14:26:05 02-уми Июни 2025 сол

РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН НЕРӮГОҲИ НАВ МЕСОЗАД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар ҷаласаи Кумиссюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки Русия дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи дигари барқи обӣ бунёд кунад. Ҳамчунин замонбандии пардохти қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" баррасӣ ва тасдиқ гашт.

 

sozishnomaДар ҷаласае, ки дар Маскав баргузор шуд ва ҳайати Тоҷикистонро дар он ноиби аввали сарвазир, Асадуллоҳ Ғуломов ва ҳайати Русияро вазири энержии ин кишвар, Сергей Шматко раҳбарӣ мекарданд, ҳамчунин масъалаи воридоти бемолиёти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон баррасӣ гашт. Тарафҳо ба созиш расиданд, ки ин роҳи ҳалли масъаларо то моҳи январи соли 2011 пайдо кунанд. Бино ба хабари сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳамраиси Кумиссюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, вазири энержии Русия, Сергей Шматко ин созишро "бузургтарин дастоварди мулоқоти Маскав" номидааст.

 

Лозим ба ёдоварист, ки тобистони имсол бо тағйир дар низоми содироти фуровардаҳои нафтии Русия, ки сабаби боло рафтани нархи бензин дар Тоҷикистон гашт, сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо номае унвонии ҳамтои русаш Владимир Путин, аз ӯ хост дар ҳалли ин мушкил кӯмак кунад. Путин ба ҳукумат супориш дода буд, ки масъала баррасӣ шавад ва тавре дида мешавад, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

 

Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон ҷаласаи кумиссюни дуҷониба дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳоли рукуди нисбӣ қарор дорад. Ин ҳам ба он сабаб, ки Маскав дар баҳси марбут ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз мавзеъгирии мухолифонаи Узбакистон ҳимоят кардааст.

 

Дар ин ҷаласа ба сурати умум вазъи феълии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои инвеститсионӣ ва илмию фаннии ду кишвар баррасӣ шуд. Дар нишасти хабарии фарҷоми ҷаласа, ҳангоми посух ба суолҳои журналистон дар бораи дараҷаи ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати "Газпром"-и Русия, ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон ва ҳамраиси кумиссюни дуҷониба, Асадулло Ғуломов гуфт, ба "Газпром" иҷозаи ҷустуҷӯ ва коркарди чанд кони нафт ва газ дода шуда, кор оғоз ёфтааст ва идома дорад." Тарафҳо қарор карданд, ҷаласаи навбатии кумиссюни байнидавлатӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3543-2010-11-10-06-26-34.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854