"ЧАРО САРМОЯРО БА ТОҶИКИСТОН БИЁРЕМ? ФИРЕБ МЕДИҲАНД"
Намояндаи иқтисодии сафорати Эрон дар Душанбе аз тақаллуб дар фаъолияти бархе аз ширкатҳои тоҷикистонӣ ва мавориди фиреб додани сармоягузорони эронӣ дар ин кишвар хабар дод.
Аббос Баёнӣ дар як нишасти матбуъотӣ, ки рӯзи сешанбеи 14 декабр дар шаҳри Душанбе доир шуд, аз ҷумла гуфт, ки дороиҳои ширкати муштараки Эрону Тоҷикистон мавсум ба "Виттано"-ро як ширкати хусусии тоҷикистонӣ ба таври ғариқонунӣ фурӯхта ва сармоягузори онро муфлис кардааст. Хайриддин Ҳусайнов, вакили мудофеъи ин ширкат, гуфт, ки иниширкати муштарак ба тавлиди маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон машғул буд, ки дар соли 2003 бо сармояи якмилюндулории ҷониби Эрон сармоя таъсис шуда ва барои беш аз 200 нафар аз сокинони Тоҷикистон шуғл фароҳам карда буд.
Ба гуфтаи вай, фарде, ки масъулияти ин ширкатро аз ҷониби Тоҷикистон бар ӯҳда дошт, таъаҳҳудоти худро дар заминаи сабти номи он ва анҷоми мароҳили дигари расмӣ барои фаъолияти ин ширкат иҷро накардаст. Вай афзуд: "Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон мадорики расмии ширкати "Виттано"-ро дар Вазорати молияи Тоҷикистон сабт накард. Ва дар соли 2006 ин вазорат ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷеъа кард ва фаъолияти ширкат ба далели надоштани сабти номи расмӣ мутаваққиф шуд. Ҳарчанд масъулияти сабти ин ширкат ба ӯҳдаи ҷониби Тоҷикистон буд."
Оқои Ҳусайнов афзуд, ки тибқи муҳокимаи додгоҳ, баъди қатъи фаъолияти ин ширкат, дороии он аз сӯйи кумисиюни вижае бояд арзёбӣ мешуд ва ба тарафи сармоягузор ирсол мешуд. Аммо ба гуфтаи вай, ин кор анҷом нашуд ва сипас, молу амволи ин ширкат ба таври ғайриқонунӣ ба фурӯш гузошта шуда ва тавассути ҷониби севум, яъне ширкати "Ренессанс Капитал" ба изои маблағи ҳангуфте дар бонки "Ориёнбонк" ба гарав монда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Аббос Баёнӣ, намояндаи бозаргонии Эрон дар Тоҷикистон, гуфт, ки онҳо дар мавриди ин хилофкориҳо ба Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Оқои Баёнӣ гуфт, ки аз авоили соли ҷорӣ сафорати Эрон баъд аз баррасии шикоёти иддае аз сармоягузорони эронӣ чаҳор номаи шикоятӣ дар мавриди нақзи қарордодҳои ҳамкорӣ ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон ирсол кардааст. Аммо вай афзуд, ки сармогузорони эронӣ то ҳол ба ин номаҳо посухи мусбатеро дарёфт накардаанд.
"Наравед, фиреб медиҳанд"
Оқои Баёнӣ мегӯяд ҳарчанд мизони сармоягузории Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст, вале ахиран ба дунболи эҷоди мушкилоти дарёфти баҳра аз сармояҳо барои иддае аз сармоягузорони хусусии эронӣ, онҳо дигар алоқаманди ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон нестанд. Ба гуфтаи вай, бархе аз сармоягузорони эронӣ мегӯянд, ки "чаро мо бояд сармояамонро ба Тоҷикистон биёрему дар ин ҷо бо дастони худамон аз байн бибарем?"
Дар ин нишаст мақомоти эронӣ ба унвони мисол аз ширкатҳои "Роҳсоз" ва "Идеол сервис" ёдовар шуданд, ки бо ширкати роҳсозии "Некудеж"-и эронӣ ба унвони корфармо барои таъмири роҳҳои шаҳр қарордод имзо кардаанд. Ин ширкатҳо бо ҳам тавофуқ кардаанд, ки дар сурати бурузи ихтилофоти эҳтимолӣ сафорати Эрон дар қазия доварӣ хоҳад кард.
Оқои Баёнӣ афзуд, ки баъд аз анҷоми корҳои поксозии осфолти шаҳри Душанбе, бо вуҷуди он ки дар қонуни Тоҷикистон пардохти молиёт ба ӯҳдаи ширкатҳои даъваткунанда буд, вале: "Бо баҳонаи пардохти молиёт ширкатҳои тоҷикистонӣ аз иҷрои мафодди қародод даст мекашанд ва ба ҷойи пардохти беш аз 200 ҳазор дулор ба ширкати "Некудиж" чаҳор ҳазор дулор пардохт мекунанд."
Ба гуфтаи ин масъули сафорати Эрон, дар натиҷа раиси ширкати эронӣ, ки ҳамзамон масъулияти як анҷумани сармоягузорони он кишварро ба ӯҳда дошт, дар ҷаласоти намояндагони анҷумани сармоягузорон аз таҷрибаи талхи хеш дар Тоҷикистон ҳикоят карда ва сармоягузоронро ҳушдор додааст, ки аз сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон худдорб кунанд.
Дар ин иншаст ҳамчунин гуфта шуд, ки бархе аз сармоягузорони эронӣ, ки барои дифоъ аз мавқеъи худ ва бозгардондани сармояашон ба додгоҳҳо шикоят бурдаанд, тавассути афроди алоҳида, худи онҳо ё аъзои хонаводаашон таъқиб шудаанд.
"Раиси ҷумҳур намедонад"
Ба бовари Аббос Баёнӣ, ҳарчанд мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур, кӯшишҳои зиёде барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин кишвар мекунанд, вале "афроди алоҳидае, ки даст ба фиреби иддае аз сармоягузорон мезананд, аз афзоиши сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон монеъ мешаванд."
Ба гуфтаи вай, ба эҳтимоли зиёд, мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз ин зуҳуроти номатлуб иттилоъ надоранд, вагарна барои ислоҳи он чораҳо меандешиданд. Ин масъули сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва вакили мудофеъи ширкати "Виттано" чандин асноди марбут ба мавориди дигари фиреб хӯрдани сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистонро дар ихтиёри хабарнигорон гузоштанд.
Аз ҷумла, яке аз ин мадорик иборат аз гузориши раиси ширкати "Ренессанс Капитал" аст, ки гӯё дар мавриди масрафи беш аз ду милюн дулоре, ки ин ширкат аз "Ориёнбонк" дар изои дороиҳои ширкати "Виттано" ба даст овардааст, ҳикоят мекунад. Дар феҳристи ин гузориш дар канори масрафи пул барои мусофират ва харидории маводди мухталиф, ҳамчунин маболиғе ба андозаи панҷсад то панҷоҳ ҳазор дулор ба номи афроди алоҳидае сабт шудааст.
Аз ҷумла, дар миёни афроде, ки ин сармояро дарёфт кардаанд, асомии фарзандони бархе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ мавҷуд будааст. Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки сафорати Эрон дар Тоҷикистон шикоёте дар мавриди фиреб хӯрдани тоҷирони тоҷик аз сӯйи иддае аз тоҷирони эрониро низ дарёфт ва баррасӣ кардааст. Талоши мо бо масъулони ширкатҳои тоҷикистонӣ барои суҳбат бо онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳимоят аз сармояи хусусӣ заминаи хуберо фароҳам кардааст. Вале Баҳор Камаров, коршиноси умури иқтисодӣ, мегӯяд, ки "иҷрои ин қонунҳо дар асл ва назорат бар онҳо дар сатҳи лозима дар Тоҷикистон ба роҳ андохта нашудааст."
Оқои Камаров меафзояд: "Дар ҳоле ки Тоҷикистон шадидан ба ҷалби сармояи хусусӣ барои таъсиси корхонаҳо барои тавлиди маҳсулоти дохилӣ ниёз дорад, фирор додани сармоягузорони хориҷӣ бар зарари мардуми фақри бенавои тоҷик аст, ки ба ҷойи кор ниёз доранд."
Ин коршинсои тоҷик мӯътақид аст, ки танҳо тақвияти фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ ва муҷозот шудани афроде, ки даст ба тақаллуб ва ё фиреби сармоягузорони хориҷӣ мезананд, метавонад аз ин падидаи номатлуб ҷилавгирӣ кунад. Ҳамчунин, бисёре аз коршиносон дар Тоҷикистон ҳамвора аз он мегӯянд, ки боло будани сатҳи фасоди молӣ дар ин кишвар монеъи аслӣ дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Точикистон буда ва ҳамчунин, бар тасвири ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ латма задааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3884-q------q.html