ТАВОФУҚОТИ АХИРИ “ТОҶИКГАЗ" ВА “ӮЗТРАНСГАЗ”
Ширкати “Тоҷикгаз" қасд дорад дар соли оянда аз Ӯзбакистон 250 милюн метри мукаъаб гоз ба Тоҷикистон ворид кунад. Масъулони ширкати "Тоҷикгаз" гуфтаанд, ки ин тавофуқ бар асоси санаде, ки онҳо бо ҳамтоёни худ аз ширкати "Ӯзтрансгаз" дар ҳафтаи гузашта ба имзо расонданд, ба даст омадааст.
Шавкат Шоимов, муъовини аввали раиси ширкати "Тоҷикгаз", ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта як ҳайъати тоҷикистонӣ таҳти раҳбарии Заробиддин Файзуллоев, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба Ӯзбакистон сафар карда буд. Ба гуфтаи оқои Шоимов, дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон, Саидмаммад Шарофиддинов, раиси ин ширкат ва Эркин Вагапов, раиси ширкати "Ӯзтрансгаз" санадеро ба имзо расонданд, ки бар асоси он Тоҷикистон аз Ӯзбакистон дар соли оянда 250 милюн метри мукаъаб гоз ворид хоҳад кард.
Ин масъули ширкати “Тоҷикгаз" мегӯяд, ки қимати гозе, ки соли оянда аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз қимати ин маводди сӯхтӣ дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ хоҳад дошт. Оқои Шоимов афзуд: “Қимати дақиқи гози Ӯзбакистон барои Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2010 мушаххас хоҳад шуд. Аммо қимати гози воридшуда аз қимати гоз дар бозори ҷаҳонӣ болотар нахоҳад буд.”
Ҳамчунин ба гуфтаи ин масъули ширкати "Тоҷикгаз" наҳваи ворид шудани гоз аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба пардохти бамавқеъи қимати он вобаста хоҳад буд.
Дар соли ҷорӣ қимати гози Ӯзбакистон барои Тоҷикистон 240 дулор барои як ҳазор метри мукаъаб буд. Дар солҳои гузашта ширкати "Тоҷикгаз" ба Ӯзбакистон барои ворид кардани гоз бидеҳкор мешуд ва "Ӯзтрансгаз" интиқоли гоз ба ин кишварро мутавақиф мекард. Аммо бо пардохти бидеҳиҳои ширкат интиқоли гозро аз сар мегирифт.
Ин дар ҳолест ки оқои Шоимов мегӯяд то ҳол бисёре аз корхонаҳо ва муассисот дар Тоҷикистон аз ширкати “Тоҷикгаз" бидеҳкор ҳастанд. Оқои Шоимов ба увнони мисол аз ду корхона дар устони Суғд ёдовар шуд.
Ба гуфтаи вай корхонаҳои “Лаъл” ва “Сомонсуғдгаз” барои истифода аз гоз ҳудуди ду милюн дулор ба ширкати ""Тоҷикгаз" бидеҳкор ҳастанд ва вай афзуд, ки дар соли оянда “наҳваи истифодаи корхонаҳо аз гоз дар ин кишвар тағйир хоҳад ёфт."
Муъовини раиси ширкати "Тоҷикгаз" гуфт: "Ширкат танҳо ба корхонаҳое, ки ба онҳо маблағи заруриро пешпардохт мекунанд, гоз интиқол хоҳад дод.” Дар ҳамин ҳол, бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе, ки дар манозили онҳо лӯлаҳо ва таҷҳизоти гоз ҳаст, мегӯянд, ки аз муддатҳо қабл аз гоз истифода намекунанд. Зеро аз чанд моҳ пеш интиқоли гоз ба манозили онҳо мутаваққиф шудааст.
Ба гуфтаи иддае дигар аз сокинон, ки дар маҳаллоти ҳумаи шаҳр ба сар мебаранд, интиқоли гоз ба манозили онҳо аз чанд сол пеш ба ин сӯ мутаваққиф шудааст. Ин дар ҳолест ки масъулони ширкати “Тоҷикгаз” аз он шикоят мекунанд, ки бархе аз сокинон қимати истифода аз гозро тайи солҳои тӯлонӣ пардохт намекунанд. Вале ба гуфтаи коршиносон, теъдоди зиёди сокинон дар шаҳрҳои бузург тавони пардохти қимати гозро ба сабаби камбизоъатӣ надоранд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/1433-tavofuqoti-akhiri-qtojikgazq-va-quztransgazq.html