21:22:37 22-уми Майи 2025 сол

САФАРАЛӢ НАҶМИДДИНОВ: КАЗИНОҲО ФАЪОЛ ШАВАНД

Масъулони давлати Тоҷикистон хостори азсаргирии фаъолияти казиноҳо дар ин кишвар шудаанд. Қавонони Тоҷикистон фаъолияти казиноҳо ва бозиҳои қимориро дар кишвар дар соли 2000 мамнӯъ карда буд. Аммо рӯзи 25 октябр Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ё дороии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ин вазорат бо масъулони вазорату идороти дигари кишвар мавзӯъи азсаргирии фаъолияти казиноҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

 

Оқои Наҷмиддинов гуфт, мумкин аст фаъолияти казиноҳоро на дар шаҳрҳо, балки танҳо дар манотиқи вижаи кишвар иҷоза дода шавад. Вай ба таҷрубаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Русия ишора кард ва гуфт, барои казиноҳо ва бошгоҳҳои тафреҳии бозиҳои қиморӣ манотиқи вижаи ҷудо мешавад. Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар сурати фаъол шудани казиноҳо ва муассисоти бозиҳои қиморӣ ҳаштод дар сади даромади онҳо ба будҷети давлат ворид хоҳад шуд.

 

Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти хабарӣ аз касри 200 милюн сомонии будҷети соли ҷории давлати Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, ки барои ворид сохтани ин миқдор маблағ ба будҷет тадобири мушаххас иттихоз шудааст. Оқои Наҷмиддинов гуфт, ба ин манзур дар канори маблағе, ки барои дарёфти иҷоза барои сиёҳ кардани шишаҳои худрав пардохт мешавад, ҷорӣ кардани аксиз барои тамоку ва машрубот ва бунёди истгоҳҳои пулакӣ барои утумубилҳо дар шаҳраку марказҳои навоҳӣ дар назар гирифта шудааст.

 

Бино ба иттилоъи Вазорати молия дар соли ҷорӣ танҳо аз ҳисоби маболиғи муҷаввиз барои сиёҳ кардани шишаҳои худравҳо ба будҷети кишвар 14 милюн сомонӣ ворид гардидааст. Дар соли 2000 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти казиноҳо ва бозиҳои марбут ба қимор мамнӯъ шуда буд.

 

Дар моҳи январи соли 2005 зимни ислоҳи Қонуни “Иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар порлумон, фаъолияти казиноҳо дар куллияи манотиқи Тоҷикистон мамнӯъ шуд ва барои нақзи муқаррароти ин қонун аз 6 то 8 сол зиндон ва мусодираи амвол пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар бораи фаъол будани казиноҳои тоҷикӣ дар қаламрави Қирғизистон, кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон гузориш шудааст.

 

Бино ба хабари нашрияи “Asia-Plus” дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, воқеъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон казинои “Шангрӣ Ла” фаъолият мекунад, ки кормандон ва бахши аслии муштариёни он атбоъи тоҷик будаанд. Зимнан, дар Қирғизистон казиноҳо ва муассисоти бозиҳои қимор ба таври озод фаъолият мекунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3415-2010-10-25-10-43-03.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ