ҲИМОЯТИ БОНКИ ОСИЁӢ АЗ ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОН
Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) эълом кардааст, ки дар зарфи се соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи 252 милюн дулор кумакҳои билоъиваз ироа хоҳад кард.
Макото Оҷиро, раҳбари дафтари БОТ дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 20 август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин маблағ барои пуштибонӣ аз тарҳҳои мухталиф дар бахши энержӣ, роҳу нақлиёт ва бахши хусусии Тоҷикистон масраф хоҳад шуд. Маъмурияти оқои Оҷиро дар Тоҷикистон ба поён расида ва ӯ фардо Душанберо ба қасди Монило, пойтахти Филиппин, ки мақарри Бонки Осиёии Тавсеъа низ дар он ҷост, тарк хоҳад кард.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки дар давраи маъмурияти 2 солу 9-моҳаи Макото Оҷиро Бонки Осиёии Тавсеъа ба бахши омӯзишу парвариш, беҳдошт ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ба андозаи 240 милюн дулори омрикоӣ кумакҳои билоъиваз ихтисос додааст. Ин масъули БОТ гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба фақри густарда дар Тоҷикистон ва рушди кунди иқтисоди он, ин созмони молии байналмилалӣ дар муқоиса бо Қазоқистону Ӯзбакистон, кишварҳои пешрафтатари Осиёи Марказӣ, ба Тоҷикистон умдатан кумакҳои билоъиваз ироа кардааст.
Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки Бонки Осиёии Тавсеъа дар садад аст дар ояндаи наздик дар робитааш бо Тоҷикистон таҷдиди назар кунад ва наҳваи мушорикати дуҷониба дар анҷоми тарҳҳоро бар ироаи кумакҳои билоъиваз тарҷеҳ бидиҳад. Зеро гуфта мешавад авоқиби буҳрони ҷаҳонии молӣ дар Тоҷикистон рафъ шуда ва интизор меравад дар соли ҷорӣ иқтисоди ин кишвар 5 дар сад рушд кунад.
Макото Оҷиро, раҳбари дафтари БОТ дар Тоҷикистон, гуфт дар оянда низ ин созмони байналмилалии молӣ ба рушди арсаи энержӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа авлавият қоил хоҳад шуд. Вай дар ин замина ба тарҳҳои бунёди хатти баландшиддати барқи 220-килувотӣ аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар Тоҷикистон то шаҳри Пули Хумрии Афғонистон ва хатти CASA-1000, ки нерӯи барқи Қирғизистону Тоҷикистонро ба Афғонистону Покистон мунтақил мекунад, ишора кард.
Оқои Оҷиро гуфт, ки ҳафтаи гузашта аз маҳалли корҳои сохтмонии хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дидан кардааст. Таъкид шуд, ки бунёди қисмати тоҷикистонии ин хатти барқ тақрибан анҷом шуда, вале дар шимоли Афғонистон корҳои сохтмонӣ ба далоили амниятӣ бакундӣ пеш мераванд. Дар назар буд ин хатти интиқоли нерӯи барқ дар моҳи октябри соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Аммо ба иллати мушкилоти мавҷуд анҷоми корҳои сохтмонӣ дар соли ҷорӣ баъид ба назар мерасад.
Масъули БОТ гуфт, ки ба манзури ҳалли мушкилоти амниятӣ дар шимоли Афғонистон ин ниҳод чанд милюн дулор ба ин кишвар ихтисос додааст, аммо аз шарҳи андозаи мушаххаси ин маблағ ва наҳваи мусоъидат ба ҳалли ин мушкилот худдорӣ кард. Ду рӯз қабл, дар ҷаласаи сарони Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Сочии Русия раҳбарони ин кишварҳо омодагии худро барои пайвастан ба ин тарҳ иброз доштанд.
Макото Оҷиро аз иқдоми Русия барои пуштибонӣ аз тарҳи CASA-1000 истиқбол кард ва гуфт, ки мушорикати Русия дар ин тарҳ ба иҷрои сареъи он мусоъидат хоҳад кард. Ҳазинаи тарҳи CASA-1000 беш аз як милёрд дулори омрикоӣ пешбинӣ шуда ва Бонки Осиёии Тавсеъа ҳамроҳ бо созмонҳои дигари молии байналмилалӣ ҳимояти молии онро ба ӯҳда гирифтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2935-2010-08-20-11-12-21.html