ТУРКМАНИСТОН ИНТИҚОЛИ ГОЗ БА РУСИЯРО АЗ САР МЕГИРАД
Дар Ишқобод мувофиқатномае имзо шуда, ки тибқи он судури гози Туркманистон ба Русия, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ мутаваққиф шуда буд, аз оғози соли 2010 аз сар гирифта хоҳад шуд. Ин санадро рӯзи сешанбеи 22 декабр намояндагони ширкати "Газпром"-и Русия ва ширкати "Туркменгаз" дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар, Дмитрий Медведев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, имзо карданд.
Иҷрои ин мувофиқатнома, ки солиёна судури 30 милёрд метри мукаъъаб гоз аз Туркманистон ба Русияро дар назар дорад, аз 1 то 10 январ оғоз хоҳад шуд. Туркманистон дар чорчӯби мувофиқатномаи соли 2003 ба Русия гоз содир мекунад. Қарор аст ин санад то соли 2028 мавриди иҷро қарор бигирад. Вале дар моҳи апрели соли ҷорӣ интиқоли гоз ба Русия ба далели хароб шудани лӯлаи гози САЦ-4 дар Туркманистон мутаваққиф шуд.
Ҷониби Туркманистон дар хароб шудани ин лӯлаи гоз Русияро муқассир донист. Ба гуфтаи мақомоти туркман, ширкати русии "Газпром" замоне ки тақозо ба гоз дар Урупо коҳиш ёфта буд, гирифтани гоз аз ин лӯларо ба таври ғайримунтазира коҳиш дод ва ин мӯҷиби харобии лӯлаи гоз шуд.
Ҳамакнун соҳибназарон мегӯянд, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, ба манзури дастёбӣ ба тавофуқ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари Тукрманистон, барои азсаргирии интиқоли гоз вориди Ишқобод шудааст. Музокироти ин ду кишвар тайи моҳҳои ахир идома дошт ва танҳо дар се ҳафтаи ахир раисони ҷумҳурии Туркманистону Русия се бор бо ҳам мулоқот кардаанд.
Қимати гоз
Тасмим дар бораи хариди 30 милёрд метри мукаъъаб гози Туркманистонро бисёриҳо навъе гузашт аз ҷониби Русия қаламдод мекунанд. Рӯзи душанбе нашрияи "Коммерсант" дар истинод ба манобеъи "Газпром" навишт, ки Русия омода аст дар байни солҳои 2010 ва 2012 аз Туркманистон солиёна 10 то 11 милёрд метри мукаъъаб гоз харидорӣ кунад, ки ин рақам чаҳор баробар аз гузашта камтар аст.
Монеъи дигар дар ин замина қимати гоз арзёбӣ мешавад: ҷонибҳо ҳаргиз натавонистаанд дар мавриди он тавофуқи усулӣ ҳосил кунанд. Баъд аз имзои созишнома дар Ишқобод, Александр Медведев, муъовини раиси "Газпром", ба хабарнигорон гуфт, ки ин санад ҳамаи шароити судури гоз ба Русия, аз ҷумла миқдор ва қимати онро мушаххас кардааст. Аммо вай баҳои дақиқи гозеро, ки ҷонибҳо бар сари он тавоҷуқ карданд, ифшо накард.
Оқои Медведев танҳо хабар дод, ки Русия "тибқи шароити бозори гоз дар Урупо" қимати онро ба Туркманистон хоҳад пардохт. То чанде пеш ширкати "Газпром"-и Русия танҳо васила барои судури гози Туркманистон ба Урупо буд ва ду севуми гозе, ки дар ин кишвар тавлид мешуд, аз тариқи лӯлаҳои гози Русия, умдатан ба Укройн ва аз он ҷо ба Урупо мерафт.
Мутаваққиф шудани содироти гоз аз ин роҳ мӯҷиб шуд, ки Туркманистон моҳиёна ҳудуди милёрд дулор аз даромади гозро аз даст бидиҳад. Вале талошҳои пайгиронаи Ишқобод барои ҷустуҷӯйи роҳҳои дигар барои содироти гоз ахиран ҳосил дод. Ин кишвар лӯлаеро ифтитоҳ кард, ки он аз тариқи кишварҳои аслии тавлидкунандаи гоз дар Осиёи Миёна ба Чин гоз интиқол медиҳад.
Ба гуфтаи Санобар Шерматова, коршиноси масоили Осиёи Миёна ва Қафқоз, ширкати "Газпром" дигар намехоҳад тамомии гози содиротии Туркманистонро харидорӣ кунад. Хонуми Шерматова дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Мушкили аслӣ зоҳиран қимати гоз аст. Зеро қимате, ки мақомоти ду кишвар дар соли гузашта бар сари он тавофуқ карда буданд, барои "Газпром" бисёр болост.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/1388-turkmaniston-intikoli-goz-ba-russiyaro-az-sar-megirad.html