БОНКИ МИЛЛӢ: ТОҶИКИСТОН АЗ БУҲРОНИ МОЛӢ РАҲОӢ ЁФТ
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки иқтисоди ин кишвар аз буҳрони молӣ раҳоӣ ёфта ва ҳамакнун рӯ ба тавсеъа овардааст. Аз ҷумла, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 июн дар иҷлоси порлумони ин кишвар суханронӣ мекард, ҳамчунин аз афзоиши 36-дарсадии содирот ва боло рафтани мизони захоири тило ва арзии Тоҷикистон хабар дод. Оқои Раҳимзода таъкид кард, ки ба далели ширкати фаъол надоштани бонкҳои Тоҷикистон дар бозори бурси ҷаҳонӣ ва захираи ночизи коғазҳои қиматӣ буҳрони молӣ ба бонкҳои ин кишвар асароти ҷиддӣ нагузоштааст.
Аммо ба гуфтаи ӯ, дар пайи буҳрони молӣ бонкҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ аз бонкҳои Тоҷикистон қотеъона тақозо кардаанд, ки сареъан бидеҳиҳои худро пардохт кунанд. Аз сӯйи дигар, дар соли гузашта бештари ширкатҳо ва атбоъи хориҷӣ пасандозҳои худро, ки дар бонкҳои Тоҷикистон маҳфуз буданд, гирифтаанд.
Ба гуфтаи масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон, ин амр ба коҳиши мизони сармояи бонкҳо мунҷар шуда, вале ҳеч бонки ин кишвар дар пайи буҳрони молӣ муфлис нашудааст. Дар иҷлоси рӯзи чаҳоршанбеи порлумони Тоҷикистон таъкид шуд, ки ба дунболи сипарӣ шудани буҳрони молӣ дасти бонкҳои ин кишвар барои додани вомҳои кӯчаку мутавассит ба соҳибкорон ва соҳибони корхонаҳои хусусии кишвар боз хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ бонкҳои ин кишвар ба миқдори 750 милюн сомонӣ вомҳои кӯчак тавзеъ кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта 5,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад бар асари буҳрони молӣ арзиши колоҳои ватанӣ пойин рафта ва иддаи зиёди соҳибкорони тоҷик варшикаста шудаанд ва ба ин далел, дар нимаи аввали соли гузашта теъдоди муроҷеъин ба бонкҳо барои дарёфти вомҳои кӯчак коҳиш ёфта буд.
Ҳамакнун, ин вазъ беҳбуд ёфта ва теъдоди вомгирандаҳо низ то ба 102 ҳазор нафар расидааст. Раҳбарони бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳол 98 дар сади вомҳои кӯчак аз ҷониби соҳибкорон ба бонкҳо бозгардонда шуда ва ба ин далел, бонкҳо дар сададанд дар соли ҷорӣ мизони тахсиси вомҳои кӯчакро дар муқоиса бо соли гузашта 50 дарсад афзоиш диҳанд.
Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки фоиз ё баҳраи зиёди вомҳо дар роҳи рушди бахши хусусии ин кишвар монеъ эҷод кардааст. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ба навбаи худ гуфтанд, ки мизони баҳраро бонкҳои тиҷоратӣ таъйин мекунанд ва бар асоси қонун, Бонки Миллӣ ҳаққи мудохила дар умури дохилии бонкҳои тиҷоратиро надорад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки ба дунболи ироаи иттилоъоти нодуруст дар бораи захоири тило ва арзии Тоҷикистон ба ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар соли 2008 эътибори байналмилалии Бонки миллии ин кишвар хадшадор шуда ва мумкин аст аз ин лиҳоз ширкатҳо ва атбоъи хориҷӣ аз ворид кардани сармоя ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
Шариф Раҳимзода гуфт, ки ба манзури эҳёи эътимод ба фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон аз соли 2008 то ба ҳол дар Бонки Миллӣ 7 мавриди аудит ё бозрасии байналмилалии захоир ва гузоришҳои бонкӣ анҷом шудааст. Оқои Раҳимзода таъкид кард, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 июн боз як бозрасии дигар барои мушаххас кардани мизони захоири тило ва арз дар Бонки миллии Тоҷикистон шурӯъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси фармони тозаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода ва муъовинонаш Ҷамшед Юсуфиён, Малоҳат Холиқзода ва Турақул Ҳақназаров аз симатҳои худ барканор ва дубора бар ин симатҳо таъйин шудаанд. Фармони барканорӣ ва ибқои онҳо дар симатҳои раҳбарии Бонки Миллӣ, ки тибқи ислоҳияи қонуни Тоҷикистон дар бораи Бонки Миллӣ сурат гирифтааст, рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи порлумон тасвиб шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2581-2010-06-30-15-51-08.html