01:11:08 03-уми Июни 2025 сол

ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН АСОМИИ САРМОЯДОРОНРО ЭЪЛОМ МЕКУНАД

Вазорати молияи Тоҷикистон дар сойти интерентии худ асомии саҳмиядорони шуморе аз ширкатҳои саҳҳомии ин кишварро интишор додааст. Масъулони ин вазоратхона мегӯянд, ки онҳо батадриҷ куллияи асомии саҳомдорони ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, аз ҷумла ширкатҳои бузургро мунташир хоҳанд кард. Ин иқдом дар чорчӯби қавонини Тоҷикистон анҷом мешавад, вале тибқи қонун, эъломи асомии саҳмиядорони ширкатҳои саҳҳомии "пӯшида" мамнӯъ аст.

 

Дар нахустин гурӯҳи ширкатҳои саҳҳомӣ, ки дар сойти интернетии вазорати молия асомии саҳомдорони онҳо мунташир шудааст, номҳои моликони “Соҳибкорбонк”, ширкатҳои “Бодом”, “Суғдсохтмон”, “Меҳмонхонаи Хуҷанд”, “Тоҷикгидромонтаж”, “Ремстройдормаш” ва “Танаис” мунташир шудаанд.

 

Ба унвони мисол, эълом шудааст, ки 13,16 дарсади саҳмияҳои "Соҳибкорбонк" моли ширкати "Бекнур" аз Қазоқистон ва ҳамин миқдори саҳмияҳо моли ду ширкат аз Суис мебошанд. Ё 75 дарсади саҳмияҳои "Ремстройдормаш" як ширкати саҳҳомӣ дар Душанбе моли Бек Нурматов будааст.

 

Ҷамшед Шерматов, як масъули Вазорати молияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки интишори асомии саҳмиядорони аслии ин ширкатҳо тибқи муқаррароти қонун дар бораи ширкатҳои саҳҳомӣ ва қонун дар бораи “Коғазҳои қиматнок” сурат гирифтааст. Дар соёти Вазорати молия ё дороии Тоҷикистон танҳо асомии нафароне мунташир мешавад, ки беш аз панҷ дарсади саҳмияҳои ширкатҳо молҳи онҳо маҳсуб мешавад.

 

Вай ҳамчунин гуфт, ки ин иқдом бо исрори созмонҳои молии байналмилалӣ сурат мегирад, зеро ба эътиқоди онҳо, эъломи асомии саҳмиядорон шароит барои таъмини шаффофият дар фаъолияти ин ширкатҳо ва арсаи иқтисоди Тоҷикистонро фароҳам мекунад.

 

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи оқои Шерматов, интишори асомии саҳмиядорони ширкатҳои саҳҳомии шакли пӯшида дар назар нест, зеро дар қонунҳои Тоҷикистон зарурати ин амр пешбинӣ нашудааст.

 

Оқои Шерматов дар посух ба ин суол, ки оё асомии саҳмиядорони ширкатҳо ва ниҳодҳои бузург, аз ҷумла “Ориёнбонк” эълом хоҳад шуд ё хайр, гуфт, ки ин бонк як ниҳоди саҳмоии шакли кушода аст ва ба ин далел исми саҳмиядорони аслии ин муассисаи молӣ низ мунташир хоҳад шуд.

 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон дар муассир будани ин иқдом ибрози тардид мекунанд ва мегӯяд баъид аст, ки аз ин роҳ ҷомеъаи Тоҷикистон битавонад бо соҳибони аслии ширкатҳои саҳҳомӣ ошно шавад. Ба гуфтаи профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, бисёре аз ширкатҳои бузурги саҳҳомӣ ба мақомоти бонуфузи давлатие мутаъаллиқанд, ки саҳмияҳои худро ба номи пайвандонашон сабт кардаанд.

 

Профессор Умаров афзуд: “Ман фикр намекунам, ки мо битавонем дар бораи соҳибони куллияи ширкатҳое, ки масалан номи “Сомон”-ро доранд, иттилоъи комил ба даст орем”.

 

Гузашта аз ин, ба эътиқоди оқои Умаров, “ширкатҳои марбут ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон маъмулан ба шакли ширкатҳои саҳҳомии пӯшида сабти ном шудаанд ва ба ин далел қонун низ эъломи саҳомдорони онҳоро мамнӯъ кардааст”.

 

Ин донишманди тоҷик афзуд, ки дар сурати эъломи асомии саҳмиядорони ин ширкатҳо, ҷомеъа ин суолро матраҳ хоҳад кард, ки аз чӣ роҳе мақомоти тоҷик маболиғи ҳангуфтеро ба даст овардаанд?

 

Аз сӯйи дигар, профессор Умаров бар ин назар аст, ки тасмими вазорати молия ба эъломи ҳувияти саҳмиядорони ширкатҳои саҳҳомӣ ба ҳаводиси ахир дар Қирғизистон рабт дорад. Ташаннуҷи авзоъ дар ин кишвари ҳамсояро бархе аз соҳибназарон ба набуди шаффофият дар фаъолияти ширкатҳои бузурги хусусию нимадавлатӣ дар Қирғизистон марбут медонанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2322-2010-05-20-09-43-19.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854