14:03:12 02-уми Июни 2025 сол

"МУШКИЛ НА ДАР ОҒОЗ, БАЛКИ ДАР ПЕШБУРДИ ТИҶОРАТ АСТ"

Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Байналмилалии Молӣ ахиран гузориши тозаи “Тиҷорат кардан: 2011" (Doing Business 2011)-ро интишор доданд, ки Тоҷикистон дар ин гузориш дар муқоиса бо ҷойгоҳаш дар соли гузашта сездаҳ зина боло рафтааст. Андреа Далолиё, масъули Бахши молӣ ва рушди бахши хусусии Бонки Ҷаҳонӣ дар Урупо ва Осиёи Марказӣ дар мусоҳибае ихтисосӣ бо ҳамкорамон Шамсияи Қосим вазъияти бахши хусусӣ, суҳулатҳо ва мушкилоти тиҷорат кардан дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст:

 

-Дар феҳристи “Тиҷорат кардан” (Doing Business) дар соли ҷорӣ ҷойгоҳи Тоҷикистон якбора даҳ рада боло рафт, ки ҷаҳиши қобили мулоҳизаест. Бархе аз тоҷирон бо шунидани ин хабар таъаҷҷуб мекунанд ва мегӯянд, ки дар амал беҳбуди қобили мулоҳизаеро дар кори худ эҳсос намекунанд. Шояд даҳ зина боло рафтани Тоҷикистон дар феҳрист дар гарави поён рафтани ҷойгоҳи бархе аз кишварҳо дар ин радиф сурат гирифта бошад?

 

andrea-(Механдад) Ҷолиб аст, ки саволро ин тавр мегузоред. Аммо ба фикрам, паёме, ки мо дар ин гузориш ирсол мекунем, мусбат аст ва он дар бораи самти ин раванд аст. Аммо баъд, бояд таваҷҷӯҳ кунед, ки ҳарчанд Тоҷикистон даҳ зина боло рафтааст, аммо ҳанӯз ҳам дар миёни 183 кишвар дар ҷойгоҳи 139 қарор дорад. Вақте ин ду паёмро бо ҳам пайваст мекунед, он гоҳ паёми аслиеро, ки мо мехоҳем ирсол кунем, дармеёбед. Яъне Тоҷикистон ҳанӯз ҳам корҳои зиёдеро бояд анҷом бидиҳад, чун вазъияти тиҷорат кардан дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зиёд мураккаб аст, вале бо ин ҳол мо пешрафтҳоеро мушоҳида кардаем.

 

Ба назари шахсии ман, агар назар андозем, метавонем дарвоқеъ пешрафтҳоеро мушоҳида кунем. “Равзанаи ягона” воқеъан таъсиси ширкат барои тоҷиронро сода кардааст. Дигар ислоҳот ин ки арзиши молиёт барои ширкатҳои корпоративӣ 25 дарсад коҳиш ёфтааст. Чизи дигаре, ки мавриди истиқболи мо қарор гирифт, ислоҳоти қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти корхонаҳои муштарак аст. Яъне дарвоқеъ ин бештар ба масоили ҳуқуқӣ ва идорӣ марбут аст.

 

Аммо ин ислоҳоти идорию ҳуқуқӣ бояд дар амал натиҷа бидиҳад. Ман аз соли 2006 бад-ин сӯ ба Тоҷикистон рафтуомад дорам ва бояд самимона бигӯям, ки вақте дирӯз дар шаҳр гаштугузор мекардам, тағйиротеро дар наҳваи тиҷорат, ки дар Душанбе роҳ уфтодааст, дидам. Ҳам дар теъдод ва ҳам дар сифати тиҷорат. Масалан дар соли 2006 дар Тоҷикистон ягон фурӯшгоҳ (супермаркет) набуд. Ҳоло бубинед, чи қадар зиёданд. Яъне таъминоти занҷираӣ вуҷуд дорад ва корҳои зиёде пушти ин фаъолиятҳо ҳаст, ки ба роҳ уфтодааст.

 

Ё ин ки маводди сохтмониро бигирем. Дар соли 2006 маводди сохтмонӣ фақат дар Султони Кабир фурӯхта мешуд, ки дари он ҳам, гоҳе омадани колои нав баста мешуд. Аммо ҳоло ин тавр нест. Ҳоло дуконҳои вижаи маводди сохтмонӣ вуҷуд дорад. Рестуронҳо ҳам ҳамин тавр ва ғайра. Вале боз ҳам агар бипурсед, ки оё ин тағйирот куллӣ буд, мегӯям на. Касе ҳам тағйироти куллӣ таваққуъ надорад ва фақат ин пешрафтҳо ҳастанд, ҳадафи мо ҳам дар гузориш мушоҳидаи ин пешрафтҳо буд.

 

-Хеле хуб, аммо дар ин гузориш мехонем, ки дар Тоҷикистон шароити ҳимоят аз сармоягузорон беҳбуд ёфтааст. Аммо он гуна ки мо медонем, бими ноамнии сармоягузорон дар Тоҷикистон пайваста аз далоили ҷалби камтари сармояи онҳо ба иқтисоди Тоҷикистон буд. Оё чи тағйироти ҷиддие дар ин росто сурат гирифтааст?

 

-Ноамнӣ танҳо яке аз омилҳо аст. Нишондоди “ҳимоят аз сармоягузорон” дар гузориши мо ба маънии анвоъи ҳуқуқи қонунӣ ва иттилоъотест, ки саҳмдорони кӯчаки ширкатҳо дарёфт кардаанд. Чаро саҳмдорони кӯчак? Чаро ки саҳмдорони аслии ширкат метавонанд бидуни дар назар гирифтани раъйи саҳмдорони кӯчаки ҳамон ширкат бо тасмимгирие мустақиллона муъомилотеро анҷом бидиҳанд, ки шояд барои саҳмдори кӯчак зарар меорад. Ин нишондод беҳбуд ёфтааст. Албатта, натиҷаи ин тағйирот дар қонунгузориро наметавон дар як шабонарӯз мушоҳида кард, аммо ин ҳам гоми муҳиммест.

 

-Аммо дар амал иҷрои ин қонунҳо чи тавр аст? Оё мутахассисони Шумо ин тарафи масъаларо ҳам баррасӣ кардаанд?

 

-Бале, мутахассисони мо мустақиман бо коршиносон, тоҷирон ва манобеъи огоҳ суҳбатҳо карданд ва аз таҷрубаи онҳо иттилоъ гирифтанд, ки дарвоқеъ, арзёбии қавонин дар амал аст. Ва мутахассисони мо ин корро анҷом доданд ва бояд бигӯям, ки мо дар ин замина низ равандҳои мусбате мушоҳида мекунем.

 

Масалан, давлати Тоҷикистон ба мо гуфт, ки дар арсаи сохтмон ислоҳоти муфиде анҷом додаст, аммо мо ин иддаъоро напазируфтем, зеро коршиносони мо гуфтанд, ки дар амал ҳеҷ натиҷае аз ин ислоҳот мавҷуд нест.

 

-Аммо ҳамин тавр, ки масъулони Бонки Ҷаҳонӣ пештар ишора карданд, арзёбӣ танҳо дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Пас оё дуруст аст, ки мо дар мисоли танҳо як шаҳр вазъияти тиҷорат дар кулли Тоҷикистонро муъаррифӣ кунем?

 

-Дарвоқеъ, ин яке аз маҳдудиятҳоест, ки дар вақти таҳияи ин гузориш мо бо он рӯбарӯ ҳастем. Тасаввур кунед, ки мо бузургтарин шаҳрҳои 183 кишварро арзёбӣ мекунем ва арзёбии ҳамаи шаҳрҳо дар ҳамаи 183 кишвар номумкин аст. Аммо ба бовари мо шаҳрҳои бузургтарини ҳар кишвар, ҳарчанд шароит дар онҳо бо шаҳрҳои дигари ҳамон кишвар метавонад ҳамсон набошад, метавонад нуктаи қазоват ва муқоиса бо шаҳри бузургтарини кишваре дигар бошад.

 

Барои дарёфти тасвири беҳтар дар мавриди тафовут миёни рушди шаҳрҳо ва манотиқ дар дохили кишвар алоқамандон метавонанд дунболи пажӯҳиш ва гузоришҳои дигари созмонҳои байналмилалӣ ва ё Бонки Ҷаҳонӣ раванд.

 

-Бо ин вуҷуд, аз назари Шумо ва мутахассисони Шумо оё ҳаводиси Рашт дар соли ҷорӣ аслан ба вазъияти тиҷорат дар пойтахт таъсире надошт?

 

-Агар дар ёд дошта бошем, ки “тиҷорат кардан” дақиқан кадом вижагиҳоро дар назар дорад. Ҳамон тавр ки медонед, дар ин гузориш нӯҳ омили рушди тиҷорат баррасӣ мешавад, ки “субот ё бесуботии сиёсӣ” дар миёни онҳоро надорем.

 

Пас Шумо мегӯед, ки “бесуботии сиёсӣ” дар раванди рушди тиҷорат асар намегузорад?

 

Ман ба ин чандон бовар надорам, ки субот ё бесуботии сиёсӣ метавонад зиёд ба фазои тиҷорат таъсиргузор бошад.

Аммо аз тарафи дигар, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо назарсанҷиҳое доранд, ки дар онҳо чунин саволҳо матраҳ мешаванд, ки оё эҳсоси хатар барои тиҷорат дар фазои ноороми сиёсӣ доред ё на. Пас ин гуна иттилоъро метавонем дар онҷо пайдо кунем, вале на дар гузориши “Тиҷорат кардан”.

 

Бояд бигӯям, ки омилҳои мухталифи дигаре низ ҳастанд, ки гузориши “Тиҷорат кардан” онҳоро ба инобат намегирад, омилҳое ба монанди “суботи иқтисоди калон”, “суботи сиёсӣ”, “фасод” ва хеле чизҳои дигар, ки ба инобат намегирад.

 

-Мехостам бигӯед, ки фасод дар гузориши Шумо чи гуна арзёбӣ мешавад? Вале ҳоло гуфтед, ки “фасод” дар ин гузориш ба инобат гирифта нашуда. Аммо чаро ин омили муҳим баррасӣ намешавад?

 

-Чаро ки арзёбӣ ва андоза кардани он хеле мушкил аст. Аммо дар ин бора гузоришҳои ҷудогона ва назарсанҷиҳо таҳия мешаванд. Дар бораи ин ки чи қадар ришвагирӣ сабт шудааст, барои тарҳҳои бузург ва ё барои анҷоми муқаррароти одӣ. Ба онҳо метавонем назар афканем. Ончи барои гузориши мо муҳиммтар аст, қонунгузорӣ ва муқаррарот аст, ки арзёбии фасод тавассути инҳо мушкил аст. Вале ин ба он маъно нест, ки фасод дар раванди рушди тиҷорат омили муҳим нест.

 

Я нуктаро мехоҳам бигӯям, ки ҷолиб аст. Агар муқарраротро содатар кунем, маъмулан мизони фасод низ коҳиш меёбад. Барои мисол, агар дар гузориши мо нигоҳ кунед, мебинед, ки тиҷорат кардан дар Қазоқистон ва Тоҷикистон беҳтар шудааст. Ҳамзамон дар феҳристи мизони фасоди созмони Шаффофияти Байналмилалӣ низ Қазоқистон ҷаҳиши қобили мулоҳизае дошта ва Тоҷикистон низ чанд қадам боло рафтааст. Яъне ин равандҳо ба ҳам бастагӣ доранд.

 

ӯли як соли ахир давлати Тоҷикистон ба хотири мушкилоте, ки дар тронзити қаторҳо аз қаламрави Ӯзбакистон ба вуҷуд омад, дар бораи бунбасти иқтисодӣ садо баланд кардааст. Оё дар гузориши “Тиҷорат кардан: 2011” ин вазъият мунъакис шудааст?

 

-Ин саволи хуб аст, ман ҳам ин саволро аз худам пурсида будам. Аммо ба назар мерасад, ки дар заминаи тронзити колоҳои тиҷорӣ ончи мавриди омӯзиши гузориши мо қарор мегирад, замони расидани бор ба наздиктарин бандари дарёӣ аст, ки барои Тоҷикистон ин бандарҳои Эрон мебошад ва роҳ ба онҷо тавассути Афғонистон аст.

 

Бо ин ҳол, расидан ба он ҷо низ барои колоҳои Тоҷикистон кори саҳл нест ва ин табиъист, зеро Тоҷикистон кишваре маҳсур дар хушкӣ аст. Аммо бояд таъкид кард, ки бо ин вуҷуд, замони зиёде барои интиқоли колоҳо аз Тоҷикистон ё ба ин ҷо зоеъ мешавад, дақиқтараш, ҳудуди 30 дарсади замон дар ин кор зоеъ мешавад, ки бештар ношӣ аз муқаррароти дохили кишвар аст, ки барои таҳияи аснод пас аз вуруди коло ва ё қабл аз судури он сарф мешавад. Замоне, ки тоҷир барои анҷоми муқаррароти гумрукӣ, беҳдоштӣ, байторӣ ва ё мисли ин мегузаронад.

 

-Инҳисоргароӣ дар Тоҷикистон то чи андоза ба раванди тиҷорат кардан ва рушди бахши хусусӣ таъсиргузор аст? Чун мо пайваста аз ин ки гурӯҳе кӯчак имтиёзҳои бештар назар ба дигарон доранд ва фурсат ва маҷоли бештар барои рушди тиҷорат доранд, то афроди одӣ, суҳбатҳое мешунавем.

 

Ин раванд низ тавассути нишондоде санҷида мешавад, ки “рақобати бозаргонӣ” меномем ва ин омил низ дар гузориши мо шомил нашудааст. Ман мутмаинам, ки дар ин росто мушкилоте дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо мо ин омилро дар гузориш арзёбӣ намекунем.

 

-Вақте ба ҷадвали пешрафти Тоҷикистон, ки дар гузориш омадааст, назар мекунем, мебинем, ки оғози фаъолияти тиҷорӣ дар кишвар сода шудааст, аммо нишондоде дар заминаи пешрафти тиҷорат пас аз оғози кор нест.

 

Дақиқан. Ин мушкили танҳо Тоҷикистон нест. Дар кишварҳои зиёде мебинем, ки оғози тиҷорат дар онҷоҳо осон буда, вале пешбурди муваффақи тиҷорат дар ин кишварҳо мушкили аслӣ аст. Ҳадафи аслии кишварҳо низ бояд ин бошад, ки шароитро барои муваффақ будани бахши хусусӣ фароҳам кунанд, зеро танҳо дар ин сурат кишвар тавсеъа меёбад. Ва Тоҷикистон дар ин замина бояд корҳои зиёде анҷом бидиҳад.

 

-Оё Бонки Ҷаҳонӣ дар ин росто чи гуна кумак ва мусоъидати худро пешниҳод мекунад?

 

-Яке аз нуқоти мавриди тамаркузи мо дар ҳоли ҳозир бахши сохтмон аст ва дақиқан ба ҳамин хотир ман имрӯз бо масъулони Ожонси сохтмони Тоҷикистон барои мулоқот омадаам ва бо Шумо дар ин ҷо мусоҳиба мекунам.

 

Бахши сохтмон, алалхусус дар марҳилаи кунунии рушди иқтисоди Тоҷикистон, аҳаммияти зиёде дорад, чун одамон ҳоло бештар хона месозанд ва бо сохтмон кор доранд. Ин бахши иқтисод ҷавобгӯйи ҳудуди 10 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ аст, яъне хеле муҳим аст. Ва мо ба ин арса тамаркуз дорем, чун бовар дорем, ки ин арса бояд рақобати бештар пайдо карда ва хадамоти зудтар ва беҳтаре ироа кунад.

 

-Ташаккур барои мусоҳиба.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3612-q--------q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854