"ҶАНГИ ИҚТИСОДИИ ӮЗБАКИСТОН БО ТОҶИКИСТОН ИДОМА ДОРАД"
Як мақоми Вазорати кишоварзӣ ва оби Ӯзбакистон бо интишори матлабе дар сойти расмии вазорати хориҷаи ин кишвар бори дигар ҳушдор додааст, ки иҷрои тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон кишварҳои поёнобро бо фоҷеъаи камобӣ рӯбарӯ хоҳад кард. Муаллифи ин матлаб суханрониҳои бархе аз диплумотҳои баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаро, "носаҳеҳ ва гумроҳкунанда" хондааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони порлумон ва Вазорати энержии Тоҷикистон зимни такзиби иддаъоҳои матраҳшуда дар ин матлаб изҳороти ҷониби Ӯзбакистонро "иғвогарона" ва идомаи он чи онҳо "ҷанги иқтисодии Ӯзбакистон алайҳи Тоҷикистон" мехонанд, унвон карданд. Воҳидҷон Аҳмадҷонов, масъули бахши танзими захоири оби Вазорати кишоварзӣ ва оби Ӯзбакистон, дар мақолааш дар сойти Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон ин иддаъои мақомоти Тоҷикистонро, ки гӯё обанбори “Роғун” дар тӯли 17 сол пур хоҳад шуд, "бепоя" хондааст.
Вай мегӯяд: "Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Раҳмат Бобокалонов, вузарои хориҷа ва обёрии Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки обанбори “Роғун” дар 17 сол аз об пур мешавад, аммо дарвоқеъ он дар тӯли 7 то 8 сол пас аз бунёди обанбор аз ҳисоби обҳои зарурӣ барои обёрӣ пур хоҳад шуд. Вале Мурод Аминҷонов, як масъули Пажӯҳишгоҳи фанноварии об ва обёрии Тоҷикистон, ин изҳоротро "ҳарфе пуч" хонд.
Оқои Аминҷонов гуфт: "Агар ӯ (Аҳмадҷонов) дар бораи он чи менависад, тасаввуроти кофӣ медошт, бояд медонист, ки дар тӯли 7 то 8 сол танҳо марҳилаи таҳкӯби (трамбовка) обанбор анҷом мешавад. Аз сӯйи дигар, шароити махсус барои пур кардани обанборҳо вуҷуд дорад, ки мо наметавонем онро якбора пур кунем. Бахусус дар шароите, ки садде ба ин баландӣ дорем, ин кор имкон надорад."
Вай ҳамчунин гуфт Ӯзбакистон мусалламан бим дорад, ки Тоҷикистон тавассути “Роғун” танзими захоири обро ба манфиъати худ анҷом дода ва фишанги фишоре дар даст хоҳад дошт. Оқои Аминҷонов афзуд: “Бояд бори дигар таъкид кунам, ки агар Тоҷикистон мехост алайҳи манофеъи Ӯзбакистон аз об истифода кунад, мо имрӯз низ ин корро тавассути Норак метавонистем кунем. Метавонем оби тобистонро барои зимистон захира кунем ва ба онҳо об надиҳем, аммо ин корро ҳеҷ гоҳ анҷом надодаем ва нахоҳем дод, чун таъаҳҳудоти байналмилалӣ дорем ва онро ҳамеша риъоят мекунем."
Дор ҳамин ҳол, Георгий Кошлаков, коршиноси дигар, дар ин бора мегӯяд: "Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои Ӯзбакистон мушкил эҷод накардааст, балки баръакс мавориде буд, ки барои беоб намондани Ӯзбакистон мазореъи кишоварзии худро зери об мегузошт, то об барои Ӯзбакистон таъмин бошад."
Яке дигар аз иддаъоҳои матлаби мавриди назар дар сойти Вазорати хориҷаи Ӯзабкистон ин аст, ки дар Тоҷикистон мутахассисоне, ки тавонанд аз нерӯгоҳе ба бузургии тарҳи “Роғун” ба сурати лозим муроқибат кунанд, вуҷуд надоранд ва ин амр вазъиятро “хатарноктар” кардааст. Аммо оқои Кошлаков ин иддаъоро низ такзиб карда ва гуфт: "Мо дарвоқеъ дар арсаҳои мухталиф фирори мағзҳо доштем, аммо бахши энержӣ танҳо арсаест, ки кодрҳои хуби мо дар он боқӣ мондаанд."
Георгий Кошлаков низ иддаъоҳои матраҳшуда дар мақолаи Воҳидҷон Аҳмадҷоновро бепоя хонд ва гуфт, ки "ҳамлаҳои иттилоъотии" Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Амирхон Сафаров, муъовини раиси кумитаи равобити байналмилали порлумони Тоҷикистон, низ бар ин назар буда ва матлаби ахирро дар сойти Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон "идомаи ҷанги иқтисодии Ӯзбакистон бо Тоҷикистон" хонд.
Вай гуфт: "Баста шудани роҳи оҳан, баста шудани марзҳо, интиқод аз фаъолияти корхонаи олуминиюм ва тарҳи “Роғун” ҳамааш далели ин аст, ки Ӯзбакистон алайҳи Тоҷикистон ҷанги иқтисодӣ эълом кардааст. Ва ҳамааш барои он аст, ки “Роғун” сохта нашавад."
Сафаров афзуд: "Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистон як умр ба онҳо вобаста монад."
Коршиносон мукарраран таъкид мекунанд, ки Ӯзбакистон талош дорад яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақаи Осиёси Миёна боқӣ бимонад, вале нерӯгоҳи “Роғун” метавонад ба як фишанги фишори Тоҷикистон алайҳи ин кишвар табдил шавад, ки ин амр барои Тошканд хушоянд нест. Роғун дар сурати эҳдос бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар Осиёи Миёна хоҳад буд, ки сохтмони он бар асоси тарҳи таҳияшудаи муттахасисони пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Тошканд дар солҳои 1970 оғоз ёфта буд.
Иҷрои ин тарҳ баъд аз фурӯпошии Шуравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Точикистон ба таъвиқ уфтод ва ҳоло ба далели камбуди сармоя давлат наметавонад дар фурсати кӯтоҳ ин тарҳро ба анҷом расонад. Дар соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ барои таҳияи мустанадоти фаннию иқтисодӣ ва мутолеъаи паёмадҳои зистмуҳитии ин нерӯгоҳ бо давлати Тоҷикистон тавофуқ кард.
Матлаби сойти Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон бори дигар аз хатароти ношӣ аз зилзилахез будани макони сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҳушдор медиҳад. Аммо окодемисиян Собит Неъматуллоев, раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон, дар як ҳамоиши минтақаии марбут ба масоили "Роғун" дар Душанбе гуфта буд, ки дар тӯли 500 соли ахир дар ин минтақа зилзилаи шиддаташ беш аз шаш дараҷаи Риштер мушоҳида нашудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3487-q------q.html