СУҒД: ЗАРДОЛӮИ ХУШКАМОНРО КУҶО БАРЕМ? РУСИЯ НАМЕХАРАД...
Ноҳияи Исфара, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, ки бо боғҳои зардолӯи фаровонаш маъруф аст, аз манотиқи умда барои тавлид ва содироти меваи хушк ба кишварҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ҳамасола мардуми ин ноҳия ба таври қобили таваҷҷуҳе меваи хушк таҳия карда ва маъмулан ба Русияву Қазоқистон содир мекуанд. Бисёре аз онҳо мегӯянд, ки даромади зиндагии онҳо умдатан аз фурӯши зардолӯи хушк фароҳам мешавад.
Вале тасмими ахири мақомоти Русия ба манъи воридоти меваи хушк аз Тоҷикистон дар пайи шуюъи бемории фалаҷи атфол дар ин кишвар бисёре аз содиркунандагони меваи хушк дар вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони Исфараро, нигарон кардааст.
Геннадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия, дар авоили моҳи май бо ишора ба таъйиди чандин мавриди ибтилои кӯдакони тоҷик ба полиомиелит ё фалаҷи атфол, воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро мамнӯъ эълом кард. Ҳарчанд ба гуфтаи масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ҳеч мавриди ибтило ба бемории фалаҷи атфол дар ин вилоят сабт нашудааст, вале моякӯбии густардаи кӯдакон дар ин ҷо низ идома дорад.
Манбаъи даромад
Ҷавоҳир Ҳамдамова, як фурӯшандаи зардолуи хушк ва ё ба истилоҳи маҳаллӣ "қайса" дар бозори Исфара, мегӯяд, ки баъд аз мамнӯъияти воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия шумори муштариёни вай камтар шудааст.
Вай афзуд: "Аз фурӯши зардолӯи хушк ҳафтае 100 сомонӣ (муъодили 22 дулор) даромад меёфтам ва хонаводаро сер мекардам. Ягона манбаъи даромади ман фурӯши қайса (зардолӯи хушк) аст. Ман намедонам дар оянда зиндагиамро чӣ тавр пеш барам? Шавҳарам аз чанд сол пеш ба ин сӯ дар Русия мардикор аст ва аз он ҷо барнамегардад."
Дар беруни бозори марказии шаҳри Исфара дуконҳо ва ё нуқоти қабули зардолӯи хушк ва меваҳои дигар воқеъ шудаанд, вале дарҳои онҳо рӯзи якшанбеи гузашта баста буданд. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ки манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия қимати онро пойин бурдааст.
Ба гуфтаи онҳо, содир нашудани меваи хушк ба Русия мӯҷиб шудааст, ки захираи он дар вилояти Суғд бештар ва харидори он камтар шавад. Дар бозори марказии шаҳри Исфара қимати навъи беҳтари зардолӯи хушк ва ё қайса аз 8 то 15 сомонӣ ё муъодили 2–3 дулор аст, дар ҳоле ки дар гузашта 20-25 сомонӣ ё муъодили 4-6 дулор буд.
Дар ин бозори зардолӯи хушк ва ё қайсафурӯшӣ теъдоде аз ҷавонон ба мардикорӣ машғуланд. Онҳо маъмулан ба корҳои мухталифе, монанди кумак ба боркашонӣ ва ё хариду фурӯши дубораи меваи хушк машғул буданд. Ҳоло онҳо мегӯянд, ки ба далели коҳиши хариди маҳсулот бекор мондаанд.
Яке аз онҳо гуфт: "Бекор мегардем, кор нест, бозор касод шудааст. Агар харидорӣ намоем, ба фурӯш намеравад, мизоҷон ҳам вуҷуд надоранд."
Абдусалом Бобоев, як сокини Исфара, ки дар ин бозор мардикорӣ мекунад, гуфт: "Аз сабаби он ки мизоҷон шарбат ва меваҳои хушкро намехаранд, мо бекор мондем. Ҳама бекоранд, ширкатҳо дарҳояшонро бастаанд."
Як фурӯшандаи ин бозор гуфт: "Баъд он ки Русия воридоти меваи хушки Тоҷикистонро манъ кард, кор нест дар ин ҷо. Акнун ҳама маҷбуранд боз ба Русия мардикорӣ раванд, чӣ кор мекунанд, дигар?"
ҶустуҷӮйи бозорҳои тоза
Амрулло Неъматов, як коршиноси маҳаллӣ дар Исфара, мегӯяд, ки манъи воридоти меваи хушк аз сӯйи мақомоти Русия ба сатҳи зиндагии сокинони Исфара таъсироти амиқе хоҳад гузошт. Ба гуфтаи оқои Неъматов, 90 дарсади даромади сокинони ин шаҳр аз фурӯши меваҳои хушк ба даст меояд: "Тоҷирони Исфара меваҳоро ҳатто аз дигар шаҳру навоҳӣ оварда, дар ин ҷо бастабандӣ ва ба Русия содир мекарданд. Ҳоло ин иқдом сатҳи камбизоъатиро боз боло хоҳад бурд."
Як масъули корхонаи давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар вилояти Суғд гуфт тайи як ҳафтаи ахир аз ин вилоят содироти меваи хушк ба Русия сурат намегирад ва содиркунандагон меваҳоро ҳоло танҳо ба Қазоқистон интиқол медиҳанд. Тоҷире истаравшанӣ, ки ба содироти меваи хушк ба Русия машғул аст, гуфт, ки феълан меваи хушки зиёде дар анбораш захира шуда, вале намедонад бо он чи кунад. Ба гуфтаи вай, дар анбораш чанд нафар соҳиби шуғл буданд, вале ҳоло онҳо бекор нишастаанд.
Ин дар ҳолест ки Ҳоҷӣ Абдурақиб, як содиркунандаи дигари меваи хушк аз шаҳри Хуҷанд, ба ҷустуҷӯйи бозорҳои тоза барои меваҳои хушкаш дар кишварҳои дигар машғул аст: "Намедонам, ҳоло шояд ба Эрон ё ба ягон кишвари урупоӣ содир кунем. Ба ҳар ҳол ҷустуҷӯ дорам."
Тибқи иттилоъи Идораи гумруки вилояти Суғд, дар соли гузашта аз ин вилоят 78,485 тун меваи хушк ба маблағи ҳудуди 24,5 милюн дулор ба кишварҳои хориҷӣ содир шудааст. Вале дар тӯли се моҳи соли равон беш аз 23 ҳазор тун меваи хушк аз шимоли Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ интиқол ёфтааст.
Ин рақам баёнгари афзоиши содироти меваи хушк дар оғози сол аст, вале коршиносон мегӯянд, ки дар пайи манъи воридоти он ба Русия, содироти мева аз Суғд дар тӯли сол мумкин аст нисбат ба соли гузашта бамаротиб коҳиш ёбад.
Алишер Охунов, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2347-2010-05-23-18-08-50.html