ҲАМРАЛИЕВ: "БУҲРОН ТО ДУ СОЛИ ДИГАР БОҚӢ ХОҲАД БУД"
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар дар соли 2010 низ паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиро эҳсос хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, танҳо пас ду соли оянда шароит барои берун омадани Тоҷикистон аз вазъи бӯҳронӣ фароҳам хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи Кумитаи омори Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд, Тоҷикистон дар канори чанд кишвари дигари узви ин иттиҳодия аз ин бӯҳрон камтар осеб дидааст. Вале Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ахиран дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки дар соли 2009 ин кишвар аз паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сахт осеб дидааст. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки танҳо дар пайи пойин рафтани баҳои олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ ин кишвар ҳудуди 400 милюн дулор хисорат дидааст.
Ин изҳороти оқои Ҳамралиев дар ҳоле садо дод, ки дар гузашта гузориш шуда буд, ки ширкати “Талко”, танҳо корхонаи тавлиди олуминиюм дар Тоҷикистон, солиёна ба буҷети ин кишвар ҳудуди 70 милюн дулор молиёт пардохт мекунад. Аз сӯйи дигар, Шариф Раҳимзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон, дар оғози ҳафтаи ҷорӣ эълом кард, ки аз авохири соли гузашта баҳои олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ аз 1700 то ба 2300 дулор боло рафтааст.
Президент Раҳмон низ дар гузашта изҳор дошта буд, ки дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ иқтисоди Тоҷикистон милёрдҳо сомонӣ хисорат бардоштааст. Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуъотӣ хабар дод, ки ҳоло давлати Тоҷикистон барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ тадобире рӯйи даст гирифтааст ва интизор меравад натоиҷи он дар солҳои 2011-2012 шароитро барои берун омадани кишвар аз бӯҳрон фароҳам кунад.
Созмонҳои молии байналмилалӣ низ бар ин боваранд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон, сахт бастагӣ дорад. Ҳарчанд ин ду кишвар изҳор доштаанд, ки дар соли ҷорӣ иқтисоди онҳо рӯ ба афзоиш аст, вале иқтисоддонҳо ҳушдор медиҳанд, ки тавсеъаи иқтисодии Русия ва Қазоқистон дар соли 2010 чандон чашмрас нахоҳад буд.
Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Ҳамралиев, дар соли гузашта мизони рушди тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон ҳудуди 3,4 дарсад будааст. Ҳарчанд ин рақам дар муқоиса бо чанд соли қабл ба таври қобили мулоҳизае пойин рафтааст, вале ба гуфати вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар шароити бӯҳронӣ ин рақам чандон бад нест.
Зимнан, Кумитаи омори Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд эълом дошта, ки Тоҷикистон дар канори Ӯзбакистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон, кишварҳои дигари узви ин созмон, аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ камтар осеб дидааст. Рушди шохисҳои иқтисодии Тоҷикистон умдатан аз афзоиши тавлидоти кишоварзӣ ва тиҷорат дар дохили кишвар ба даст омадааст. Аз ҷумла, дар соли гузашта рушди беш аз даҳдарсадии тавлидоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
Вале ба гуфтаи оқои Ҳамралиев, бахши саноеъи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамчунон дар ҳоли коҳиш қарор дошта ва дар муқоиса бо як соли пеш дар ин кишвар ҳашт дарсад камтар маҳсулот тавлид шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/iqtisod/1630--q-q.html