03:55:03 07-уми Июни 2025 сол

АБДУРАҲИМОВ: ТОҶИКИСТОН БА ХОРИҶА АНГИШТ СОДИР МЕКУНАД

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон ба миқдори 200 ҳазору 400 тун ангишт ё зуғол истихроҷ шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2009 бисту чаҳор ҳазор тун бештар аст. Ба ин тартиб, мизони воридоти ангишт аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиддан коҳиш ёфта ва барои аввалин бор Тоҷикистон ба хориҷа ангишт содир кардааст.

 

Бахриддин АбдурахимовАфзун бар ин, тарҳҳое дар заминаи тавлиди нерӯи барқу гоз аз ангишт рӯйи даст гирифта шудаанд. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад дар мусоҳибае ихтисосӣ бо Баҳриддин Абдураҳимов, раиси Идораи санъати ангишт ва манобеъи энержии олтернотиви Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, нахуст аз ҷузъиёти ин гуна тарҳҳо суол кардааст: Воқеъан, сармоягузорони хориҷӣ дар маъдани “Фон-Яғноб” ва “Зиддӣ” Мустанадоти молию фаннии нерӯгоҳҳои ҳароратиеро, ки бо ангишт кор мекунанд, таҳия кардаанд. Барои бунёди ин нерӯгоҳҳо маболиғи ҳангуфт лозим аст.

 

Барои фаъолияти як чархаи нерӯгоҳи ҳароратӣ дар маъдани “Фон-Яғноб” бо тавоноии 500 меговот нерӯи барқ 1 милюну 700 ҳазор тун ангишт лозим аст. Дар маъодини “Шӯроб”-у “Зиддӣ” низ эҳдоси нерӯгоҳҳои ҳароратӣ бо тавоноии 270 меговот нерӯи барқ шурӯъ шудааст. Барои фаъолияти муназзами ин нерӯгоҳҳо истихроҷи ангишт дар ин маъодин бояд 600 ҳазор тунро ташкил диҳад. Дар шаҳри Душанбе нерӯгоҳҳои ҳароратӣ дар канори тавлиди нерӯи барқ оби гарм ва гармиро барои сокинон таъмин хоҳад кард.

 

-Оё корҳо барои тавлиди гоз аз ангишт низ оғоз шудааст?

 

-Бале, бо пуштибонии молии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ширкатҳои ин кишвар Мустанадоти молию фаннии (ТЭО) ин гуна корхона омода шудааст. Омрико дар ин замина таҷрубаи ғанӣ дорад. Дар соли 2008 дар ин кишвар аз маъодини ангишт 56 милёрд метри мукаъъаб гози метан истихроҷ гардид. Тоҷикистон бо ширкатҳои омрикоӣ дар заминаи тавлиди гоз аз ангишт ҳамкорӣ дорад. Корхонаи олуминиюми Тоҷикистон таҷҳизоти зарурӣ барои ин корхонаро ворид кардааст. Дар назар аст, ки тавлиди гоз аз ангишти маъдани “Зиддӣ” шурӯъ шавад.

 

-Дар ҳоле ки барои фаъол шудани нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва корхонаҳои тавлиди гоз аз ангишт чанд сол лозим аст, ҳоло дар Тоҷикистон ба унвони манобеъи энержӣ дар канори нерӯи барқ умдатан аз ангишт истифода мешавад. Масрафкунандагони аслии ангишт дар Тоҷикистон чи муассисот ё афроде ҳастанд?

 

-Теъдоде аз корхонаҳои санъатӣ ва сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон аз масрафкунандагони аслии ангишт маҳсуб мешаванд. Дар пайи мушкилоти камбуди гоз дар Тоҷикистон ҳоло 6 корхонаи симон, 68 корхонаи тавлиди хишт, 31 корхонаи филиззгудозӣ ва 15 корхонаи санъати хӯрокворӣ ба ивази гоз аз ангишт истифода мекунанд. Ниёзи ин корхонаҳо ба ангишт дар як сол 146 ҳазор тунро ташкил медиҳад.

 

Зимнан, давлати Тоҷикистон корхонаҳои санъатии кишварро муваззаф кардааст, ки танҳо ангишти истихроҷи ватаниро харидорӣ кунанд. Соли ҷорӣ ниёзҳои идороту муассисаҳои давлатӣ ва сокинони Тоҷикистон ба ангишт комилан бароварда шуд. Афзун бар ин, то ҳол дар анборҳои ширкатҳои фурӯши ангишт 65 ҳазор тун боқӣ мондааст. Далели ин амр гарм омадани зимистони ҷорӣ дар Тоҷикистон аст.

 

Ҳодисаҳои оташсӯзӣ дар анборҳои ангишт низ иттифоқ афтодааст. Масалан, яке аз анборҳои шаҳри Душанбе, ки беш аз 2 ҳазор тун ангишт дар он нигаҳдорӣ мешавад, ба таври табиъӣ 7 маротиба оташ гирифт.

 

-Маъодини ангишти Тоҷикистон ниёзҳои ин кишвар ба ин маводди сӯхтиро бароварда карда метавонад?

 

-Тақрибан бароварда мекунад. Дар соли гузашта дар Тоҷикистон 14 маъдан фаъол буда ва беш аз 200 ҳазор тун ангишт истихроҷ гардид. Ҳамчунин, дар соли гузашта аз хориҷи кишвар беш аз 6 ҳазор тун ангишт ворид шуд, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2008 се баробар камтар аст.

 

-“Шӯроб” танҳо маъдани ангишти Тоҷикистон аст, ки роҳи оҳан дорад. Дар маъодини дигар ангишт аз тариқи мошинҳо ҳамл мешавад. Дар соли гузашта нархи дизел ва бензин мутаносибан 40 ва 46 дар сад афзоиш ёфт. Ин амр оё ба қимати ангишт асар гузоштааст?

 

-Бале. Ба далели боло рафтани баҳои маводди сӯхтӣ арзиши ангишт низ афзоиш ёфт. Масалан, дар маъдани “Зиддӣ” қимати 1 тун ангишт 60-70 сомонӣ буда ва арзиши ин ангишт дар бозори Душанбе то ба 160 сомонӣ расид. Ҳамасола арзиши ангишт бо Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамоҳанг шуда ва ба корхонаҳою сокинони кишвар пешниҳод мешавад. Соли гузашта қимати мутавассити 1 тун ангишти маъодини рӯйизаминӣ 101 сомонӣ ва зерзаминӣ ё шахта 200 сомонӣ муқаррар шуда буд.

 

Дар маъдани “Шӯроб” ангишт дар умқи 450 то 500 метр истихроҷ мешавад. Барои ин кор миқдори зиёди нерӯи барқ лозим аст. Аз ин лиҳоз, қимати 1 тун ангишти ин маъдан вобаста ба навъҳояш аз 80 то 450 сомонӣ аст. Арзиши ангишти бархе аз маъодини рӯйизаминӣ, назири “Назарайлоқ”, ба иллати дар иртифоъи 4500 метр аз сатҳи баҳр қарор доштан, аз роҳи марказӣ дур будан ва мавсимӣ будани раванди истихроҷ гарон аст.

 

Аммо ба далели кайфияти олӣ доштани ангишти ин маъдан иддаи зиёди корхонаҳо онро харидорӣ мекунанд. Корхонаи олуминиюми Тоҷикистон дар соли гузашта аз маъдани “Назарайлоқ” 4 ҳазор тун ангишт харидорӣ кард.

 

-Куллияи маъодини ангишти Тоҷикистон моликияти давлатӣ ҳастанд?

 

-На, танҳо 6 маъдани бузурге чун Фон-Яғноб, Шӯроб, Шӯрообод ва Зиддӣ давлатӣ буда ва 8 маъдани кӯчак ба ширкатҳои хусусӣ таъаллуқ доранд.Маъодини кӯчаки “Ҳакимӣ”, “Ғуз” ва “Тошқӯтан” солиёна аз 500 то 1000 тун ангишт истихроҷ мекунанд. Умдатан, ин маъодин барои мардуми маҳаллӣ ангиштро таъмин мекунанд. Вале дар соли гузашта дар маъдани "Равнов"-и ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба далели камбуди таҷҳизоти фаннӣ ва боридани барфи зиёд ангишт истихроҷ нашуд ва он ба ин ноҳия аз манотиқи дигар ворид гардид.

 

-Сармоягузорони хориҷӣ оё ба бахши истихроҷи ангишти Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд? Оё то ҳол ширкатҳои хориҷӣ ба ин бахш сармоя ворид кардаанд?

 

-Дар се соли ахир ба бахши истихроҷи ангишти Тоҷикистон ба миқдори 12 милюн дулор сармоя ворид шудааст. Аз ҷумла, як ширкати бритониёӣ ба маъодини “Назарайлоқ”, “Зиддӣ” ва “Миёнаду” ба маблағи 10 милюн дулор экскватор, булдозер ва мошинҳои борӣ харидорӣ кард. Дар натиҷа, истихроҷи ангишт дар ин маъодин афзоиш ёфт. Аз ҷумла, дар маъдани “Зиддӣ” дар соли гузашта 52 ҳазор тун ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба соли 2009 18 ҳазор тун бештар аст.

 

-Сармоягузорони хориҷӣ аз маъодини ангишти Тоҷикистон чи нафъ мебаранд?

 

-Дар сурати афзоиши мизони истихроҷ, таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷ маболиғи зиёде ба даст меояд. Масалан, бархе аз маъодин аллакай ба ҳисоби оидот аз фурӯши ангишт пули экскваторҳоро пардохт кардаанд.

 

-Шумо ба судури ангишт ба кишварҳои хориҷӣ ишора кардед. Манзуратон кадом кишварҳост?

 

-Дар соли гузашта ширкатҳои Тоҷикистон ба Покистон ба миқдори 800 тун ангишт содир карданд. Дар сатҳи давлатҳо Тоҷикистон бо ин кишвар дар заминаи судури ангишт қарордоде имзо накардааст. Феълан Тоҷикистон бо Покистон, Ҳинд, Афғонистон ва Чин дар мавриди имкони судури ангишт ба ин мамолик музокирот мекунад. Ҳамзамон, Тоҷикистон бояд имкону зарфиятҳои худ барои истихроҷи ангиштро дар назар гирад. Нахуст, бояд мизони истихроҷи ангишт дар кишвар ба 700-800 ҳазор тун расад. Дар ин сурат ҳам ниёзҳои бозори дохилӣ бароварда шуда ва ҳам ба кишварҳои хориҷӣ содир хоҳад шуд.

 

-Бо таваҷҷӯҳ ба захоири бузурги ангишт дар Тоҷикистон имкони расидан ба ин ҳадаф вуҷуд дорад. Ҳамин тур не?

 

-Бале. Захираи умумии ангишт дар Тоҷикистон 4,5 милёрд тунро ташкил медиҳад. Аммо барои истихроҷи ангишти бештар ҳазинаи ҳангуфте лозим аст. Ҳатто барои истихроҷи ангишт дар маъодини рӯйизаминӣ қабатҳои зиёди заминро бояд поксозӣ кард. Масалан, дар соли гузашта ба миқдори 1 милюну 400 ҳазор тун корҳои поксозии қабатҳои замин анҷом шудааст.

 

Дар сурати афзоиши мизони сармояи хориҷӣ ва пуштибонии молии давлати Тоҷикистон мумкин аст дар чанд соли оянда мизони истихроҷи ангишт дар ин кишвар ба 500-600 ҳазор тун расад. Дар зарфи ҳафт соли ахир даҳ баробар афзоиш ёфтани мизони истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон моро барои даст ёфтан ба аҳдофи пешбинишуда хушбин сохтааст.

 

- Барои сӯҳбат сипосгузорам.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4296-2011-01-29-07-39-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854