00:35:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ ҚАНОАТБАХШ НЕСТ

Соли сипаришуда аз 12 бонки мавҷуда дар Кӯлоб ягонтои онҳо ба ниёзмандон бо камтар аз 36% солона қарз надодаанд, чунин хулосабандӣ шуд дар нишасти матбуотии муштараки бонкҳои шаҳри Кӯлоб рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта.

Bank tjИн дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора таъкид мекунад, то бонкҳо ба соҳибкорон ва кишоварзон қарзҳои имтиёзнок диҳанд. Ҳамаи қарзҳои додашудаи имтиёзнок барои соҳибкорӣ ва кишварзӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати Молияи ҳукумати ҷумҳурӣ будаанд.

Қисми зиёди маблағҳои қарзиро, гуфт дар ҳамин нишаст раиси бонки миллии шаҳр Абдукарим Неъматов, қарзҳо барои соҳаи кишварзӣ ташкил медиҳанд, ки баробар ба 76 миллион сомонӣ будааст. 29 фоизи ин маблағ барои соҳаи пахтакорӣ қарз дода шудааст.

Имсол бозпас гардонида шудани қарзҳои гирифташуда аз ҷониби пахтакорон ба таъхир афтидааст. Сабаби инро ҷаноби Неъматов дар номуайян будани нархи пахта медонад. Моҳҳои ноябр дар биржаи Ливерпули Бритониё нархи пахта баланд шуд ва баъд хело паст фаромад.

Аз ин лиҳоз, кишоварзон ҳосили ғундоштаашонро захира карда интизори онанд, ки нарх дар биржа боло раваду онҳо аз фурӯши пунба маблағи дилхоҳ ба даст биёранд. Он ҳам ҷиҳати камбуди маблағ барои хариди сӯзишворӣ ва тухмӣ. Бонкҳо бошанд ба қарздорон дуюмбора қарз намедиҳанд.

Амиралӣ Исмоилов раиси Бонки Молиявии хурд, ки мутааллиқ ба ташкилоти ғайридавлатии Оғохони-4 аст дар нишасти қаблӣ тобистони соли 2010 гуфта буд бонки онҳо бештар барои фоида расонидан ба мардум фаолият мекунад. Барои онҳо ҳатто даромад гирифтан муҳим нест. Аммо имсол дар сӯҳбат бо хабарнигорон фақат аз гирифтани даромад ҳарф зад. Тибқи иттилои ӯ соли гузашта бонки Оғохон фақат бо 30 фоизи солона қарз додааст.

Ба иттилои як таъмиргари мошинҳо бо исми Мурод, ки дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳр устохона дорад: «Соли гузашта аз бонки Оғохон 1000 доллар қарз гирифта дар бало мондам. Қариб тамоми даромади гирифтаам барои пардохти фоизҳои ин бонк ки бештар аз 36 фоизи солонаанд, масраф мешавад.»

Ва аммо Файзиддин Раҳмонов директори Содиротбонк мегӯяд: «барои муштариёни қарздор маҷбур мешавем дигарбора қарз диҳем, то тавассути ин қарз кор карда, маблағ дарёфта қарзҳои нав ва кӯҳнаро пардохт кунад.»

Як коршиноси маҳал, ки нахост номашро зикр кунем, дар ин бора иброз дошт, ки бонкдорон ба муштариён ба ивази ришва қарз медиҳанд. Барои ҳамин дар назди онҳо забонкӯтоҳанд. Бо ин сабаб қарзҳояшонро талаб карда наметавонанд, балки ба ивази ришваи навбатӣ ба онҳо дигарбора қарз медиҳанд.

Ҳамин тавр аз мавҷудияти бонкҳои зиёд дар минтақа на аҳолӣ, балки танҳо раисони бонк суд мебардоранд.

Молик, Кӯлоб барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi