14:42:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАИСИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗИРИ ИҚТИСОД ШУД

Шариф Раҳимзода аз раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барканор ва ба вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мансуб шудааст. Ба навиштаи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24 январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, фармонҳое дар ин бора содир кардааст.

Шариф РахимзодаБар асоси ин фармонҳо, Фаррух Ҳамралиев аз вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барканор ва мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умури иқтисод таъйин шудааст. Абдуҷаббор Ширинов, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар Амрико буд, ба раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, интисоб шудааст. Тӯрақул Ҳақназаров низ аз муъовинати раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор ва Абдукарим Неъматов дар ин симатҷойгузини ӯ шудааст.

Оқои Раҳимзода аз соли 2008, пас аз ифшои гузоришҳои "ғайрисаҳеҳи" Бонки миллии Тоҷикистон ба Сандуқи Байналмилалии Пул, ки ҳокӣ аз тахаллуфоти густарда дар низоми бонкии ин кишвар дар замони раёсати Муродалӣ Алимардон буд, раёсати Бонки миллиро ба уҳда дошт.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки оқои Раҳимзода аз иқтисоддонҳои варзида аст ва тайи фаъъолияташ дар Бонки миллӣ тавонистааст ба беназмиҳои густарда дар арсаи бонкдории Тоҷикистон поён бидиҳад. Фаррух Ҳамралиев аз кодрҳои ҷавон дар кобинаи давлати Тоҷикистон аст, ки дар гузашта муддате раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва аз соли 2009 вазорати рушди иқтисод ва тиҷоратро ба уҳда дошт.

Оқоён Раҳимзода ва Ҳамралиев аз ҷумлаи мансабдороне ба шумор меоянд, ки бар хилофи бисёре аз соҳибмансабони солхӯрда дар кобинаи давлати Тоҷикистон аз дониши забони инглисӣ ва назарияҳои иқтисоди муъосир бархурдоранд.

Интисобҳои тоза бахше аз тағйироти густарда дар кобинаи давлати Тоҷикистон аз оғози соли милодии ҷадид аст. Президент Раҳмон рӯзи 5 январ бо судури фармонҳое Матлубхон Давлатов, дойии худро, ки қаблан раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд, ба симати муъовини аввали нахуствазир мансуб кард.

Қабл аз ин, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири собиқи умури дохилӣ низ аз вазорат барканор ва ба дабирии Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон мансуб шуд. Ба ҷойи ӯ, Рамазон Раҳимов, ки муъовини аввали оқои Қаҳҳоров буд, ба вазорати умури дохилӣ маснуб шуд. Рӯзи 10 январ Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири собиқи омӯзишу парвариш низ, аз ин симат барканор ва Нуриддин Саидов, раиси собиқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин симат таъйин шуд.

Зимнан, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24 январ дар нишасте матбуъотӣ гуфтааст, ки оқои Раҳмонов бо пешниҳоди ӯ аз вазифа барканор шудааст. Оқои Саидов гуфтааст: "Зимни тафтише, ки аз ҷониби кормандони ожонс дар мактаб-интернати махсус барои кару гунгҳои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ анҷом шуд, сирқати маблағ ба миқдори 380 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Дар ин кор раёсати парваришгоҳ даст дошт."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi