БОНКИ ҶАҲОНӢ: ТОҶИКИСТОН ҚАСДИ БУНЁДИ САДДРО НАДОРАД
Як мақоми Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ Тоҷикистон қасди бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш ва бунёди садди обанбори Роғунро надорад.
Теодор Алерс, раиси умури истротежӣ ва амалиёти Бонки Ҷаҳонӣ дар Урупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи душанбеи 5 декабр, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар ин мулоқот Президент Раҳмон алоқмандии худро ба анҷоми куллия корҳои бозрасӣ бо риояти тамоми стандартҳои байналмилалӣ иброз доштааст.
Ба эътиқоди оқои Алерс, пешбурди бозрасӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон мунҷар ба боло рафтани сатҳи эътимод дар иҷрои ин тарҳи бузурги энержӣ дар минтақа хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ҳоло бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ коршиносони байналмилалӣ дар ду самт, асосҳои фаннию иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи Роғун ва нигарониҳо дар бораи асароти эҳтимолии ин тарҳ ба муҳити зист ва иҷтимоъӣ корҳои бозрасиро анҷом дода ва дар назар аст, дар поёни корҳои бозрасӣ гузориш дар ин замина расман мунташир шуда ва он бо намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва ниҳоди зирабти кишварҳои минтақа баррасӣ шавад.
Зимнан, дар моҳи гузашта “Независимая газета”, рӯзномаи Русия ба истинод ба манобеъи Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар бораи имкони бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш ва оғози бунёди садди обанбори Роғун дар моҳи декабри соли ҷорӣ хабар дода буд.
Аммо Рашид Гулов, муҳандиси ширкати “Барқи Тоҷик” ин иттилоъро бепоя хонда ва гуфт, ҳоло дар ин пружа корҳои тармиму бозсозӣ идома дошта ва ба ин далел феълан барои бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш имкони фаннӣ вуҷуд надорад.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Гулов, “ҷониби Тоҷикистон пас аз поёни корҳои бозрасии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва хулосаи коршиносон корҳои сохтмониро дар нерӯгоҳи Роғун оғоз хоҳад кард. Мумкин аст, бозрасии коршиносон дар нимаи дуюми соли оянда анҷом ёбад.”
Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энержӣ, саноеъ, сохтмон ва иртибототи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон низ гуфт, ки ахиран аз ин пружа дидан карда ва корҳои барқарорсозӣ дар туннелҳои обпарто, ки дар авохири солҳои 1980 эҳдос шуда ва баъдан хароб гашта буданд, дар соли оянда анҷом хоҳад шуд.
Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ
Дар назар аст, дар соли оянда Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 60 милюн дулор кумаки молӣ тахсис диҳад, ки ин маблағ дар муқоиса ба кумакҳои ин бонк дар соли гузашта ҳудуди ду баробар бештар аст.
Теодор Алерс, раиси умури истротежӣ ва амалиёти Бонки Ҷаҳонӣ дар Урупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, бахши аслии ин сармоя барои ҳалли мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон, аз ҷумла тармим ва навсозии хутути интиқоли нерӯи барқ ва трансформаторҳо масраф шуда ва ба ин васила аз талафи нерӯи барқи зиёд ба ҳангоми интиқол ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи коршиносон, ба далели кӯҳнаю фарсуда будани хутути барқ ва таҷҳизоти фаннӣ ҳамасола ҳудуди 20 дар сади нерӯи барқ ба ҳангоми интиқол талаф мешавад. Ҳамчунин, бахше аз маболиғ барои пуштибонӣ аз бахши хусусии Тоҷикистон, аз ҷумла фермерҳо масраф хоҳад шуд.
Оқои Алерс гуфт, ба манзури кумак ба ақшори фақир ва осебпазири ҷомеъаи Тоҷикистон Бонки Ҷаҳонӣ дар соли оянда як тарҳи 3,2 милюн дулориро рӯйи даст хоҳад гирифт, ки поин бурдани мизони бекорӣ ва коҳиши фақр аз аҳдофи ин тарҳ унвон шудааст.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 1996 оғоз шуда ва дар ин муддат ин бонк ба Тоҷикистон ба миқдори 640 милюн дулор кумаки молӣ ироъа кардааст. Феълан дар Тоҷикистон 16 тарҳ, ки ҳазинаи умумиаш 212 милюн дулор буда ва аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад, дар маърази иҷро қарор доштааст.
Би-Би-Си