21:05:18 08-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"НАТОИҶИ БОЗРАСИИ “БАРҚИ ТОҶИК” ЭЪЛОМ НАМЕШАВАД"

Бозрасии молии фаъолияти “Барқи тоҷик” анҷом ёфтааст, вале тибқи қарордод, натоиҷи он мунташир нахоҳад шуд.

Аммо Люк Моерс, масъули дафтари Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) дар Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 2 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар фаъолияти ин ширкат “мушкилоти фаровоне, бавижа дар бахши муҳосибот” ошкор шудааст. Ба гуфтаи оқои Моерс, масъулони ширкати “Барқи тоҷик” таъаҳҳуд кардаанд, ки барои рафъи ин мушкилот бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд.

Бозрасии ин ширкат бо дархости созмонҳои байналмилалӣ, бавижа СБП дар моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуда буд. Ба гуфтаи оқои Моерс, он замон ширкати бозрасиии байналмилалии “Бодио Юнион” аз Русия дар як музояда барои бозрасии фаъолияти “Барқи тоҷик” пирӯз шуда буд.

Дар ин муддат, бозрасон тавонистаанд фаъолияти молии ин ширкатро ба таври комил таҳқиқ ва дар ин замина гузорише таҳия кунанд. Дар посух ба ин суол, ки чаро ин гузориш мунташир намешавад, оқои Моерс гуфт: “Дар таҷрубаи ҷаҳонӣ ин як амри маъмулист ва аз ҳамон оғоз тасмим шуда буд, ки натоиҷи ин бозрасӣ мунташир нашавад.”

Ин дар ҳолест ки дар авоили соли ҷорӣ натоиҷи бозрасии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки низ бо дархости СБП ва тавассути ширкати бритониёии "Ernst & Young" сурат гирифт, мунташир шуд ва мавриди таваҷҷуҳи ҷомеъаи кишвар қарор гирифт.

Зимнан, аз мулоҳизоти гурӯҳи бозрасони байналмилалӣ чунин бармеояд, ки Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ки ҳоло муъовинати нахуствазири Тоҷикистонро ба уҳда дорад, дар фаъолиятҳои "маҳрамона ва машкуки" ин бонк нақши калидӣ доштааст.

Люк Моерс дар посух ба ин суол, ки дар ин сурат чаро натоиҷи бозрасии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон мунташир шуд буд, гуфт: “Ин бозрасии вижа буд ва ин амр аз ангезаҳои сиёсӣ низ орӣ набуд. Ба ин далел тасмим шуда буд, ки натоиҷи он мунташир шавад.”

Вай афзуд, ки ҳоло бо дархости созмонҳои байналмилалӣ бозрасии фаъолияти молии Талко, бузургтарин ширкати санъатӣ ва ҳамзамон бузургтарин масрафкунандаи барқ дар Тоҷикистон идома дорад. Ва қарор аст, натоиҷи ин бозрасӣ ҳам мунташир нашавад.

Ин дар ҳолест, ки фуқдони шаффофият дар фаъолияти “Барқи тоҷик” аз муддатҳо қабл мавриди нигаронии коршиносон ва ҷомеъаи Тоҷикистон қарор гирифтааст. Соҳибназарон ба мавориди густурдаи фасод ва сирқати нерӯи барқ дар ин ширкат ишора мекунанд.

Ба гуфтаи Георгий Кошлаков, коршиноси масоили иқтисодӣ, танҳо ин нукта, ки беш аз 19 дарсади нерӯи барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон “талаф мешавад”, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти ин ширкат чандон муассир нест.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ борҳо аз фаъолияти “Барқи тоҷик”, бавижа мизони болои талафоти нерӯи барқ, шадидан интиқод кардааст. Ба ин далел, дар авоили соли ҷорӣ Президент Раҳмон дар бораи барканории куллияи раҳбарони ин ширкат фармонҳое содир кард.

Люк Моерс, намояндаи СБП дар Тоҷикистон, дар посух ба ин нигарониҳо гуфт: “Ин ки раҳбарони “Барқи тоҷик” барои баргузории бозрасии байналмилалӣ изҳори омодагӣ карданд, худ иқдоми хубест. Гузашта аз ин, раҳбарони ин ширкат ба рафъи мушкилоте, ки дар фаъолияти он ошкор шуд, омода ҳастанд. Ва ҳоло дар ин замина ҳамкории онҳо бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст.”

Аз сӯйи дигар, натоиҷи як пажӯҳиши вижаи Анҷумани кормандони арсаи энержии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта муъаррифӣ шуд, ҳокист, ки дар бахши энержии кишвар мизони шаффофият андак аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi