ПЕШНИҲОДИ ТАБДИЛИ БОНКИ “ТИҶОРАТ” БА ЯК БОНКИ МУСТАҚИЛ
Намояндагии бонки “Тиҷорат”–и Эрон дар Тоҷикистон ба як муассисаи мустақилли молӣ табдил хоҳад шуд. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), мегӯяд, ки дар сурати табдил, бонки “Тиҷорат” метавонад ба муштариён куллияи анвоъи хадамоти бонкиро ироа кунад.
Аз сӯйи дигар, БМТ алоқаманд аст, ки муассисоти молии хориҷӣ дар Тоҷикистон бештар ба вомдиҳӣ машғул шаванд, вале тибқи қавонини кишвар, намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ аз ин ҳақ бархурдор нестанд. Оқои Раҳимзода дар нишасти матбуъотии Бонки Миллӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 20 январ доир шуд, ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло қонуни Тоҷикистон дар бораи фаъолияти намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ ислоҳ мешавад ва ҳадаф аз он маҳдуд сохтани фаъолияти чунин муассисот аст.
Ба гуфтаи раиси БМТ, таъсиси бонкҳои мустақилли хориҷӣ дар кишварҳои ҷаҳон таҷрубае маъмулӣ аст ва собит шудааст, ки фаъолияти чунин муассисаҳои молӣ барои ҳар ду ҷониб судовар аст.
Вай афзуд: "Мо пешниҳод дорем, ки бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон на намояндагӣ, балки бонкҳои вобаста ба худро таъсис диҳанд. Ин амр имкон медиҳад, ки муассисоти молии хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолияти комил дошта бошанд. Аз сӯйи дигар, мо низ аз имкони назорати комили фаъолияти онҳо бархурдор хоҳем шуд."
Дар мавриди намояндагии бонки “Тиҷорат” оқои Раҳимзода хабар дод, ки ахиран раёсати ин бонки эронӣ аз Тоҷикистон дидан карда ва барои таъсиси як бонки мустақил дар заминаи ин бонк дархости расмӣ кардааст.
Ба гуфтаи раиси БМТ, дар гузашта чунин тасаввуре вуҷуд дошт, ки "тибқи аҳкоми шариъат бонкҳои кишварҳои исломӣ наметавонад ба муштариён воми бобаҳра бидиҳанд. Вале мо медонем, ки бонкҳои марбут ба “Тиҷорат” дар Озарбойҷон ва Арманистон ба муштариён эътибороте бо баҳра пешниҳод мекунанд."
Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон 138 муассисаи кӯчаки вомдиҳанда ва 14 бонк фаъол ҳастанд. Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон бонкҳои хориҷии “Казкоммерсбанк” ва “Росселхозбанк” бахшҳои худро фаъол кардаанд. Ҳамчунин, чанд созмон ва ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон “Аксессбонк”-ро таъсис кардаанд. Ба гуфтаи оқои Раҳимзода, дар ин миён танҳо бонки “Тиҷорат” дар Душанбе намояндагӣ дорад ва наметавонад ба муштариён хадамоти комили бонкӣ ироа кунад.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло аз бонки “Азиз-групп”–и Афғонистон ва муасисоти молии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон ва Қатар ба БМТ дархости иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистон ворид шуда ва онҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
“Аз қарз гирифтан набояд ҳаросид”
Шариф Раҳимзода дар нишасти матбуъотии Бонки Миллӣ ба унвони иқтисоддон ҳамчунин мавзӯъи афзоиши бидеҳиҳои давлати Тоҷикистонро тавзеҳ дод, ки ахиран болиғ бар як милёрду 800 милюн дулор аст. Ба эътиқоди оқои Раҳизода, ин маблағ чандон бузург нест. Зеро "агар ба ҳар як нафари ҷамъияти Тоҷикистон онро тақсим кунед, муъодили 240 дулор хоҳад шуд."
Вай ҳамчунин мегӯяд, ки феълан бидеҳиҳои Тоҷикистон муъодили 32 дарсади тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар аст. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, бидеҳиҳои Омрико муъодили 80 дарсанд ва Лаҳистон беш аз сад дарсад будааст.
Оқои Раҳимзода афзуд: "Дуруст аст, ки аз ин кишварҳо низ дигарон бидеҳкоранд ва иқтисоди онҳо пешрафта аст. Вале омори расмии тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон низ комил нест. Мо ҳадс мезанем, ки то панҷоҳ дарсади тавлидоти Тоҷикистон ба истилоҳ “соягӣ” аст ва бо дарназардошти он, мизони бидеҳиҳои давлати Тоҷикистон пойинтар аз 32 дарсади тавлидоти расмӣ мешавад."
Аз сӯйи дигар, вай даъват кард, ки ҳоло бояд ҳарчӣ бештар эътибор дарёфт кард ва онро "барои сохтмон масраф кард." Оқои Раҳимзода ёдовар шуд, ки барои сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб дар даҳаи 1990 маблағи 70 милюн сомонӣ масраф шуда буд. Ба гуфтаи вай, "вале агар мо ҳоло ба сохтмони ин роҳ оғоз мекардем, ҳазинаи он болиғ бар 500 милюн сомонӣ мешуд."
Раиси БМТ мегӯяд, ки бо дарназардошти коҳиши арзиши дулор бояд бештар бо ин арз эътибор гирифт. Вай афзуд: "Дар гузашта қимати як опортумон дар маркази шаҳри Душанбе се ҳазор дулор буд, ҳоло ба яксад ҳазор дулор расидааст. Яъне арзиши дулор пойин рафта ва бозпардохти бидеҳиҳо содатар шудааст."
Вай ҳушдор дод, ки дар мавриди дарёфти эътибороти Чин бо юан, пули миллии ин кишвар, бояд мувозиб буд, зеро иқтисоди ин кишвар дар ҳоли рушд аст ва бозпардохти ин бидеҳиҳо дар сурати боло рафтани арзиши юан душвор хоҳад шуд.
"Мо ҷонибдори муъомила бо рубли русӢ ҳастем"
Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода хабар дод, ки Тоҷикистон алоқаманд аст дар равобити иқтисодӣ бо Русия ва бархе аз кишварҳои ҳамсуд пули миллии худро бар арзҳои хориҷӣ тарҷеҳ диҳад. Ба гуфтаи вай, зимни табдили пули миллӣ ба арзи хориҷӣ, аз ҷумла дулор ва ё юру, тоҷирон ва бонкҳо зарар мебинанд. Оқои Раҳимзода хабар дод, ки ба манзури оғози тиҷорат бо Русия бо рубли ин кишвар тадобире низ анҷом шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар соли 2010 БМТ дар бозори дохилӣ 17 милёрд рубли русӣ харидорӣ кардааст, ки аз ин маблағ чаҳор милёрд пули нақд аст. Зимнан, харидории ин миқдор рубли русӣ дар бозори дохилӣ ба афзоиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия имконпазир шудааст. Зеро дар 11 моҳи соли гузашта ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 тақрибан 27 дарсад афзоиш ёфтааст.
Шариф Раҳимзода мегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷик алорағми солҳои пеш аз табдили рубл ба дулор дар Русия худдорӣ мекунанд ва барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон бештар рубли русӣ интиқол медиҳанд. Вай ҳамчунин дар мавриди таъсири фурӯши саҳоми “Роғун” дар иқтисоди Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, дуруст аст, ки ҳудуди 190 милюн дулор аз муъомилот бароварда шуд. Вале БМТ ҳамзамон дар соли гузашта сармоягузории бонкҳои кишварро афзоиш дод ва ба ин тартиб, бозори дохилӣ бо камбуди пул рӯбарӯ нашудааст.
Оқои Раҳимзода афзуд: "Албатта, наметавон гуфт, ки фурӯши саҳмияҳо комилан беасар буд. Бархе аз ширкатҳо, ки саҳоми “Роғун”-ро харидорӣ карданд, дар иҷрои бархе аз барномаҳои худ ё дар мавриди дарёфти эътиборот бо мушкил рӯбарӯ шуданд."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4209-2011-01-20-09-40-50.html