| НАТИҶАИ АУДИТИ "БАРҚИ ТОҶИК" НАШР ШУД |
| Мақолаҳо - Иқтисод | |||
| 07.06.2010 11:15 | |||
|
Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” натиҷаҳои ду тафтиши мустақили фаъолиятҳои молии ин ширкатро нашр кардааст, ки дар онҳо намунаҳое аз номутобиқатии ҳисоботи молии ширкат зикр шудааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта чандин нафар аз кормандони “Барқи Тоҷик”- ро бо иттиҳоми фасоди молӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. Натиҷаҳои аудит дар вебсайти ширкати “Барқи Тоҷик” нашр шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран намояндагии Санқуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон хостори нашри ин ҳисобот ва ҳамчунин натиҷаи аудити ширкати Талко шуда буд.
Дар посухи ин хостаи намояндаи СПБ дар Душанбе, мақомоти ширкати Талко хабаре дар мавриди анҷоми муҳосиботи молии худ аз сӯи як ширкати дигари амрикоӣ нашр карданд ва гуфтанд, ки баъди анҷоми муҳосибот натиҷаи аудитро низ нашр хоҳанд кард. Аммо ин посух СПБ-ро қонеъ накард ва ин ниҳоди молии байналмилалӣ ҳамчунон интизори нашри натиҷаи аудити Талко мебошад. Ҳардуи ин аудит бо ибтикори СПБ доир шуда буд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2431---q-q--.html
|











