16:24:20 02-уми Августи 2025 сол

Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди бозори меҳнат: имкониятҳо ва дурнамо барои сиёсати шуғли муассир дар Tоҷикистон

25 июли соли 2025 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди як рӯйдоди таърихӣ гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин ташаббус бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, мавқеи стратегии Тоҷикистонро дар масири ҳамгироии технологияи нав ва рушди устувор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ собит намуд.

2 umed murodzoda 5542154Рақамикунонии бозори меҳнат дар шароити муосир як раванди муҳими гузариш ба модели иқтисоди рақамӣ ба шумор меравад. Ин раванд бо татбиқи зеҳни сунъӣ шиддат гирифта, имконият медиҳад то равандҳои бақайдгирии корҷӯён, таҳлили пешниҳод, талабот ба касбҳо ва ҳатто тарҳрезии тадбирҳои муассири шуғлсозӣ ба таври дақиқ ва самаранок амалӣ шаванд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун як системаи худомӯз ва қобили таҳлил, метавонад шабакаҳои муносибатҳои корфармо ва корҷӯро идора намояд, профилҳои рақамии корҷӯёнро таҳлил ва ба онҳо ҷойҳои кории мувофиқ пешниҳод намояд. Масалан, дар Сингапур низоми миллӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ ҳар як кормандро дар асоси малакаҳо ва таҷрибаи корӣ ба курсҳои бозомӯзӣ ва ҷойҳои нави корӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар Канада ва Нидерландия низоми зеҳни сунъӣ барои таҳияи сенарияҳои гуногуни рушди бозори меҳнат ва мутобиқсозии барномаҳои омӯзишӣ истифода бурда мешавад.

Дар асоси таҳлили раванди ташаккули технолгияҳои рақамӣ дар солҳои охир пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки дар даҳсолаи минбаъда зеҳни сунъӣ ба як нерӯи асосии тағйирот дар соҳаҳои гуногун табдил ёфта, бо суръати бесобиқа ба бозори меҳнат ворид мегардад.

Таҷрибаҳои муваффақи як қатор кишварҳои пешрафта (аз ҷумла ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва Чин) нишон медиҳанд, ки воридсозии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ, самаранокии бештар ва муҳити таҳаввулёфтаи меҳнат мегардад.

Таърихан, автоматикунонии меҳнат дар асрҳои XVIII–XX дар Аврупо ва ИМА сарчашмаи дигаргуниҳои куллӣ гардид. Бо ҷорӣ шудани мошинҳо дар корхонаҳо, як қисмати ҷойҳои кории дастӣ барҳам хӯрд, аммо, ҳамзамон ҷойҳои нави баландихтисос дар муҳандисӣ, идоракунӣ ва хизматрасонӣ пайдо шуданд.

Кишварҳое, ки сари вақт ба ин раванд мутобиқ гаштанд ва аҳолиро барои касбҳои нав омода карданд, дар тӯли чанд даҳсола ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил ёфтанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки воридсозии технологияи нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, як амали ногузир ва манфиатовар барои рушди иқтисодӣ ва шуғли аҳолӣ мебошад.

Имрӯз, татбиқи зеҳни сунъӣ дар бозори меҳнат метавонад имкониятҳои зерро фароҳам орад:

1. Автоматикунонии корҳои такрорӣ ва зиёд намудани самаранокӣ.

Зеҳни сунъӣ метавонад вазифаҳои маъмурии одӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳо ва ҳатто муҳокимаи ибтидоии довталабонро автоматӣ гардонад, ки ин боиси сарфаҷӯии вақт ва захираҳо мегардад.

2. Таҳлили маълумот барои қабули қарорҳои асоснок.

Системаҳое, ки бо зеҳни сунъӣ кор мекунанд, метавонанд вазъи бозори меҳнатро ба таври дақиқ таҳлил намуда, пешгӯиҳои воқеӣ барои сиёсати шуғл пешниҳод кунанд.

3. Имкониятҳои фарохи омӯзиш ва бозомӯзии рақамӣ.

Бо истифода аз зеҳни сунъӣ платформаҳои интерактивии омӯзишӣ таҳия мешаванд, ки барои бозомӯзии кормандон дар муҳити рақамӣ хеле муассир мебошанд.

4. Фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ дар бахшҳои IT, роботсозӣ, таҳияи алгоритмҳо ва муҳандисии рақамӣ.

Зеҳни сунъӣ, инчунин, дар таҳлили омори бозори меҳнат, пешгӯии равандҳо ва шаклгирии сиёсати фаъоли шуғл нақши калидӣ дошта метавонад. Низоми пешгӯии рақамӣ метавонад талабот ба касбҳои навро барои 5–10 соли оянда муайян созад. Бо истифода аз зеҳни сунъӣ метавон самаранокии барномаҳои бозомӯзиро арзёбӣ ва дар таҳияи барномаҳои миллӣ оид ба шуғл маълумоти асоснок пешниҳод кард.

Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта мешавад. Пешбурди қатъномаи марбут ба зеҳни сунъӣ дар сатҳи СММ гувоҳи ҷиддияти сиёсати давлатӣ дар ин самт мебошад.

Бо дарназардшти гуфтаҳои боло, барои ворид намудани зеҳни сунъӣ ба сиёсати шуғл ва бозори меҳнат андешидани тадбирҳои зерин ба манфиати кор мебошад:

- Таҳияи "Харитаи роҳ" оид ба рақамикунонии бозори меҳнат бо воридсозии зеҳни сунъӣ;

- Бунёди маркази таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳнӣ сунъӣ ва рақамикунонии бозори меҳнат;

- Ташкили барномаҳои бозомӯзии миллӣ бо истифодаи платформаҳои онлайнӣ;

- Густариши ҳамкориҳо бо давлатҳо ва созмонҳои пешрафта барои ҷалби таҷриба ва сармоягузорӣ.

Тазаккур бояд дод, ки ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар бозори меҳнат дигар интихоби ихтиёрӣ нест, балки зарурати стратегӣ ва таърихист. Зеҳни сунъӣ на танҳо як воситаи технологӣ, балки василаи ташаккулдиҳандаи сиёсати шуғл ва рушди устувор мебошад. Аз ин рӯ, бо татбиқи пайгиронаи тадбирҳои болозикр Тоҷикистон метавонад ба як кишвари намунавӣ дар самти ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар бозори меҳнат табдил ёфта, на танҳо ниёзҳои дохилии худро қонеъ намояд, балки барои рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ низ саҳми назаррас гузорад.

Умед Муродзода, муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

www.mehnat.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ