06:14:29 04-уми Июни 2025 сол

"ТАЛКО НАТОИҶИ БОЗРАСИРО ДАРЁФТ КАРДААСТ"

Корхонаи олуминиюми Тоҷикистон ё "Талко" мегӯяд натиҷаи бозрасӣ ё аудити фаъолияти молии ин ширкат дар солҳои 2006 то 2008 ҳокист, ки мавқеъияти ин ширкат дар бозор устувор аст. Масъулони "Талко" мегӯянд, ки натиҷаи бозрасии молии ин корхона, ки аз сӯйи созмони “Moore Stephens” анҷом шуд, дар охирин рӯзи моҳи июл дар ихтиёри ин ширкат гузошта шудааст. Ин ширкат дар бораи дарёфти натоиҷи бозрасӣ баёнияе хабарӣ интишор дода, вале мегӯяд, ки гузориши худи бозрасонро то ду рӯзи дигар мунташир хоҳад кард.

 

Саёҳат Қодирова, сухангӯйи корхонаи олуминиюм, мегӯяд: "Дар ҳоле ки ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи олуминиюм ба сабаби буҳрони молии ҷаҳонӣ хисороти зиёдеро мутаҳаммил шуданд, корхонаи "Талко" аз солҳои 2006 то 2008 даромади қобили мулоҳизае аз тавлиди олуминиюм ба даст овард.”

 

"Мавқеъияти устувор"

Ба гуфтаи хонуми Қодирова, бозрасии фаъолияти молии корхонаи тавлиди олуминиюм "ҳокӣ аз фаъолияти шаффофи молии ин ширкат" аст. Вай афзуд, ки мавқеъияти устувори "Талко" дар бозор дар чанде аз нукоти аслии натиҷагирии бозрасон мунъакис шудааст, ки инҳоянд:

 

1. Гузориши молии собити ширкат мавқеъияти молии он ва созгор будани муъомилоти пулияш бо меъёрҳои байналмилалии гузоришгарии молиро дар таърихи 31 декабри 2008 мунъакис мекунад,

2. Сохтори хароҷоти ширкат тибқи меъёрҳои байналмилалӣ рақобатпазир аст,

3. Тавозуни дороиҳо ва бидеҳиҳои ширкат мусбат аст,

4. Фазои тиҷорат дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст,

5. Дар панҷ соли гузашта ширкати "Талко" аз фаъолиятҳояш даромади собит доштааст, ки ин амр омили муҳимме барои арзёбии мусбати фаъолиятҳои он аст.

 

Барои мисол, дар соли 2006 даромади ин ширкат беш аз 33 милюн дулор буда ва то соли 2008 даромади ин корхона то севу ним миюн дулор афзоиш доштааст. Сухангӯйи "Талко" ҳамчунин гуфт, ки ин корхона аз соли 2005 то 2008 беш аз 51 милюн дулор барои муноқишаҳои додгоҳӣ бо ширкатҳои дигар ва барои дифоъ аз манофеъи худ дар додгои Ландан ба ширкати бритониёии Ҳерберт Смит пардохт кардааст.

 

Дархости бозрасӢ

Дар моҳи майи соли 2008 бархе аз созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул, тақозо карда буданд, ки фаъолияти молии ширкатҳои бузургу пурдаромади давлатии Тоҷикистон, назири "Барқи тоҷик" ва корхонаи "Талко", бозрасӣ шавад.

 

Пеш аз ин, дар соли 2004 Бонки Ҷаҳонӣ тақозо карда буд, ки мудирияти ширкати "Талко" бояд ба шеваи корпоративӣ ё "мудирияти ширкатӣ" табдил дода шавад. Масъулони ин бонк гуфта буданд, ки ин ширкат набояд аз сӯйи як раис, балки аз сӯйи ҳайъати мудира идора шавад.

 

Ин тақозои Бонки Ҷаҳонӣ дар солҳои баъдӣ иҷро шуда ва дар моҳи майи соли 2008 нахустин ҷаласаи ҳайъати мудираи "Талко" баргузор шуд. Созмонҳои байналмилалии молӣ ҳадаф аз ин дархости худро “даст ёфтан ба шаффофияти бештар дар фаъолияти ин ширкат" унвон карданд.

 

Он замон масъулони "Талко" пешниҳод кардаанд, ки бозрасии фаъолиятҳои молии ин ширкат барои се сол, яъне то соли 2008 сурат бигирад. Ин бозрасӣ бар асоси ёддошти тафоҳуми миёни давлати Тоҷикистон ва Сандуқи Байналмилалии Пул анҷом шуд.

 

Ҳарчанд масъулони корхонаи "Талко" дар мавриди навоқиси ошкоршуда дар фаъолияти ин корхона дар замони бозрасӣ иттилоъе надоданд, вале коршиносони иқтисодӣ яке аз аҳдофи бозрасиро ифшои мавориди эҳтимолии густардаи фасод дар фаъолияти ин ширкат медонанд.

 

Кунтрули "Талко"

Аз сӯйи дигар, ба дунболи қазияи додгоҳии ин корхона дар додгоҳи Ландан нашрияи "Тоймз", чопи Бритониё дар авохири соли 2008 аз қавли вакили мудофеъи Аваз Назаров, бозаргони тоҷики муқими Бритониё, навишта буд, ки "назорат бар корхонаи олуминиюм бидуни пардохти ҷуброн ба CDH Investments, як ширкати офшории таҳти кунтрули чанде аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон, бо шумули Президент Эмомалӣ Раҳмон, интиқол ёфтааст."

 

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршинос, низ бар ин ақида аст, ки кунтрули амалиётҳои молии корхонаи "Талко"-ро мақомоти давлатии наздик ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар ӯҳда доранд.

 

Оқои Ҳакимов ҳамчунин афзуд: "Қаблан суҳбат дар мавриди пардохти беш аз 200 милюн дулор аз сӯйи ин корхона ба ширкати ҳуқуқӣ дар Бритониё мерафт, ки мӯҷиби интиқодҳои шадиди созмонҳо ва коршиносон шуда буд. Вале ҳоло ин маблағро то ба 50 милюн расонидаанд. Дар маҷмӯъ, фаъолияти молии ин ширкат ғайришаффоф ба назар мерасад."

 

Оқои Ҳакимов бовар надорад, ки бозрасии байналмилалии ширкати "Талко" тахаллуфот дар фаъолияти ин ширкатро ифшо кунад. Коршинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд: "Аудит танҳо қисмати мутавассити фаъолияти корхона, яъне коркарди олуминиюмро дар бар мегирад. Вале дар асл, бозрасии фарогир метавонад фасод ва навоқиси дигар дар ин корхонаро муъайян кунад."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2832-q----q.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854