06:38:45 05-уми Июни 2025 сол

ТАРҲҲОИ ҶАДИДИ БОНКИ ОСИЁӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Бонки Осиёии Тавсеъа дар се соли оянда барои роҳандозии барномаҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон маблағи 252 милюн дулори омрикоӣ ихтисос хоҳад дод. Масъулони ин бонк дар авосити моҳи май дар ҷаласаи вижаи ин бонк дар шаҳри Токиюи Жопун тасмими ироаи ин маблағ ба Тоҷикистонро гирифтаанд.

 

Макото Оҷиро, намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 2 июн дар нишасте хабарӣ гуфт, ки ин сармоя тибқи барномаи ҷадиди ниҳоди онҳо барои се соли оянда барои Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Вай афзуд, ки мизони бештари ин сармоя дар ду барномаи аслӣ дар арсаи энержӣ ва ислоҳот ё навсозиҳо дар Тоҷикистон масраф хоҳад шуд. Гуфта мешавад сармоягузории навбатии ин бонк барои Тоҷикистон нисбат ба марҳилаи пешин 35 дарсад бештар аст.

 

Оқои Оҷиро зимни муъарифии барномаҳои ҷадиди ин ниҳод барои Тоҷикистон гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуд дар арсаи энержӣ ва роҳу тарбораии Тоҷикистон меҳвари аслии барномаҳои мо ба ин ду арса марбут хоҳад буд. Ман дар соли 2007, замоне ки ба Тоҷикистон омада будам, шоҳиди мушкилоти ношӣ аз камбуди нерӯи барқ дар ин кишвар шудам.”

 

Ба гуфтаи ин масъули Бонки Осиёии Тавсеъа дар Тоҷикистон, аз чумла барои иҷрои ду тарҳи энержӣ ин бонк 142 милюн дулор ва барои ду тарҳ дар заминаи ислоҳот маблағи 59 милюн дулор ба ин кишвар ихтисос хоҳад дод.

 

Оқои Оҷиро афзуд: “Ин тарҳҳо барои бунёди хутути барқ дар манотиқи шимол ва ҷануби Тоҷикистон ба манзури беҳбуди интиқоли нерӯи барқ ба сокинони рустонишини ин кишвар роҳандозӣ хоҳанд шуд.”

 

Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти Тоҷикистон дар арсаи интиқоли коло ва вазъи бади аксари роҳҳои иртиботӣ ин бонк барои бозсозии роҳи утумубилгард аз Душанбе, пойтахт то шаҳри Турсунзода ва марзи муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон беш аз 50 милюн дулор ихтисос хоҳад дод. Бонки Осиёии Тавсеъа ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро аз соли 1998 милодӣ оғоз кардааст.

 

Ба гуфтаи Мокото Оҷиро, раҳбари намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон, дар беш аз 12 соли ҳамкории Бонки Осиёии Тавсеъа бо давлати Тоҷикистон, ин бонк ба маблағи 577 милюн дулори омрико барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ба ин кишвар кумак кардааст. Имрӯз оқои Оҷиро гуфт, ки Тоҷикистон пардохти вомҳои худ ба ин бонкро оғоз карда ва ба гуфтаи вай, ҳоло тамоюл ба коҳиши бидеҳиҳои ин кишвар ба Бонки Осиёии Тавсеъа мушоҳида мешавад.

 

Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ҳудуди як милёрду 700 милион дулори омрикоӣ ба кишварҳои мухталиф ва созмонҳои молии байналмилалӣ бидеҳкор аст, ки беш аз 300 милюни он бидеҳиҳои ин кишвар ба Бонки Осиёии Тавсеъа будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2413-2010-06-03-18-29-18.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854