12:19:17 21-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳ. УМАРОВ: «БӮҲРОНРО ЧӢ ГУНА ПАСИ САР КУНЕМ?»

Сӯҳбати хабарнигори “Нури зиндагӣ” Сурайёи ШУҶОАТ бо профессор, доктори илми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ дар мавриди таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва роҳҳои раҳоӣ аз он.

- Имрӯз бӯҳрони молиявии ҷаҳониро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон эҳсос мекунад. Ин бӯҳрон ба кадом самти иқтисоди кишвар таъсири зиёдтар расонидааст?

- Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба воситаи риштаҳои хело зиёд таъсир мерасонад. Бӯҳрони молиявӣ тавассути содироту воридот, даромадҳои муҳоҷирони бурунмарзӣ, сармоягузорӣ ва кӯмакҳои башардӯстона ва дигар риштаҳо ба Тоҷикистон таъсир мерасонад. Аммо дар байни ҳамаи ин риштаҳо агар мо аз назари таъсири он ба сатҳи зиндагии мардуми тоҷик сухан ронем, пардохтҳои муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ аст. 

Агар боз сухан дар бораи аҳамияти иҷтимоии ҳамин пардохтҳо равад, бояд гуфт, ки 80% фонди зиндагии мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамин пардохтҳо мебошад. Албатта, халқи мо манфиатдори кам шудани ин пардохтҳо нест, аммо ин аз мо вобаста набуда, аз вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ вобаста аст. Ин бӯҳрон то ҳол ба охир нарасидааст ва касе гуфта наметавонад, ки он кай анҷом меёбад. 

Мувофиқи баъзе иттиллооте, ки мо дар даст дорем, гӯё 30-40% сатҳи пардохтҳо ба Тоҷикистон кам гардидааст. Вале ба ақидаи ман, камшавии ин пардохтҳо хело зиёд аст. Инро мушоҳидаҳои шахсии худи ман нишон медиҳад.Чунки он қатораҳое, ки ба Тоҷикистон меоянду он тайёраҳое, ки ба Чин ва дигар кишварҳо парвоз мекарданд, ҳоло шумораи мусофиронашон кам шудааст. Фиристодани асъори хориҷӣ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ низ кам гардидааст. Ҳатто шумораи харидорон дар бозорҳои калони яклухт ва ё нимяклухт низ кам гардидааст. Аз рӯи ҳамаи ин нишонаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳаҷми пардохтҳо ба маротиб кам шуда истодааст.

- Чун як сол қабл дар атрофи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ сухан мерафт, блоки иқтисодии Тоҷикистон онро он қадар ҷиддӣ қабул накард. Шояд аз ҳамин хотир чорабинии зиддибӯҳронӣ дер омода гашт. Ба ҳар ҳол, ин барнома ё чорабинӣ то чӣ андоза метавонад дар бартараф кардани мушкилоти бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар кишвар таъсир расонад?

-Вазорати иқтисод ва савдо ягон гуна барнома таҳия накардааст, балки як чорабинии зиддибӯҳронӣ таҳия кардааст, ки он чорабиниҳои ҳукуматро барои кам кардани сатҳи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон муайян мекунад. Аммо ин ҳуҷҷат то ба имрӯз як мавзӯи танқиди олимон, коршиносон ва аҳли ҷомеа шудааст. Шояд баъд аз ин танқидҳо Ҳукумат ва Вазорати иқтисод ва савдо ягон барномаи хуберо таҳия карда истода бошанд. Чунки Тоҷикистон ба як барномаи ҳаматарафа ва илман асоснок мӯҳтоҷ аст. Агар сухан дар бораи сифат ва мазмуни буҷет равад дар он ҷо аслан чизҳое ҳастанд, ки аз нақшаҳои солҳои пеш таҳия шуда гирифтаанду дар он ҷой кардаанд, ҳатто баъзеи онҳо аз мантиқ хело дур аст. 

Масалан, дар он ҷо гуфта шудааст, ки бояд олимон бисанҷанд, ки вазъи таркиби моддаҳои химиявӣ дар ғизои кӯдаконе, ки дар муассисаҳои томактабӣ тарбия мегиранд, чӣ гуна аст, ки ин тамоман чизи дигар аст. Ин нуқтаҳо бояд ба чунин барномаҳо хос набошад. Ин ҷо бояд бевосита чораҳои калонҳаҷм ва чораҳое, ки дар як давраи ниҳоят кӯтоҳ самаранокии хело зиёд дода метавонад ва он дар сатҳи макроиқтисодӣ ва сатҳи микроиқтисодӣ ҳам бояд амалӣ гарданд. Бояд натиҷаҳое бошанд, ки онҳо маънои содда гардидани таъсири бӯҳрони молиявиро ба иқтисоди Тоҷикистон дошта бошад. Мутаассифона, бо чунин нуқтаҳо дар он чорабинӣ вонамехӯрем.

- Шумо дар оғози сӯҳбат гуфтед, ки 80% даромади хонаводагиро дар ҷумҳурӣ маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат, имрӯз интиқоли маблағҳо аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш ёфтааст. Ҳукумат ба хотири коҳиш додани сатҳи фақр дар ҷумҳурӣ ду стратегияро оид ба паст кардани сатҳи камбизоати қабул кард. Вале вақте ки даромади 80% хонаводаҳоро мабалағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил кунаду имрӯз интиқоли ин маблағҳо кам шуда бошанд, пас ин сабаби афзоиши камбизоатон дар кишвар намегардад?

- Аллакай як сол боз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон таъсири худро расонида истодааст. Ин аллакай боиси баланд гаштани сатҳт камбизоатӣ дар кишвар гаштааст. Ба ақидаи ман ва дигар мутахассисон, имрӯз сатҳи камбизоатӣ аз 60% кам нест. Аз он 52 %, ки гуфта буданд, сатҳи он боз боло рафт, зеро кам шудани даромадҳо боиси кам гардидани истеъмоли хонаводаҳо гардид. Ҳоло, ба ақидаи ман, таҳия кардани барномаи паст кардани сатҳи камбизоатиро то давраи баъдибӯҳронӣ ба таъхир гузоштан лозим аст. 

Ҳуҷҷати асосӣ дар даврони ҳозира ин барномаи зидди бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ мебошад. Ҳукумат бояд ба таҳия кардани ин ҳуҷҷат камар бандад ва онро бояд тарзе тартиб диҳад, ки чораҳои зиддибӯҳронӣ дар он инъикос шуда бошанд. Хело хуб мешуд, ки роҳҳои ба зудӣ аз байн бардоштани камбизоатӣ, зиёд кардани истеҳсолоти дохилӣ дар ҳамин барномаи зиддибӯҳронӣ ҷой карда шавад.

- Баъзе аз коршиносон ва иқтисодчиёни хориҷӣ дар он ақидаанд, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ то андозае саривақтӣ ва ҳатто лозим буд. Чунки ҷаҳон дар ҳолати хоболудӣ ё бепарвоӣ қарор дошт ва он мардумро ҳушёр карда, ҳатто назарашонро дигар мекунад. Вале коршиносони Тоҷикистон дар он ақидаанд, ки мо ҳамеша дар бӯҳрони молӣ қарор доштем ва ҳамеша бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ будем. Пас мушкилоти мо дар ин давра дар нисбати дигар кишварҳо зиёд аст?

-Дар Тоҷикистон ду бӯҳрон ба ҳамдигар пайвастанд. Ин пеш аз ҳама бӯҳрони системавие, ки тамоми соҳаҳо ва ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирифт ва бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки имрӯз ба иқтисодиёти мо таъсир расонидааст. Бале, таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба хотири пайвастшавии ана ҳамин ду бӯҳрон барои мо вазнинтар аст.Аз ин рӯ, ба ақидаи ман, роҳҳои аз бӯҳрон баровардани кишвари мо нисбат ба он роҳҳое, ки дар кишварҳои Аврупо ва давлатҳои миёнарушд ё мутарраққӣ пеш гирифтаанд, комилан фарқ мекунанд. 

Дар ин ҷо мо бояд аз баъзе бартариҳое, ки бӯҳрони молиявӣ барои Тоҷикистон дода буд, истифода мебурдем. Масалан, омили пастшавии нархҳо, баъд аз як ё ду сол ин омил аз байн меравад, зеро дар давраҳое, ки иқтисод бидуни бӯҳрон рушд мекунад, тамоюли болоравии нархҳо ҳис карда мешавад. Ҳатто дар сурате, ки сатҳи таваррум хело паст бошад, ҳатто 1-1,5 %, яъне дар кадом сатҳе, ки набошад ин таваррум аст ва ин ҳолат ба иқтисоди ҷаҳони хос аст. Ва таваррум албатта вуҷуд дорад ва ин хусусияти иқтисоди бозор мебошад. 

Фақат дар бораи баланд ва паст будани таваррум муҳокимаронӣ карда, хулосаҳои гуногун баровардан мумкин аст. Мо албатта бояд чунин сиёсате дошта бошем, ки сатҳи таваррум як сатҳи мӯътадил, яъне дар доираи 6-7% дар як сол бошад. Масалан, агар вариантҳои гуногунро мавриди истифода қарор диҳем, таваррум метавонад ҷаҳишнок бошад ва ғайра. Лекин ман фикр мекунам, ки агар сухан дар бораи дигаргун кардани ақидаҳо доир ба рушд равад, дар ин ҷо фақат дар дохили Тоҷикистон он корҳоеро кардан мумкин аст, ки барои онҳо дар ҷумҳурӣ як замина вуҷуд дорад.

Дар ҳамин давра тавассути як барномае, ки ман ба шумо гуфтам, бояд ду гурӯҳ ин масоилро ҳал кунанд. Якум масоил масоиле ҳаст,ки аз ҷаҳони беруна меояд ва онро мо метавонем самаранок ё бесамар истифода барем. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон тартиботи сиёсати иқтисодӣ дигар карда мешавад. Онҳо инро дар шароити ҷаҳонишавӣ фаҳмиданд. Ҳам дар вохӯриҳои ҶИ-8 ва ҶИ- 20, яъне дар Самитҳо роҳбарони давлатҳо вохӯрда, ба чунин хулоса омаданд, ки ҳамаи мо дар як киштием. Агар як ҷои киштӣ халал ёбад, ҳама зарар мебинанд. 

Аз ин рӯ, ҳам дар ҶИ-и аввал ва ҳам дар ҶИ-20, ки ба қарибӣ шуда гузашт, масъалагузорӣ карда шуд, ки роҳҳои таъҷилӣ ва илман асосноки баланд бардоштани сатҳи давлатҳои сусттараққикарда ба миён гузошта шавад ва дар як муддати кӯтоҳ ин давлатҳо ба сатҳе бароянд, ки масъалаи бехатарии озуқа ва инсон таъмин карда шавад. Мувофиқи қарорҳои дар Саммит қабулгардида, ба таври мушаххас мавриди истифода қарор гиранд, он гоҳ ҳамин тақсимоти ҷаҳон доир ба истеҳсоли ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз байн хоҳад рафт. Тоҷикистон низ чун манбаи истеҳсоли ашёи хом дар ҷаҳон намемонад. Бояд институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байнахалқӣ дар ин самт ба мо кӯмак расонанд. 

Таркиби истеҳсолотро бояд дигар кунем ва оҳиста- оҳиста сатҳи истеҳсолоте, ки арзишашон баланд аст, болотар рафтан гирад. Аммо ин масъала дар ҳамон ҳолате ҳал карда мешавад, ки дар худи ҳолати Тоҷикистон як иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад. Барои ҳалли он масъалаҳое, ки дар Саммитҳо гузоштаанд, дар Тоҷикистон муҳити хело мусоидро фароҳам овардан лозим аст. Мо бояд ҳам таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва ҳам бӯҳрони системавиеро, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, аз байн барем. Барои ин мо бояд баъзе чорабиниҳои ҳам сиёсӣ ва иқтисодиро пиёда кунем.

- Он чорабинии зиддибӯҳроние, ки омода шудааст, бисёриҳо ҳамчун барнома қабул кардаанд, вале агар барнома қабул гардад, он бояд чӣ гуна бошад?

- Пеш аз ҳама, ба сохтани ҷойҳои нави кор таваҷӯҳ бояд кард ва дар ин бора сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш низ гуфтанд ва талаб карданд, ки дар Тоҷикистон 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ пешниҳод гардад. Аммо ба ақидаи ман, баъзе роҳбарони вазоратҳо мехоҳанд, ки ҳамин суханҳои Президентро ба воситаи парашут ба замин фароранд. Ба ақидаи онҳо, ин масоил гӯё ба осонӣ ҳал мешуда бошад. Масалан, нафаре аз вазирон изҳор дошт, ки он супоришҳое, ки Президент додаст, мо бо сарбаландӣ иҷро мекунем ва ин аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ амалӣ хоҳад шуд. 

Бале, дар соҳаи кишоварзи ҷойҳои корӣ хело зиёд аст. Агар мо имрӯз кишоварзии замонавиро сохтан хоҳем, тақрибан 10 маротиба ҷойҳои корӣ бояд дар Тоҷикистон кам гардад. Яъне ин механикакунонӣ, электрокунониии хоҷагии қишлоқ мебошад. Инчунин ҳамин барзиёднуфузии аҳолие, ки мо дорем, ҷойҳои кор ба миён омадан мушкил аст. Вақте ки мегӯянд, ки дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ҷойҳои кори нав месозем, ин маънои онро дорад, ки ҳамон барзиёднуфузӣ зиёд гаштааст. Имрӯз ҷойҳои корӣ бояд дар ҷойҳои ғайрикишоварзӣ ба вуҷуд биёяд. 

Агар мақсад пайдо кардани ҷойҳои корӣ дар деҳот бошад, ин хуб аст. Вале ҷойҳои кори ғайри кишоварзӣ, масалан таъсиси корхонаҳои хурди саноатӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, муассисаҳои нақлиёту алоқа бояд таъсис дода шаванд. Ба болои ин шумо медонед, ки инфраструктураи хоҷагии қишлоқ хело фарсудаю вайрон аст. Агар сухан дар бораи ба воситаҳои моддӣ-техникӣ таъмин кардани хоҷагии қишлоқ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва нигоҳ доштани маҳсулоти истеҳсолшуда дар давоми 4-5 моҳ равад, бояд ба ана ҳамин масъалаҳо диққат диҳем, на ба барзиёднуфузии кишоварзӣ. Ҳар яке аз мо бояд бидонем, ки таъсиси ҷойҳои кории нав маблағро талаб мекунад. 

Дар навбати аввал ин маблағро пайдо кардан лозим аст. Хусусан дар шаҳрҳо имкони пайдо кардани ҷойҳои корӣ бештар аст, чунки айни ҳол аксари корхонаҳо фаъолият намекунанд ва маҳсулоте, ки айни ҳол онҳо истеҳсол мекунанд, ба талабот ҷавобгӯ нест.Ба болои ин, тамоми таҳҷизоти техникии онҳо фарсудаанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама технологияи ин корхонаҳо бояд иваз карда шаванд, то онҳо тавонанд ақаллан дар бозори дохилӣ маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кунанд. Албатта барои ин маблағ лозим аст ва иқтисодчиён медонанд,ки барои ин чӣ бояд кард. 

Аз ҳама асосӣ, ин ҳама бояд дар як сиёсати воҳид пиёда гардад. Ин сиёсат табодули воридот мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ба як майдони калони тиҷоратӣ табдил ёфтааст, аз як тараф маблағҳои муҳоҷирон ворид мегарданд ва аз тарафи дигар ин маблағҳо барои хариди молҳои чинӣ аз кишвар берун мераванд. Боз қувваи корӣ ба хориҷи кишвар барои пайдо кардани маблағ мераванд. Ин албатта як гардиш аст ва ин вазъи устувор нест. Барои он, ки дар оянда чунин бӯҳрон ба Тоҷикистон камтар таъсир расонад, бояд истеҳсолотро зинда кард. Як барномаи мукаммал бояд таҳия кард, ки таҳияи он кори осон нест. 

Чунки сухан ин ҷо дар бораи барномаи корхонаҳои рушди табодули воридот меравад. Масалан, мо аз хориҷа ба микдори хело зиёд шарбат, моҳӣ, тухм ва ғайра меорем, ки ҳамаи инро мо метавонем дар худи Тоҷикистон истеҳсол кунем. Ин ҷо мо дар бораи моҳӣ сухан рондем, бояд моҳипаврварии ҳавзагиро тараққӣ диҳем. Чунки аз ҷиҳати ҳосилхезӣ ҳамин ҳавзаҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои аввалро мегирифт ва ҳатто аз як гектар то 75-100 сентнер моҳӣ мегирифтем. Ё имрӯз мо аз кишварҳои Чин, Эрон, Ҳиндустону Русия ба бозори дохилӣ тухм меорем. 

Ҳол он ки ҳамаи инро бо нархи арзон дар кишвар истеҳсол кардан имкон дорад. Ба болои ин, мо боре дар бораи сифати онҳо андеша намекунем. Аксари тоҷирони мо ҳангоми вориди маҳсулот ба кишвар тамоман дар бораи сифати он андеша намекунанд. Аз чунин сиёсат даст кашидан даркор аст. Барои барқарор кардани корхонаҳои мурғпарварӣ ё барқарор кардани ҳавзҳои моҳипарварӣ маблағҳои он қадар калон лозим нест.

-Барои рушди ҳамаи соҳаҳо дар кишвар қонуну қарорҳо ва барномаҳои зиёд қабул гардидааст. Дар маҷмӯъ бигирем, қонунҳои мо он қадар бад ҳам нестанд, вале афсӯс, ки онҳо амалӣ намешаванд. Ба ақидаи Шумо, кадом омилҳо метавонанд садди роҳи амалӣ гаштани қонуну қарорҳо ва барномаҳои рушд гарданд?

- Омили асосӣ ва марказӣ, ки онро ман хело даҳшатнок медонам, ин фасод аст. Коррупсия ё фасод бояд як объекти мубориза бошад, ки тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ зидди он мубориза баранд. Боиси афсӯс аст, ки имрӯз шуури аксари мардуми Тоҷикистон шуури фасодӣ шудааст. Мутаасифона, ҳатто вақте, ки бо дарбон ё фаррош ҳамсӯҳбат мешавӣ, онҳо фасодро як чизи муқаррарӣ медонанд ва мегӯянд, ки бояд чунин ҳам бошад. Дар асл бояд ин тавр набошад. 

Шуури мардумро бояд дигар кард, то онҳо аз додани пора ё маблағҳои тагимизӣ даст кашанд. Мардум бояд дарк кунанд, ки бо ҳамин роҳ сабабгори поймол кардани қонун ва рушд наёфтани иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон мегарданд. Афсӯс, ки ин он ҳолате нест, ки дар шакли алоҳида вохӯрад, балки як ҳолати оммавист. Аз ин рӯ, мубориза бояд ҳам дар сатҳи боло ва ҳам миёнаю поин сурат гирад ва касоне, ки аз масоили фасод хуб хабардор ҳастанд, медонанд, ки сатҳҳои ҳукуматӣ аз мубориза бар зидди фасод озод ҳастанд. 

Яъне, шахсони алоҳидаро танқид кардан ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушодан мумкин нест. Мубориза бояд тавре, ки дар Сарқонун навиштаанд, ки «ҳуқуқи ҳама баробар аст», дар инҷо низ бояд ягон истисно набошад. Агар ҳуқуқи ҳама баробар бошад, пас чаро баъзеҳо аз доираи мубориза бар зидди фасод берун мондаанд? Ҳаминро набояд фаромӯш кард, ки ҳар қадар сатҳи фасод болотар рафтан гирад, ҳамон қадар ҳаҷми фасод зиёдтар мегардад. Дар солҳои охир бештар доир ба фасод дар мактабҳо ва беморхонаҳо маҳдуд мешуданду халос.

- То таъсиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия иқтисодчиён, олимон, Ҳукумат ва мо-хабарнигорон дар он ақида будем, ки таъсиси Агентӣ боиси кам шудани фасод дар кишвар мегардад. Вале то ҳол мо дар рӯйхати он кишварҳое шомилем, ки дар он ҷо фасод хело зиёд аст. Сабаб дар чист?

- Умуман, ба ақидаи ман, вақте сухан оид бар мубориза ба зидди фасод меравад, ин ниҳоди ягона нест. Бояд дар ҷомеа тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ барои мубориза бурдан бо он сафарбар карда шаванд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бар зидди фасод мубориза барад, бояд муҳити ҷомеа дигаргун карда шавад. Агар дар мамлакат як системаи мантиқан дурусти мубориза бар зидди фасод вуҷуд надошта бошад, ин рақамҳои баланде, ки нишон дода мешаванд, барои ҷомеа нафъе нахоҳад дод. 

Ҳукумат низ бояд назари худро оид ба мубриза бар зидди фасод дигар кунад. Вақте баъзан бо кормандони дастгоҳи давлатӣ мешинед ва чун сухан дар бораи фасод меравад, онҳо изҳори норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, ки фасод дар ҳама ҷой ҳаст, магар дар Амрико ё Бритониё нест? Вақте мегӯед, ки Тоҷикистон дар қатори 10 давлати аз ҳама зиёд бо фасод олуда шуда қарор дорад, онҳо мегӯянд, ки ҳамин ҳисобу китоб чандон дуруст нест. Бояд онҳо дар ин самт муносибати худро дигар кунанд. 

Онҳо бояд фаҳманд, ки обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ танҳо дар он сурат боло меравад, ки ҳолатҳои фасод кам бошад. Вале онҳо ана ҳамин чизро ба назар гирифта наметавонанд ва доим гӯё аз чизе метарсида бошанд. Мо имрӯз худро бардурӯғ фиреб мекунем, вақте мегӯем, ки обрӯю эътибори байналмиллалии мо хело баланд аст. Тоҷикистонро аз кадом ҷиҳат хубтар мешиносанд? Аз ҷиҳати истеҳсолоти хело баланд ё аз ҷиҳати рушди илм, инноватсияҳо? 

Не, Тоҷикистонро имрӯз аз он ҷиҳат мешиносанд, ки дар он фасод хело доман паҳн кардааст, Тоҷикистонро аз он хотир мешиносанд, ки имрӯз дар он муҳити солими инвеститсионӣ нест. Аммо аз он ҷиҳатҳое, ки Тоҷикистон аз иҷрои ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ баромада бошад, касе намешиносад. Мо бояд дар ин бора ҷиддӣ андеша кунем, чунки обрӯи давлат ва роҳбарони он аз ин сахт вобастагӣ дорад. Мо бояд андеша кунем, ки тавассути несту нобуд кардани фасод ба кадом сатҳи ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳалли масоили камбизоатӣ, шуурнокии мардум, бекорӣ ва ғайра мерасем.

-Ташаккур барои сӯҳбат!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi