| НАХУСТИН КОРХОНАИ ТАВЛИДИ ЛОМПҲОИ КАММАСРАФ ДАР СУҒД |
| Мақолаҳо - Иқтисод | |||
| 25.06.2010 16:18 | |||
|
Ин дар ҳолест, ки то ҳол Тоҷикистон фурӯзонакҳои каммасрафро аз кишварҳои дигар, ба вижа Чин ба Тоҷикистон ворид мекард. Масъулини ширкати "Сомон" мегӯянд, акнун ин ширкат талаботи мардуми Тоҷикистонро бо маҳсулоти тавлиди ватанӣ таъмин хоҳад кард. Соле қабл дар пайи камбуди шадиди нерӯи барқ давлати Тоҷикистон корзори густардае дар миёни мардуми ин кишвар барои истифодаи ломпҳои каммасраф ба ҷойи фурғзонакҳои ба истилоҳ "иличӣ" роҳандозӣ кард.
Гуфта шуда буд, ки дар сурати истифодаи фурўзонакҳои каммасраф имкони сарфаҷӯии ҳудуди ду миллиорд киловатт соъат нерўи барқ дар солро барои кишвар фароҳам мекунад. Раисҷумҳури Тоҷикистон 17 ноябри соли гузашта фармоне дар бораи манъи фурӯши ломпҳои маъмулӣ дар қаламрави кишварро ба имзо расонд. Воридоти ломпҳои маъмулӣ низ дар пайи ин фармон мамнӯъ шуда ва фурӯши онҳо дар бозору дӯконҳо қатъ гардид
Дар пайи ин амр, куллия корхонаву муъассисот ва сокинони кишвар ломпҳои мавриди истифода дар сохтмонҳояшонро аз ломпҳои маъмулӣ ба каммасраф иваз карданд. Ҳамчунин тариқи шабакаҳои телевизиюнӣ аз таблиғоти густардаи фурӯзонакҳои каммасраф дар кишвар сурат гирифта буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2553-2010-06-25-11-20-36.html
|











