21:50:33 08-уми Августи 2025 сол

Баргузории ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

Бо талошҳои пайгирона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосимҷомарт Кемелевич Тоқаев ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар тӯли солҳои зиёд дар рӯҳияи эътимоди мутақобила, эҳтиром ва гуфтугӯи созанда рушд карда, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд ва заминаи устувор ва боэътимодро барои густариши ҳамкории фарогир дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг ва гуманитарӣ фароҳам овардааст.

5 tajikistan qazakhstan 121245655654Санаи 8-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Скляр Роман Василевич ва иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои боз ҳам густариш додани равобити мустақими тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни субъектҳои соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ, дастгирии фаъолонаи иқдом ва ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар баён намуда, таваҷҷуҳи махсусро ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таъсиси сохторҳои устувор ва дарозмуддати ҳамкорӣ ва шарикии иқтисодӣ, ташкили платформаҳои муосири сармоягузорӣ, рақамисозии равобит, инчунин густариши имкониятҳои логистикӣ ва инфрасохтор равона карданд.

Зимни ҷаласа ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби ҳамраисони Комиссияи мазкур ба роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии ҳарду ҷониб дастуру супоришҳо дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2024, ҳаҷми савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1,3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 — 144,5 миллион доллар ё 12,6 фоиз зиёд мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.

Дар соли 2024 ҳаҷми умумии воридоти сармоягузорӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 217,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2023 — 5,5 миллион доллар ё 2,5 фоиз бештар мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми сармоягузории мустақим 15,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 — 3,5 миллион доллар ё тақрибан 30 фоиз зиёд аст.

Ин тамоюлҳои мусбат натиҷаи маҷмӯи саъйҳои муштарак, аз ҷумла дар доираи татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкориҳои фаъоли доираҳои тиҷоратии ду кишвар мебошанд.

Аз натиҷаи ҷаласа ҷонибҳои протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

www.investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854