20:12:05 16-уми Июни 2025 сол

АНДОЗАИ МИЁНАИ МУЗДИ МЕҲНАТ 20,8 ФОИЗ ЗИЁД ШУД

Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар натиҷаи татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҶТ сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли устувори пастшавиро касб намуда, охири соли 2009 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 46 фоиз коҳиш ёфт.

 

fond

Дар натиҷаи як қатор тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоюли афзоиши устувори андозаи музди миёнаи меҳнати кормандон таъмин  шуда, ба ҳолати 1–уми августи соли ҷорӣ аз 285 сомонӣ (дар соли 2009) ба 345 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20, 8 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, музди миёнаи меҳнати кормандон дар вилояи Суғд аз 203 ба 249 сомонӣ, дар вилояти Хатлон аз 196 ба-226, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 294 ба -341, дар ВМКБ аз 242 ба -319 ва дар шаҳри Душанбе аз 530 ба 671 сомонӣ расонида шудааст.

 

М. Маҳмадаминов вобаста ба беҳ шудани вазъи нафақа ва зиёд шудани шумораи нафақагирон дар конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки ба ҳолати 1–уми июли соли 2010 дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии нафақагирон 526 ҳазору 381 нафарро ташкил дод, ки маблағи умумии якмоҳаи нафақапулиҳо 52 млн. 814 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар 3 соли охир теъдоди нафақагирон 35 ҳазору 604 нафар зиёд гардидааст, ки талаботи якмоҳаи нафақапулӣ 52 млн. 814 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

 

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3380--208-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854