02:21:22 03-уми Июни 2025 сол

200 МИЛЛИОН ВАЪДАИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН

Бонки ҷаҳонӣ қасд дорад дар давоми солҳои 2010 то 2013 бештар аз 200 миллион доллар барои иҷрои барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон ихтисос диҳад. Ахиран Шӯрои мудирони ин бонк барномаи роҳбурдии ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ҳадафи ин барнома коҳиши таъсироти манфии бӯҳрони молӣ ба қишри осебпазири ҷомеа ва таъмини рушди устувор унвон шудааст. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки дастовардҳои ками иқтисодии Тоҷикистон бар асари бӯҳрони саросарии молӣ зиёни сахт дидааст.

 

Моту Конишӣ, мудири минтақаии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи марказӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон дар амри ҳимояи мардуми худ аз пайомадҳои бӯҳрони молӣ ба мушкилоти фаровоне рӯбарӯ аст. Ироаи 140 миллион доллари ин маблағи ваъдагӣ тавассути Иттиҳодияи рушди байналмилалӣ ва 62 миллион доллари дигар аз тариқи сандуқҳои дигари молиро дар назар дорад.

 

Мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Моту Конишӣ гуфтааст, Бонки ҷаҳонӣ ба соҳоти бо авлавияти рушди Тоҷикистон, аз ҷумла такмили низоми идорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя кӯмак хоҳад расонд. Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1993 ба Душанбе беш аз ним миллиард долар қарзу кӯмакҳои билоиваз ироа карда, аз кӯмакрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2364-200------.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854