14:20:33 01-уми Июни 2025 сол

"CASA-1000" ДАР БАРРАСИИ ҲАЙАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

Имрӯз ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва кишоварзиро баррасӣ мекунанд. Яке аз мавзӯъҳои аслии мавриди баррасӣ дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон баррасии ҷараёни барномаи САSА-1000 хоҳад буд. Ин барнома эҳдоси хати интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути Афғонистон ба Покистонро дар назар дорад.

 

CASA-1000: ТАРҲИ МУШКИЛЗО?

 

ZubaydulloЗубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, мегӯяд: "Як пружаи муҳими минтақаӣ ин САSА-1000 аст, ки дар ин ҷаласаи Кумисюн баррасӣ мешавад. Ин барнома муҳим ва мешавад гуфт проблемадор аст, зеро бархе "дӯстон"-и мо барои он низ проблема пайдо мекунанд. Аммо корҳои пешакӣ дар ин пружа тавассути ширкатҳои канадагӣ анҷом шудааст."

 

Барномаи мазкур 680 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт, ки бархе аз созмонҳои сармоягузор, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини молии он изҳори омодагӣ кардаанд. Ин тарҳ аз чанд сол ба ин ҷониб мавриди баҳсу баррасӣ қарор доштааст. Тоҷикистон дар назар дорад, ки дар сурати иҷрои барномаҳои энержии худ, аз ҷумла сохтани сарбандҳои бузурги обӣ кишварҳои Покистон ва инчунин Афғонистон аз масрафкунандагони нерӯи барқи Тоҷикистон хоҳанд буд. Покистон аз солҳо ба ин сӯ алоқамандии худро ба иҷрои таҳҳои энержии Тоҷикистон ва аз он ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун баён кардааст.

 

КӢ МУХОЛИФАТ МЕКУНАД?

Дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳатто Покистон барои сармоягузории тарҳи Роғун дар ҳудуди 500 миллион доллар омодагӣ нишон дод. Вале ин иқдом ҳамеша бо мухолифати пинҳону ошкори кишвраҳои Русия ва Узбакистон ҳамроҳ будааст. Аммо акнун чӣ нерӯе ба эҳдоси хати интиқоли барқ ба ҷануби Осиё мухолифат мекунад?

 

SaadiСаъдии Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ин ҷо Русия аст, ки акнун мехоҳад дар ин тарҳ нақши фаъолтаре дошта бошад. "Дар мавриди аввал Русия мухолиф аст ва Ҳиндустон ҳам то ҷое ин тарҳро ба манфиати худ намебинад, зеро баҳраи аслиро аз ин тарҳ Покистон мебардорад. Аммо Русия орзуи набудани инро дар сар намепарварад, чун он тарҳ алорағми ҳар хостае иҷро хоҳад шуд. Ба ин далел, Русия мехоҳад ба унвони шарики стратегии минтақа дар ин тарҳ саҳми фаъолтар дошта бошад ва дар ба истилоҳ "торг" ширкат бикунад",-афзуд ӯ.

 

ХАТИ ПАРВОЗ: АЗ ДУШАНБЕ БА ИСЛОМОБОД

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Исломобод, дар ҷаласаи ҳайатҳои ҳамкории ду кишвар масоили дигари мавриди алоқаи ду дуҷониб, аз ҷумла ифтитоҳи хати парвози миёни Душанбе ва Исломобод низ баҳс мешавад. Парвози ширкатҳои хусусӣ, ки дар гузашта дар ин масир парвоз анҷом медоданд, номуваффақ будааст. Ба гуфтаи ҷаноби сафир ба эҳтимоли зиёд дар ин масир парвози ширкатҳои давлатӣ роҳандозӣ шавад.

 

Табодули мол дар соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Покистон 21 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон аз Покистон аслан семент, картошка ва дору ворид ва ба он кишвар то кунун пахта, пашм, пӯст содир кардааст. Албатта, мақомоти Тоҷикистон даъво доранд, ки бисёре аз ҷангиёни гурӯҳҳои ифротие низ ки дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи кишвар мухолифи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷангиданд, дар урдугоҳҳои қаламрави Покистон таълим дидаанд.

 

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4544-casa-1000-dar-barrasii-tojikistonu-pokiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854