АФЗОИШИ ҚИМАТИ ХАДАМОТИ ШИРКАТҲОИ ТЕЛЕФУНИ ҲАМРОҲ
Аз аввали моҳи ҷорӣ арзиши хадамоти ширкатҳои фароҳамгари иртиботи мобилӣ дар Тоҷикистон 3 дар сад боло рафтааст. Ғаффор Эркаев, раиси Анҷумани фароҳамгарони хадамоти телефуни ҳамроҳ дар Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 2 феврал ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин амр дар пайи ҷорӣ шудани молиёти изофии (аксизии) 3-дарсадӣ барои ироаи хадамоти телефуни ҳамроҳ анҷом шудааст.
Ба гуфтаи оқои Эркаев, ҳамакнун ширкатҳои фароҳамгари иртибототи мобилии Тоҷикистон ба ҳангоми фурӯши телефунҳои ҳамроҳ, симкортҳо ва ироаи хадамоти дигар аз муштариён маболиғи бештаре меситонанд. Аммо Исмоил Талбаков, намояндаи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки молиёти аксизии 3-дарсадӣ бояд аз даромади ширкатҳои иртибототӣ пардохт шавад. Ба эътиқоди оқои Талбаков, ин ширкатҳо даромади ҳангуфте доранд ва ба манзури "аз даст надодани муштариёни худ онҳо бояд ин маблағро аз бахши даромади худ пардохт кунанд."
Исмоил Талбаков гуфт, ба ҳангоми баррасии пешнависи ислоҳот дар Қонуни (кодекси) молиёти Тоҷикистон дар авохири соли гузашта ӯ дар ин замина пешниҳод карда буд, вале назари ӯ ба эътибор гирифта нашудааст. Масъулони Анҷумани фароҳамгарони иртиботи телефуни ҳамроҳ дар Тоҷикистон ба навбаи худ гуфтанд, ки то ҳол ширкатҳои фароҳамгари иртиботи мобилӣ аз бахши даромади худ ба буҷети кишвар молиёт пардохт мекунанд ва молиёти изофӣ (аксизӣ) танҳо барои ироаи хадамот пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, онҳо таъкид карданд, ин молиёти изофӣ бо Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамоҳанг шуда ва ин ожонс онро қонунӣ хондааст. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки вокуниши муштариён ба молиёти изофии 3-дарсадӣ чи гуна аст? Чанд тан аз ҷавононе, ки дар назди сохтмони ширкати "MLT" бо онҳо сӯҳбат доштам, дар мавриди ин навъи молиёт ибрози беиттилоъӣ карданд.
Як ҷавон, ки худро Қодир муъаррифӣ кард, гуфт, ки вай моҳиёна барои сӯҳбатҳои телефонӣ ба ширкати иртибототии "MLT" беш аз 100 сомонӣ пардохт мекунад ва ба ин рақам зам шудани 3 ё 4 сомонӣ ӯро чандон нигарон намекунад. Зимнан, муқаррароти марбут ба молиёти аксизии 3-дарсадӣ барои фароҳамгарони иртиботи мобилӣ рӯзи 29 декабри соли гузашта аз ҷониби Президент Раҳмон имзо шуда ва пас аз чопи он дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” аз 6 январи соли ҷорӣ ба мавриди иҷро даромадааст.
Тибқи иттилоъи Анҷумани фароҳамгарони хадамоти телефуни ҳамроҳ дар Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар 9 фароҳамгари иртиботи мобилӣ фаъолият мекунанд ва онҳо беш аз 6 милюн муштарӣ доранд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи январи соли 2009 аз афзоиши бесобиқаи пардохтҳо барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ ибрози нигаронӣ карда буд.
Оқои Раҳмон он замон гуфта буд, ки мардум беш аз 800 милюн сомониро мардум ба ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефуни ҳамроҳ додааст. Ба дунболи он, дар телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон гузоришҳое дар бораи зарари телефунҳои ҳамроҳ ба саломатии инсон пахш шуда ва рекломи ширкатҳои мухобиротӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе низ барои муддате коҳиш ёфта буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4357-afzoishi-kimati-khadamoti.html