ТАРҲҲОИ ҶАДИДИ БТТУ БАРОИ ТОҶИКИСТОН
Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо (БТТУ) дар соли оянда дар Тоҷикистон 10 тарҳро, ки ҳазинаии умумиаш болиғ ба 70 милюн юру аст, рӯйи даст хоҳад гирифт. Дар назар аст, ин маблағ барои таҷдиду бозсозии неругоҳи Норак, бунёди неругоҳҳои кучак ва барои пуштибонии молии бахши хусусии Тоҷикистон масраф шавад.

Ник Тессман, мудири идораи молии БТТУ рӯзи чаҳоршанбеи 20 октябр пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ҳамчунин ин бонк барои рушду тавсеъаи системи бонкӣ тарҳҳоеро дар маърази иҷро гузоштааст. Ба гуфтаи оқои Тессман, Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо аз бузургтарин сармоягузори хориҷӣ барои системи бонкии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва то ба ҳол ба ин бахш беш аз 60 милюн дулор сармоя ворид кардааст. Афзун бар ин, БТТУ саҳмияҳои се бонки тиҷоратии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад.
Дар ҳамин ҳол, Улф Ҳиндстром, раиси дафтари намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон гуфт, ки дар соли ҷорӣ 44 тарҳи БТТУ бо ҳазинаи беш аз 100 юру дар Тоҷикистон иҷро мешавад. Оқои Ҳиндстром таҷдиду тармими огреготҳои неругоҳи Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон, бозсозии лӯлаҳои обрасонӣ ва тармиму таҷдиди роҳҳои иртиботӣ дар манотиқи мухталифи ин кишварро аз ҷумлаи ин тарҳҳо унвон кард.
Дар назар аст, Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо тармиму бозсозии роҳи утумулрави масири Душанбе-Турсунзодаро сармоягузорӣ кунад. Масъулони БТТУ мусоъидат барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро аз увлавиятҳои тарҳҳои сармоягузории ин бонк талақӣ карданд. Дар соли ҷорӣ Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо ба ширкати АТО, ки аз бузургтарин тавлидкунандаҳои равғани ғизоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба миқдори 350 ҳазор дулор вом ихтисос додааст.
Зимнан, дар соли ҷорӣ Санавбар Шарифова, раҳбари ширкати хусусии “Имон Интернешнл”-и Тоҷикистон ҷоизаи БТТУ “Зан дар тиҷорат”-ро дарёфт кард. Гуфта мешавад, ҳамасола бонувони соҳибкор аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои дастовардҳо дар рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ сазовори ҷавоизи Бонки Таҷдид ва Тавсеъаи Урупо мешаванд.
Ширкати тиҷоратии “Имон Интернешнл”-и шаҳри Хуҷанд дар вилояти Суғд аз сӯйи "Дойче Банк"-и Олмон, Ширкати Байналмилалии Молӣ ё IFC, Бонки Таҷдид ва Тавсеъаи Урупо ва бонкҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ шуда ва дар 36 шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои тавсеъаи бахшҳои соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва тавлиди маводди ғизоӣ вомҳои кӯчак тахсис медиҳад. То ҳол Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо барои тарҳҳои мухталиф дар бахшҳои иҷтимоъӣ, молӣ, энержӣ ва зербиноии Тоҷикистон ҳудуди 200 милюн дулор сармоягузорӣ кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3387-2010-10-20-17-32-15.html