ТАЛОШИ БОНКИ МИЛЛӢ БАРОИ НАҶОТИ “СОҲИБКОРБОНК”
Бонки миллии Тоҷикистон идораи муваққати “Соҳибкорбонк”-ро ба ӯҳда гирифтааст. Гуфта мешавад ин тасмим ба манзури ҷилавгирӣ аз муфлисшавии ин муассисаи молӣ гирифта шудааст. Тибқи иттилоъи Бонки Миллӣ (БМ), фаъолияти “Соҳибкорбонк” дар соли гузашта зиёновар будааст.
Маркази матбуъотии Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 11 феврал хабар дод, ки ахиран раёсати БМ тасмим гирифтааст, ки барои шаш моҳ идораи муваққат дар “Соҳибкорбонк”-ро роҳандозӣ кунад. Ба ин тартиб, коршиносони Бонки Миллӣ талош мекунанд, ки дар ин муддат фаъолияти “Соҳибкорбонк”-ро муассир созанд. Дар сурати адами муваффақият, муҷаввизи “Соҳибкорбонк” бозхонда хоҳад шуд. Зеро ба гуфтаи манобеъи маркази матбуъотии Бонки Миллӣ, вазъи молии “Соҳибкорбонк” нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Манобеъи дафтари аслии “Соҳибкорбонк”, ки дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, воқеъ аст, таъйид карданд, ки идораи муваққатии Бонки Миллӣ дар ин бонк фаъол шудааст. Ҳамакнун куллияи умури идорӣ дар ин бонк ба масъулони Бонки Миллӣ супурда мешавад, вале ҳамзамон кормандони қаблӣ низ фаъолияти худро идома медиҳанд. Агарчӣ ҳаққи тасмимгирӣ ба ҳайъати мудираи муваққатӣ вогузор шудааст.
Зимнан, “Соҳибкорбонк” соли 1999 ба унвони бонки хусусӣ таъсис шуда буд. Соли 2006 ҳудуди 75 дарсади саҳмияҳои ин муассисаи молӣ аз сӯйи “АТFБонк”, як муассисаи молии қазоқистонӣ, харидорӣ шуд. То ҳол мудирияти “Соҳибкорбонк” аз сӯйи намояндаи бонки “АТFБонк” раҳбарӣ мешуд. Вале ба гуфтаи манобеъи Бонки миллии Тоҷикистон, эҳтимол дорад дар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки бар низоми бонкии Қазоқистон асароти номатлубе гузошт, “Соҳибкорбонк” низ бо мушкилоте рӯбарӯ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки “Соҳибкорбонк” нахустин бонке нест, ки Бонки Миллӣ идораи муваққати онро дар даст мегирад. Аз соли 2001 то ҳол Бонки Миллӣ идораи муваққати бонкҳое, назири “Душанбе”, “Айём” ва “Олимпӣ”-ро дар даст гирифта буд. Вале ҳатто роҳандозии ин амр ин бонкҳоро аз муфлисшавӣ наҷот надод ва дар ниҳоят Бонки Миллӣ муҷаввизи фаъолияти онҳоро бозхонд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/iqtisod/1729-2010-02-11-13-55-46.html