01:44:59 29-уми Майи 2025 сол

Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари мудирони Бонки Исломии Рушд

22 майи соли 2025 дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар мизи мудаввари мудирони кишварии БИР иштирок ва суханронӣ намуд.

6_vaziri_rushdi_iqtisod_658945445Завқизода З. А. ба роҳбарияти БИР барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ минатдорӣ намуда, қайд кард, ки тибқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диверсификатсияи иқтисодӣ бо роҳи рушди сабз, инноватсия ва рақамикунонӣ ва неруи инсонӣ яке аз афзалиятҳои асосӣ муайян гардидааст.

Таъкид гардид, ки татбиқи Стратегияи нави БИР дар бораи устуворӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим барои солҳои 2026–2035 ва маблағҳои он ба ҳадафу афзалиятҳои рушди кишварҳои аъзо, аз ҷумла иқтисоди сабз, таъмини амнияти озуқаворӣ, инфрасохтори ирригатсионӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

Вазирони кишварҳои аъзои БИР дар баромадҳои худ таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

www.medt.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ