21:48:49 08-уми Августи 2025 сол

Вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ

Санаи 8-уми августи соли ҷорӣ, дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Алибек Куантыров баргузор гардид.

4 tajikistan qazakhstan 1212655654Зимни мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории сармоягузории дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои такмил додани фазои сармоягузорӣ, тақвияти заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои мустақими доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишварро муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда омодагӣ доранд ва иҷрои тавофуқоти ҳосилшударо, ки ба таҳкими шарикии иқтисодӣ равона шудаанд, устуворона ҷонибдорӣ мекунанд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчунин ҷониби Қазоқистонро барои иштироки фаъолона дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2025», ки рӯзҳои 14–16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Ҷониби Қазоқистон омодагии худро барои иштирок дар сатҳи баланд дар ин чорабинӣ изҳор намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро фурсати муносиб барои шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар арзёбӣ кард.

www.investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854