АФЗОИШИ СОДИРОТИ СЕБЗАМИНӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ
Дар се моҳи соли милодии ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди бист ҳазор тун себзаминӣ ё картошка содир шудааст. Тибқи иттилоъи Идораи гумруки Тоҷикистон, ин бештари себзаминии содиршуда ба Русия тавлиди Покистон аст ва Тоҷикистон дар ин замина ба унвони як кишвари тронзитӣ хидмат мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, бар асари хушксолии соли гузашта дар Русия, ин кишвар ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ башиддат ниёз дорад. Неъматбой Раҳматов, муъовини аввали раиси Идораи гумруки Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 6 апрел дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ тронзити себзаминӣ тавассути Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, аз авоили соли ҷорӣ ба манотиқи мухталифи Русия ҳудуди бист ҳазор тун себзаминӣ ё картошка содир шудааст. Вай афзуд: "Ин амрро наметавон содироти картошка аз Тоҷикистон номид, зеро аз қаламарави кишвари мо дар ин замина танҳо барои тронзит истифода мешавад."
Аммо ба назар мерасад, ки бештар тоҷирони тоҷик себзаминии тавлиди Покистонро дар наздикии марз бо Афғонистон харида ва дубора ба Русия содир мекунанд. Аз ҷумла, як тоҷири тоҷик, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки ҳамарӯза тавассути пули миёни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён даҳҳо комюни ҳомили себзаминӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Вай афзуд: "Мо ин картошкаро харидорӣ ва ба вогунҳо бор мекунем ва ба Русия мефиристем. Барои сареъан интиқол додани вогунҳо ва сарфаи вақту маблағ вогунҳоро ба номи тоҷирони афғон ва покистонӣ сабт мекунем."
Ин тоҷири маҳаллӣ хабар дод, ки ин амр бо қавонини Тоҷикистон муғойир нест, зеро тоҷирони тоҷик дар ин доду ситад ба унвони миёнҷӣ бо тоҷирони Русия саҳм гирифта ва дар фурӯши картошка дар Русия саҳми бештаре доранд. Феълан, қимати себзаминӣ дар бозорҳои Тоҷикистон аз ду то дувуним сомонӣ аст. Вале дар Русия, арзиши он то ба 120 рубл ё муъодили чаҳор дулор расидааст.
Далели болоравии нархи себзаминӣ дар Русия хушксолии тобистони гузашта ва оташсӯзиҳо дар ҷангалҳои он кишвар унвон мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, давлати Русия аз авоили моҳи ҷорӣ пардохти молиёт ва таъруфаҳои гумрукӣ барои воридоти сабзиҷот, аз ҷумла, пиёз, сабзӣ ва лаблабуро, ба сурати муваққат лағв кардааст.
Бархе аз коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки ба ин далел, то тирамоҳи соли ҷорӣ мизони содироти сабзавот ва мева аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш хоҳад ёфт. Интизор меравад, баъд аз оғози мавсими ҷамъоварии сабзавоти "барвақтӣ" дар Тоҷикистон, қисме аз ин ҳосил низ ҳамроҳ бо тавлидоти кишоварзии Покистон ба Русия содир шавад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, таҳлилгарон баъид намедонанд, ки дар чунин сурате арзиши сабзавот дар бозори дохилии Тоҷикистон боло равад. Зеро қимати ин мавод дар бозорҳои Русия дар муқоиса бо Тоҷикистон баландтар аст ва тоҷирон аз содироти он суди бештаре ба даст меоранд.
Зимнан, мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани пули "Дӯстӣ" дар Панҷи Поён, ки бо мусоъидати молии давлати Омрико сохта шуд, мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Давлати Тоҷикистон дар гузашта изҳори умедворӣ мекард, ки бо сохтани роҳҳои утумубилрав ба кишварҳои осиёӣ, ин кишвар метавонад ба як қаламрави тронзитӣ табдил шавад.
Би-Би-Си