02:55:44 01-уми Июни 2025 сол

НАШРИ ИСКИНОСҲОИ ҶАДИД ДАР ТОҶИКИСТОН

Давлати Тоҷикистон искиносҳои ҷадидеро интишор додааст. Қарор аст искиносҳои нави 3, 200 ва 300-сомонӣ аз 10 сентябри соли ҷорӣ мавриди муъомила қарор дода шаванд. Дар ин замина рӯзи сешанбеи 31 август дар ҷаласаи ҳайъати давлати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасмиме гирифта шудааст. Далели ин амр такмили системи пулии Тоҷикистон унвон шудааст. Дар искиносҳои ҷадид акси чеҳраҳои саршиноси тоҷик ва тасовире аз осори таърихию меъмории Тоҷикистон мунъакис шудаанд.

 

Аммо ба эътиқоди коршиносони масоили иқтисодӣ, мизони болои таваррум ба пойин рафтани баҳои сомонӣ ё беқурбшавии он мунҷар шуда ва аз ин лиҳоз, зарурати ба муъомила баровардани искиносҳои арзишашон баланди 200 ва 500-сомонӣ пеш омадааст. Пули миллии Тоҷикистон, ки ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори давлати Сомониён “сомонӣ” номгузорӣ шудаст, дар 30 октябри соли 2000 ба муъомила баромад. То ҳол искиносҳои 1, 5, 10, 20, 50 ва 100-сомонӣ ва 1, 5, 20 ва 50-дирамӣ дар гардиш ҳастанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3010-2010-08-31-08-37-13.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854