11:00:09 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/24_shayder_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/24_shayder_2147'

СБП: ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ РАҲОӢ АЗ БӮҲРОН ҚАРОР ДОРАД

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ вазъи иқтисодии Тоҷикистон беҳбуд ёфта ва ин кишвар дар зудтарин фурсат бӯҳрони молиро паси сар хоҳад кард. Тэд Шнайдер, раҳбари як ҳайати СБП рӯзи ҷумъаи 24 сентябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин чашмандоз натиҷаи баррасии вазъи макроиқтисоди Тоҷикистон аз сӯй ҳайъати онҳо дар ду ҳафтаи охир аст. Ба гуфтаи оқои Шнайдер, дар 8 моҳи соли ҷорӣ мизони вуруди маболиғ аз муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ ба Тоҷикистон дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 28 дар сад афзоиш ёфтааст.

 

Бино ба иттилоъи манобеъи СБП, Маҳсулоти нохолиси миллӣ дар соли ҷорӣ 6 дар сад рушд карда ва ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта тақрибан ду баробар бештар будааст. Мизони таваррум дар соли ҷорӣ ба гуфтаи коршиносони ин созмон нӯҳ дарсадро ташкил дода ва дар сурати ба маротиб боло нарафтани қимати маводди ғизоӣ ва сӯзишворӣ, таваррум дар соли оянда то ба 7 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.

 

Тэд Шнайдер, раҳбари ҳайати СБП гуфт, ки гузориш дар мавриди вазъи макроиқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Шӯрои мудирияти Сандуқи Байналмилалии Пул ироа шуд ва дар сурати таъйиди ин санад, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон воми ботахфифи 20 милюндулорӣ тахсис хоҳад шуд.

 

Қарор аст дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкории СБП бо давлати Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2012, ин созмони бонуфузи молӣ ба ин кишвар ба миқдори 165 милюн дулор вом ихтисос диҳад. То ҳоло танҳо 82 милюн дулор аз ин маблағ ба Тоҷикистон тахсис шудааст, ки умдатан барои таҳкими захоири тило ва асъори кишвар истифода мешавад. Дар ҷараёни дидор аз Тоҷикистон ҳайъати СБП мавзӯъи бунёди неругоҳи обии "Роғун"-ро низ матраҳ кардааст.

 

Раҳбари ҳайъати Сандуқи Байналимилалии Пул гуфт, ки неругоҳи "Роғун" дар Барномаи иқтисодии давлати Тоҷикистон тарҳи муҳиме маҳсуб шуда ва метавонад, ба рушди иқтисод, мизони таваррум ва миқдори вомҳои хориҷии ин кишвар асар гузорад. СБП хостори ҳамкории танготанги Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар ин замина аст, ки бо мусоъидати ин бонк таҳқиқи байналмилалии пружаи "Роғун" анҷом шуда ва роҳ барои таъсиси Консорсиюми байналмилалӣ барои бунёди неругоҳ боз шавад.

 

Ҳамзамон, оқои Шнайдер аз ин амли мақомоти Тоҷикистон қадрдонӣ кард, ки бо исрори СБП таблиғот дар мавриди бунёди ин неругоҳро мутаваққиф карда ва бад-ин тартиб, мизони ҷамъоварии иҷбории маболиғ барои ин пружа ба маротиб коҳиш ёфтааст.

 

Қаблан Сандуқи Байналмилали Пул ҳушдор дода буд, ки идомаи харидории иҷбории саҳмияҳои неругоҳи "Роғун" метавонад, ба сатҳи зиндагии мардум ва дар ниҳоят, ба афзоиши мизони фақр дар Тоҷикистон мунҷар шавад. Тибқи иттилоъи расмӣ, маболиғи умумӣ аз фурӯши саҳоми неругоҳи "Роғун" дар нимаи аввали соли ҷорӣ 820 милюн сомонӣ ташкил дода ва мумкин аст, ин рақам то авохири соли ҷорӣ то ба 880 милюн сомонӣ афзоиш ёбад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3205-2010-09-24-14-22-24.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854