02:33:24 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОҲИШИ МИЗОНИ ТИҶОРАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Идораи гумруки Тоҷикистон аз коҳиши қобили мулоҳизаи мизони табодули коло дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Неъмат Раҳматов, муъовини аввали раиси Идораи гумруки Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 13 июл дар нишасте матбуъотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин муддат ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маблағи як милёрду 540 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 715 милюн дулор ё беш аз 31 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Раҳматов, ин рақам дар шаш моҳи нахусти соли милодии гузашта маблағи ду милёрду 255 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст.

Муъовини аввали Идораи гумруки Тоҷикистон сабаби аслии коҳиши мизони табодули колоро ба асароти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ марбут донист ва гуфт, ки ин вазъ дар гузашта собиқа надоштааст.

Ба гуфтаи Неъмат Раҳматов, дар муддати даҳ соли ахир гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамвора на камтар аз 25 дарсад афзоиш доштааст.

Ин мақоми гумруки Тоҷикистон гуфт таҳлилҳо ҳокист, ки мизони содироти коло дар ин муддат маблағи 384 милюн дулорро ташкил додаааст, ки ин рақам низ дар муқоиса бо шаш моҳи нахусти соли гузашта ду маротиба камтар аст.

Ин дар ҳолест ки панба ва олуминиюм, аз колоҳои аслии содиротии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва дар пайи буҳрони молии ҷаҳонӣ қимати ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ба тври чашмгире пойин рафтааст.

Бо он ки тавлидоти олуминиюм дар ин муддат коҳиш пайдо карда, вале ҳамзамон гуфта мешавад ба иллати пойин рафтани қиматҳо, маҳсулоти панбаи соли гузашта ҳанӯз ҳам дар бархе аз корхонаҳои тавлиди панба маҳфуз аст.

Таҳлилҳо ҳокист, ки дар солҳои қаблӣ мизони воридоти коло ба Тоҷикистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш буда, аммо гузориши шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз коҳиши 25-дарсадии мизони воридоти коло ба ин кишвар дарак медиҳад.

Ба гуфтаи Неъмат Раҳматов, дар ин муддат мизони воридот ба як милёрду 155 милюн дулор расида бошад ҳам, вале дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 384 милюн дулор камтар аст.

Масъулони Идораи гумруки Тоҷикистон мегӯянд дар нимаи нахусти соли ҷорӣ ин кишвар бо 64 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошта ва саҳми Чин, Туркия, Ҷумҳурии Чек, Эрон ва Афғонистон дар содирот ва Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Омрико, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар воридот бештар аст.

Дар ҳоле ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши мизони тиҷорати хориҷӣ ба мизони даромадҳои сокинони кишвар асар гузоштааст, мақомоти идораи гумрук мегӯянд ин авомил ба коҳиши чашмгири ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон низ мунҷар шудааст.

Ба ин тартиб, он гуна ки Неъмат Раҳматов, муъовини аввали раиси гумруки Тоҷикистон, гуфт, дар нимаи нахусти соли ҷорӣ мизони ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ беш аз 10 дарсад иҷро нашудааст.

Ин дар ҳолест ки бар асоси барнома қарор буд дар нимаи нахусти соли ҷорӣ ба буҷети давлат маблағи ҳудуди 670 милюн сомонӣ ё муъодили 170 милюн дулори омрикоӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид шавад.

Бо ин ҳол, кормандони Идораи гумруки Тоҷикистон дар ин муддат беш аз ду ҳазору 570 мавриди нақзи қавонини гумрукиро сабт карда ва дар чорчӯби парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба буҷети давлат беш аз 18 милюн сомонӣ ё муъодили беш аз чаҳор милюн дулори омрикоӣ ворид кардаанд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi