00:56:49 15-уми Майи 2025 сол

АРЗЁБИИ МУСБАТИ САНДУҚИ ПУЛ АЗ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайъати мудираи Сандуқи Байналмилалии Пул тасмим гирифтааст 20,9 милюн дулор эътибори молӣ ба Тоҷикистон ихтисос бидиҳад. Дар баёнияе, ки рӯзи чаҳоршанбеи 11 май дар сойти ин созмон мунташир шуда, омадааст, ки ин воми боимтиёз ва бидуни баҳра пас аз чаҳорумин арзёбии шохисҳои иқтисодии Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи “Меконисми густардаи вомдиҳӣ" ихтисос ёфтааст.

currency3046365644.jpg

Ба ин тартиб, ба гуфтаи манобеъи Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП), эътибороти молие, ки дар чорчӯби ин тарҳ ба Тоҷикистон ироа шуда, дар маҷмӯъ беш аз 125 милюн дулорро ташкил медиҳад. Дар ин баёния омадааст: "Бар асоси тарҳи сесолаи “Меконисми густардаи вомдиҳӣ” барои Тоҷикистон, ки 21 апрели соли 2009 аз ҷониби Ҳайъати мудираи СБП тасвиб шуд, мебоист ба Тоҷикистон ба миқдори 167 милюн дулори омрикоӣ маблағ ворид шавад. Аммо 7 июни соли 2010 ин маблағ афзоиш дода шуд."

Ба дунболи анҷоми арзёбии шохисҳои иқтисодии Тоҷикистон, Ҳайъати мудираи СБП ҳамчунин дархости мақомоти Тоҷикистон барои маъофият аз иҷрои таъаҳҳудоташ дар сурати риъоят саривақт напардохтани қарзҳои хориҷӣ ва дархости тағйири меъёрҳои иҷрои барнома дар поёни моҳи июн ва охири декабри соли 2011-ро қабул кардааст.

Ҳайъати мудираи СБП ҳамчунин мушовараҳои худ бо мақомоти Тоҷикистонро дар соли 2011 дар чорчӯби моддаи 4 қарордоди ин созмонро ба анҷом расондааст. Тибқи ин модда, СБП ҳақ дорад ба манзури таъмини фаъолияти муассисри системи арзии байналмилалӣ, бар сиёсатҳои иқтисодӣ, молӣ ва арзии кишварҳои узви худ назорат кунад.

Новюкӣ Шинуҳоро, муъовини мудири омили СБП, пас аз арзёбии шохисҳои иқтисодии Тоҷикистон гуфт: "Эҳёи мизони қаблии интиқоли пули муҳоҷирон ва тадобири хуби мутақобил ба Тоҷикистон барои пушти сар гузоштани бӯҳрони ҷаҳонии молӣ кумак мекунад. Соли гузашта дар ин кишвар афзоиши мизони тавлидоти нохолиси дохилӣ аз 3,9 дарсад дар соли 2009 то ба 6,5 дарсад дар соли 2010 мушоҳида шудааст.

Оқои Шинуҳоро афзуда, ки ҳисобҳои хориҷии Тоҷикистон устувор шудаанд, вале пешрафт муваққат хоҳад буд. Ба ин далел, мақомоти Тоҷикистон аз СБП хостори анҷоми арзёбии чаҳорум шудаанд. Ба гуфтаи масъулони Сандуқи Байналмилалии Пул, таваҷҷӯҳи аслӣ дар барномаи иқтисодии давлати Тоҷикистон барои соли ҷорӣ ба коҳиши мизони фақр ва рушди иқтисод мутамаркиз шудааст.

Дар ин санад таъмини устувории иқтисоди калон аз тариқи ҷилавгирӣ аз болоравии касри буҷет, афзоиши захираи пул ва нигоҳ доштани арзиши собити пули миллӣ пешбинӣ гардидааст. Бо таваҷҷӯҳ ба зарурати сармоягузорӣ дар бахшҳои иҷтимоъӣ ва зербиноҳо мизони касри буҷет дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ як дар сади тавлидоти нохолиси дохилиро ташкил хоҳад дод.

Дар баёнияи СБП ба беҳбуди натоиҷи бахши молиётию буҷети Тоҷикистон ишора шуда, ва ҳамзамон ба мушкилоти зиёд дар бахши бонкдорӣ ва зарурати ислоҳот дар ин бахш таъкид гардидаааст. Ин созмон гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон қасд дорад ин мушкилро аз тариқи таҳкими назорату танзими фаъолиятҳои бонкӣ, худдорӣ аз сармоягузории ҳадафмандона ва маҳдудияи ҷиддии пуштибонии молии муассисоти давлатӣ аз буҷет ҳалл кунад.

Оқои Шинуҳоро гуфт: "Давлати Тоҷикистон дар роҳи таҳкими идораи бонки марказӣ ва шаффофият дар бахши корхонаҳои давлатӣ ба пешрафти чашмгире даст ёфтааст. Дар назар аст, ислоҳот дар бахши молиёт ба беҳбуди шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ дар ин кишвар мусоъидат кунад.”

Дар ҳоле ки дар баёнияи Сандуқи Байналмилалии Пул ба рушди қобили мулоҳизаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши касри буҷет дар соли гузашта таъкид шудааст, аммо тибқи иттилоъи манобеъи давлатӣ, дар соли ҷорӣ ин кишвар дар пайи боло рафтани қимати маводди ғизоӣ ва сӯхтӣ дар бозори ҷаҳонӣ бо мушкилоти иқтисодии ҷиддие мувоҷеҳ шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон, дар се моҳи соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон муъодили 4,4 дар сад будааст, ки ин рақам дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ду баробар афзоишро нишон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон дар 12 моҳи ахир мизони таваррум дар Тоҷикистон беш аз 12 дар садро ташкил додааст. Вале дар маҷмӯъ, вазорати молия мизони таваррумро барои соли ҷорӣ ба миқдори 9,4 дар сад пешбинӣ кардааст.

Коршиносони умури иқтисодии Тоҷикистон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши муназзами қимати маводди сӯхтӣ дар бозори ҷаҳонӣ имкон дорад мизони таваррум дар ин кишвар бамаротиб боло равад. Дар ҳамин ҳол, дуктур Файзулло Фатҳуллоев, иқтисоддони тоҷик, гуфт, ки афзоиши мизони тавлидоти нохолиси миллӣ (ТНМ) ба болоравии мизони таваррум дар Тоҷикистон рабте надорад.

Ба гуфтаи дуктур Фатҳуллоев, тавлидоти нохолиси дохилӣ дар натиҷаи бештар шудани тавлидот дар корхонаҳои санъатӣ ё бахши кишоварзӣ, ҷамъоварии молиёт ва авомили дигаре чун афзоиши қимати маводду хидматрасонӣ ташаккул меёбад. Аз ҷумла, дар соли гузашта ду маротиба қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, ки ин амр дар бахши даромади буҷети кишвар асар гузоштааст.

Дуктур Файзулло Фатҳуллоев гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки бахши умдаи маводду колоҳо дар дохили Тоҷикистон аз тариқи утумубил ҳамлу нақл мешавад, афзоиши сареъи қимати бензин ва дизел мумкин аст ба шадидан боло рафтани арзиши маводди ғизоӣ ва колоҳои мавриди ниёзи мардум мунҷар шавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ