳо, боғҳоро дар бар хоҳад гирифт. Ҳангоми балоиҳагирии масҷиди нав унсурҳои анъанавии меъморӣ ва санъати кандакории миллии тоҷикӣ ба инобат гирифта шудаанд».

 

Ширкати «Аднан Сафарини» тарроҳ ва бунёдгари маъруфтарин ва мудернтарин бурҷҳо, биноҳои баландошёна ва маҷмааҳо дар Аморот, Қатар ва Арабистони Саъудӣ мебошад.

 

«Рўзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/1384-bunyodi-buzurgtarin-masjid-idoma-dorad.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854