00:20:00 03-уми Июни 2025 сол

ДИДОРИ ВАЗИРИ РУШДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БРИТОНИЁ БО МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН

Бритониё дар садад аст, дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, бахусус, навоҳии марзии ин кишвар бо Афғонистон мусоъидат кунад. Алан Данкан, вазири рушди байналмилалии Бритониё, ки рӯзи душанбеи 17 октябр, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, сатҳи ҳамкориҳои ин ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаро дар ҳоли густариш арзёбӣ кард.

/images/stories/2011/10/17_duncan_2011.jpgОқои Данкан гуфт, дар зарфи чор соли оянда давлати Бритониё барои рушди бахши кишоварзӣ, беҳбуди вазъи молӣ ва идораи муҳоҷират тарҳи вижаеро рӯйи даст хоҳад гирифт, ки ҳазинаи солонаи он 10 милюн пунд ё 16 милюн дулори омрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай, ҳадафи аслӣ аз тарҳҳои Вазорати рушди байналмилалии Бритониё мусоъидат ба рушди иқтисод дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аст, ки гуфта мешавад, ҳудуди 70 дар сади ҷамъияти ин кишвар дар манотиқи рустоӣ ба сар мебаранд. Ва аз ин тариқ даст ёфтан ба коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон аст.

Бино ба иттилоъи манобеъи сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар ду тарҳи бузурги вазорати рушди байналмилалии Бритониё, тарҳҳои рушди иқтисодии маҳалҳо ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар маърази иҷро қарор дорад. Сармояи ин тарҳҳо аз ҷониби вазорати рушди байналмилалии Бритониё тахсис шуда ва аз ҷониби Ожонси рушди Олмон ва Барномаи Рушди СММ иҷро мешавад.

Гуфта мешавад, тарҳи рушди иқтисодии маҳалҳо 14 ноҳияи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро таҳти пӯшиш қарор дода ва дар назар аст, дар ояндаи наздик навоҳии водии Рашт, бархе аз навоҳии вилояти Хатлон ва навоҳии ҳаммарз бо Афғонистони Тоҷикистон ба ин тарҳ шомил шаванд. Ҳамчунин, ин вазорати Бритониё тарҳи коҳиши хатари ҳаводиси табиъӣ дар Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо созмони “Фокус” ва Сандуқи Оғохон иҷро мегардад.

Вазири рушди байналмилалии Бритониё гуфт, ки дар ҷараёни дидор бо Президент Раҳмон вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва мавзӯъи барқарор сохтани иқтисоди ин кишвар матраҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, беҳбуди вазъи амниятӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон дар чигунагии вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон асар хоҳад гузошт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба навбаи худ хостори ҷалби сармояи Бритониё ба бахшҳои иртиботот, энержӣ, кишоварзӣ, маъодин ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон шудааст.

Алан Данкан, субҳи имрӯз бо Матлубхон Давлатов, мушовири раиси ҷумҳурӣ дар масоили иқтисодӣ, Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазир, вазирони хориҷаю молия, раиси Бонки Миллӣ ва раиси кумитаи сармоягузории ин кишвар мавзӯъи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши кишоварзӣ ва беҳбуди идораи молиявӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Дар назар аст, рӯзи сешанбеи 18 октябр, оқои Данкан аз вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ва манотқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дидан карда ва бо ҷараёни иҷрои тарҳҳои вазорати рушди байналмилалии Бритониё дар ин манотиқ ва раванди тиҷорати байнимарзӣ бо навоҳии ҳаммарзи Афғонистон ошно шавад.

Зимнан, Алан Данкан аз нахустин вазир ё мақоми сатҳи олии Бритониё аст, ки аз Тоҷикистон дидор мекунад. Ҳамкориҳои Вазорати рушди байналмилалии Бритониё бо Тоҷикистон аз соли 2003 шурӯъ шуда ва то ба ҳол, ин вазорат барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар ин кишвар ба миқдори 32 милюн пунд ё беш аз 55 милюн дулор кумаки билоивази молӣ тахсис додааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854