08:18:55 05-уми Июни 2025 сол

ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2009

Қазияи миёни давлати Тоҷикистон ва Сандуқи Байналмилалии Пул, анҷоми умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1, кашидани хутути барқи “Ҷануб-Шимол”, эҳдоси тунели Шар-Шар, коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон, тағйироти кодрӣ дар тими иқтисодии кобинаи Тоҷикистон аз таҳаввулоти муҳимми иқтисодии соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд. Ҳамкорамон Искандари Фирӯз дар бораи натоиҷи соли 2010 дар бахши иқтисоди Тоҷикистон бо Доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик ва Фирӯз Саидов, пажӯҳишгари Маркази мутолеъоти истротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, сӯҳбате анҷом додааст, ки фишурдаи онро дар зер мехонед:

 

Доктор Умаров, ба назари Шумо, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар бахши иқтисод чи дастоварде дошт?

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Иҷрои чанд тарҳ, бавижа дар бахши иртибототро, метавон ба унвони таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти иқтисодии кишвар арзёбӣ кард, ки дар оянда барои рушди иқтисодии кишвар мусоъидат хоҳад кард. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани хутути интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол”, анҷоми марҳилаи асосии бозсозии роҳи утумубилрави Душанбе-Чаноқ ва эҳдоси тунели Шар-Шар аз лиҳози аҳаммияти зербаноӣ боъиси таҳсин аст.

 

Вале, дар маҷмуъ, куллияи иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ таҳти фишори паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ қарор дошт. Ба ин далел, мизони рушди шохисҳои иқтисодӣ дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта то 2,5 маротиба пойинтар аст. Ба унвони мисол, дар 11 моҳи соли ҷорӣ мизони рушди тавлидоти нохолиси кишвар муъодили 3,1 дарсад аст. Соли 2008 ин рақам муъодили 7,1 дарсад буд.

 

Дар соли ҷорӣ нерӯгоҳи Сангтӯда-1 мавриди истифодаи комил қарор гирифт. Оқои Саидов, оё ин амрро низ метавон аз дастовардҳои иқтисодӣ дар соли ҷорӣ унвон кард?

 

Фирӯз Саидов: Поёни умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 воқеъан таҳаввулоти ҷиддие дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон аст. Зеро бо сохтмони ин нерӯгоҳ тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт. Ҳарчанд бархе аз мушкилот дар заминаи мизони саҳмияҳо ва ба ин далел бидеҳкор шудани ширкати “Барқи тоҷик” вуҷуд доранд.

 

Гузашта аз ин, дар соли ҷорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар сохтмони даҳҳо нерӯгоҳи кӯчаки обӣ анҷом ёфт, ки низ ба беҳбуди вазъи таъмини барқ барои сокинони кишвар мусоъидат кард.

Вақте аз паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сӯҳбат мекунем, мехостам таъкид кунам, ки дар бархе аз маворид ин амр таъсири мусбат низ дорад. Аз ҷумла, бо дарназардошти ин паёмадҳо, дар соли ҷорӣ бахши кишоварзии Тоҷикистон рушди қобили мулоҳизае дошт.

 

Ба унвони мисол, метавон гуфт, ки маҳз ба ин далел, дар соли ҷорӣ анвоъи мухталифи тавлидоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

 

Доктор Умаров, шумо мувофиқ ҳастед, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тавлидоти кишоварзӣ тибқи иттилоъи Кумитаи омор то 16 дарсад афзоиш ёфтааст? Зеро вақте вориди бозорҳо мешавед, танҳо афзоиши қимати маводдро мушоҳида мекунед.

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Воқеъан, тибқи омори расмӣ дар соли ҷорӣ мо коҳиши тавлидоти санъатӣ дар ҳаҷми 7,4 дарсадро мушоҳида мекунем. Аммо дар бахши кишоварзӣ вазъ беҳтар аст. Зеро, дар 11 моҳ рушди 10,4 дарсадро дар ихтиёр дорем. Ва бояд гуфт, ки дар як моҳи ахир ин омор тағйири ҷиддие нахоҳад ёфт, зеро дар ин моҳи сардӣ ҳатто тухми паранда ва шири гов низ кам мешавад.

 

Вале воқеъан муъаммо ин аст, ки бо эъломи афзоиши тавлидоти кишоварзӣ дар бозорҳо танҳо қиматҳо афзоиш меёбанд. Яъне метавон хулоса кард, ки мизони изофии тавлидоти кишоварзӣ ба бозор ворид намешавад, вагарна баҳои он низ бояд коҳиш меёфт.

 

Чун мизони рушди ҷамъияти Тоҷикистон муъодили 2,3-2,5 дарсад аст, дар сурати афзоиши воқеъии 16 дарсадии тавлидоти кишоварзӣ, коҳиши қимати он дар бозорҳо бояд мушоҳида мешуд.

 

Пас, чаро қимати тавлидоти кишоварзӣ пойин нарафт?

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Ба баъзе аз омори расмӣ ман чандон эътимод надорам. Маъмулан, омори расмӣ дар мавриди тавлидоти кишоварзӣ, ба ҷуз аз панба, чандон саҳеҳ нест.  Ман дар ин бора зиёд сӯҳбатҳо доштам ва баъд аз интиқод аз Кумитаи омор дар заминаи ироаи иттилоъи носаҳеҳ дар бораи мизони тавлидоти себзаминӣ (картошка) дар Тоҷикистон, ин ниҳод дар ниҳоят омори дурусте мунташир кард.

 

Дар гузашта эълом шуда буд, ки солиёна дар ин кишвар ҳудуди 670 ҳазор тун себзаминӣ тавлид мешавад. Ҳамакнун гуфта меашвад, ки ин рақам ҳудуди 350 ҳазор тун аст.

 

Бо ин вуҷуд дар соли ҷорӣ мизони тавлиди панба, яке аз колоҳои аслии содиротии кишвар ба гунаи солҳои гузашта тамоюл ба коҳиш дошт. Оқои Саидов, фикр мекунед, чаро ин тур шуд?

 

Фирӯз Саидов: Ҳатто бо дарназардошти интиқодот аз парвариши панба, бояд гуфт, ки дар сурати ба даст овардани ҳосили хубе он барои кишоварзон судовар аст. Зеро, дар замони шӯравӣ, дар муқоиса бо бархе аз анвоъи зироъат панбакорӣ то 15 маротиба суди бештаре дошт. Вале ҳоло зироъати панба барои кишоварзони тоҷик дар бештаре аз маворид зараровар аст. Яке аз далоили ин амр озод набудани кишоварзон дар мавриди интихоби навъи зироъат аст. Ҳарчанд эълом шуда, ки кишоварзон дар интихоби зироъат озод ҳастанд.

 

Аз сӯйи дигар, системи обёрӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст, фарсуда шуда, обҳои зеризаминӣ вазъи қитъаҳои замини кишоварзонро бадтар месозад. Дар ниҳоят ин амр ба коҳиши мизони ҳосили панба мунҷар мешавад. Иллати дигари ин амр бидеҳкории кишоварзон аст.

 

Вале дар соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон эълом кард, ки ҳудуди 450 милюн дулор бидеҳиҳои кишоварзон аз ширкатҳои ба истилоҳ фючерсиро муъоф кардааст. Оё ин амр ба рушди кишоварзӣ мусоъидат накард?

 

Фирӯз Саидов: Дуруст аст, вале ин куллияи бидеҳиҳои кишоварзон нест. То замоне, ки вазъи замин беҳбуд наёбад, ба даст овардани ҳосили баланди панба дар Тоҷикистон ғайримумкин аст.

 

Бармегардем ба мавзӯъи қиматҳо дар бозорҳои Тоҷикистон. Дар соли ҷорӣ баҳои маводди сӯхт дар бозорҳои ҷаҳонӣ бамаротиб коҳиш ёфт, вале дар Тоҷикистон баръакс боло рафт. Оқои Умаров, Шумо ин тазоддро чи гуна арзёбӣ мекунед?

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Мутаассифона, дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир мушоҳида мешавад, ки агар дар биржаҳои хориҷӣ баҳои нафт боло рафт, рӯзи дигар қимати бензин дар мо баланд мешавад, вале агар баҳои он дар бозорҳои хориҷӣ пойин рафт, коҳиши арзиши ин маводд дар Тоҷикистон ба чунин зудӣ тағйир намеёбад.

 

Мушкил ин аст, ки ҳарчанд шояд ҳудуди то 70 ширкат машғули ворид кардани маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон аст, вале 80 дарсади ин бозор аз сӯйи 5-6 ширкат кунтрул мешавад.

 

Бояд гуфт, ки ин ширкатҳо бо бархе аз мақомоти баландпояи кишвар низ робитаҳое доранд ва дар ин тиҷорат манофеъи онҳо низ ба инобат гирифта мешаванд. Ба ин далел дар бозори маводди сӯхти Тоҷикистон мо танҳо фаъолияти инҳисориро (монополиро) мушоҳида мекунем.

 

Оқои Саидов, Шумо низ бо ин назар мувофиқ ҳастед?

 

Бале, ҳарфҳои устод Умаров воқеъият доранд. Ва мутаассифона, болоравии қимати маводди сӯхт ба афзоиши баҳои куллияи колоҳо ва мавод дар бозорҳо таъсир мекунад ва дар соли ҷорӣ мо ин амрро мушоҳида мекардем. Дар гузашта дар Тоҷикистон Кумитаи зидди инҳисор фаъол буд, ки ҳоло ба як бахше дар Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат табдил шуда ва фаъолияти он назаррас нест.

 

Дар чанд соли ахир коршиносон аз тими иқтисодии кобинаи Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекунанд. Дар соли ҷорӣ Президент Раҳмон дар ин замина тағйироте роҳандозӣ кард. Аз ҷумла вузарои рушди иқтисод ва тиҷорат, вазири нақлиёт ва иртиботот аз симатҳои худ барканор шуданд. Оё ин тағйирот умедворкунанда аст?

 

Фирӯз Саидов: Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ собит кард, ки бештари мақомоти тоҷик, бавижа аз тими иқтисодӣ, барои ифои вазифа дар чунин шароит омода нестанд. Дар авоили сол, бархе аз аъзои ин тим ҳатто изҳор доштанд, ки бӯҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон таъсире нахоҳад дошт.

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Ҷолиб ин аст, ки Ғуломҷон Бобозода, вазири собиқи рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ки чунин ҳарфҳоро мегуфт, ҳоло дар бораи паёмадҳои ин бӯҳрон ба иқтисоди кишвар китобе таълиф кардааст. Аслан, ман бар ин назарам, ки оқои Бобозода бо фаъолияти худ ба иқтисоди кишвар он қадар хисороте ворид кардааст, ки ӯро метавон ҳатто ба додгоҳ кашид.

 

Фаъолиятҳои вай мухолифи амнияти миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло, мутмаинам, ки вазири ҷадиди иқтисод барномаи тозае барои раҳоии Тоҷикистон аз бӯҳронро таҳия хоҳад кард ва дар соли нав мо пешниҳодҳои давлатро барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои бӯҳрон хоҳем дид.

 

Дар авоили соли ҷорӣ Сандуқи Байналмилалии Пул ба далели ироаи иттилоъоти носаҳеҳ аз давлати Тоҷикистон хост эътиборотеро, ки гирифта буд, қабл аз мӯҳлат бозгардонад. Дар ниҳоят рӯшан шуд, ки дар ин амр Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ ва феълан муъовини нахуствазири Тоҷикистон, даст доштааст. Фикр намекунед, ин қазия ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон латма ворид карда бошад?

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Албатта, ин қазия барои Тоҷикистон бетаъсир набуд. Зеро, дуруғгӯйӣ ба суди ҳеҷ кишваре нест. Вале бояд иқрор шуд, ки дар ин қазия худи масъулони СБП низ муқассир ҳастанд. Зеро, иттилоъоти носаҳеҳ нахуст аз дафтари СБП дар Душанбе ба бахши кишварҳои Осиёи Марказии ин созмон ироа мешуд. Онҳо дар бораи ин итилоъоти носаҳеҳ огоҳ буданд. Ба ин далел, нахуст ин масъулони СБП аз симатҳои худ барканор шуданд ва сипас иддаъои ин созмон ба давлати Тоҷикистон ироа шуд.

 

Фирӯз Саидов: Дуруст аст, ки ин қазия ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон зарбаи сахте буд. Аз сӯйи дигар, дар пайи ҳамкорӣ бо СБП Тоҷикистон дар чанд соли ахир худ мувоҷеҳи хисороти бузурге шудааст.  Ба ин далел, ҳоло давлати Тоҷикистон бояд дар заминаи наҳваи ҳамкорӣ бо ин созмон таҷдиди назар кунад. Зеро на ҳама аз машваратҳои ин созмон барои рушди иқтисоди Тоҷикистон судовар аст.

 

Чун дар мавзӯъи СБП сӯҳбат кардем, дар соли ҷорӣ мизони бидеҳиҳои хориҷии Тоҷикистон то як милёрду 400 милюн дулор афзоиш ёфтааст. Оқои Умаров, фикр намекунед, ин амр хатароте дар пай дошта бошад?

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Қарз новобаста аз ҳаҷми он ба иқтисоди кишвар зараровар аст. Ҳоло мизони қарзҳои давлати Тоҷикистон ба 30 дарсади мизони тавлидоти нохолиси миллӣ наздик аст. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, барои кишваре чун Тоҷикистон ин ҳадди ниҳоӣ аст ва афзоиши аз ин бештари бидеҳиҳо метавонад паёмадҳои номатлубе дар пай дошта бошад. Гузашта аз ин, бояд иқрор шуд, ки шеваи истифода аз ин эътиборот ҳамчунон ғайримуассир боқӣ мондааст. Агар иқтисоди қавие медоштем, ин амр чандон нигаронкунанда набуд.

 

Ба эътиқоди бархе соҳибназарон коҳиши мизони маблағҳои муҳоҷирони тоҷик аз мушкилоти умдаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ будааст. Тибқи омори расмӣ, дар муқоиса бо соли гузашта ин мизон ҳудуди 35 дарсад коҳиш ёфтааст. Оқои Саидов, Шумо чи фикр мекунед? Ин амр ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ паёмадҳое дошт?

 

Фирӯз Саидов: Дар авоили соли ҷорӣ коршиносон ба далели коҳиш ёфтани мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон аз эҳтимоли бурузи бӯҳрони ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва ҳатто сиёсӣ ҳушдор медоданд. Вале, хушбахтона, ин тавр нашуд.

 

Бояд бигӯям, ки воқеъан дар соли 2008 мизони баландтарини интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон мушоҳида шуда буд. Вале мизони соли ҷорӣ муъодили мизони соли 2007 аст ва ба ин далел чунин коҳишро ба унвони хисороти ҳангуфте ба иқтисоди кишвар наметавонем арзёбӣ кунем.

 

Маркази мутолеъоти истротежики давлати Тоҷикистон пажӯҳише анҷом дод, ки бар мабнои он, агар соле қабл муҳоҷирон 50 дарсади маъоши худро барои бароварда сохтани ниёзи хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон мефиристоданд, пас дар соли ҷорӣ онҳо 70 дарсади ҳуқуқи худро ба ватан интиқол медиҳанд. Яъне онҳо барои зиндагии худ дар муҳоҷират маблағи камтаре масраф мекунанд. Аммо ин амр то андозае нигаронкунанда аст, зеро дар маҷмӯъ ба вазъи саломатии муҳоҷирон таъсири баде хоҳад гузошт.

 

Аз соли оянда дар бахши иқтисоди Тоҷикистон чӣ умедвориҳое доред? Вазъ беҳтар мешавад ё хайр? Ва чи замоне мо аз паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ раҳо меёбем?

 

Фирӯз Саидов: Фикр мекунам, ки вазъ беҳтар мешавад. Зеро дар соли ҷорӣ мо то андозае наҳваи муқобала бо паёмадҳои ин бӯҳронро омӯхтем ва барои пешрафт дар оянда омода ҳастем. Тими иқтисодии давлати Тоҷикистон бояд иштибоҳҳои худро биёмӯзад ва барномаи ҷадиди ҷилавгирӣ аз паёмадҳои ин бӯҳронро таҳия кунад.

 

Вале бархе аз коршиносони хориҷӣ ҳушдор медиҳанд, ки паёмадҳои ин бӯҳрон дар иқтисоди Тоҷикистон маҳз дар соли 2010 бештар маҳсус хоҳад буд. Шумо, оқои Умаров, бо ин назар мувофиқ ҳастед?

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Ба эътиқоди ман, Тоҷикистон паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиро метавонад танҳо дар соли 2011 рафъ созад. Вале вазъи иқтисодӣ дар соли оянда хубтар хоҳад шуд.

 

Мо бо наҳваи танзим ё идораи бӯҳрон ошно шудем ва истифода аз он шароитро барои коҳиши таъсири манфии он фароҳам месозад. Бо ин вуҷуд, мизони рушди тавлидоти нохолиси миллӣ дар соли 2010 ҳудуди чаҳор дарсад боқӣ хоҳад монд. Аз посухҳоятон сипосгузорам ва фарорасии соли нави мелодиро бароятон шодбош мегӯям.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/1429-iktisodi-tojikiston-dar-soli-2009.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854