РУЪЁИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Давлати Тоҷикистон ахиран эълом кард, ки соли оянда тавлидоти нохолиси миллӣ дар ин кишвар 14 дарсад рушд хоҳад дошт. Ҳамчунин пешбинӣ шуда, ки буҷети давлат дар соли 2010 то 25 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Аммо ин пешбинӣ то чи ҳад бо воқеъият созгор хоҳад буд? Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки иҷрои ин амр ғайримумкин аст, зеро дар асари паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бисёре аз корхонаҳои санъатии Тоҷикистон аз фаъолият бозмондаанд ва молиёти кофӣ ба давлат нахоҳанд пардохт.
Ин пешбинӣ ва ё хушбинӣ дар ҳолест, ки иқтисоддонҳо аз эҳтимоли бурузи “мавҷи дувуме аз бӯҳрон” ва таъсироти ҷиддитарии он бар вазъи иқтисоди Тоҷикистон ҳушдор додаанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Раҳматбоев, муъовини раиси Кумитаи амвол ва сармоягузории давлати Тоҷикистон, мушоҳидаҳо ҳокист, ки ин кишвар аз шароити рушди шохисҳои иқтисодӣ дар соли оянда бархурдор аст.
Вай афзуд: “Ҳоло вазъи бӯҳронӣ дар Тоҷикистон батадриҷ рафъ мешавад ва заминаҳое барои рушди иқтисод дар соли оянда гузошта мешаванд.”
Ба унвони мисол, оқои Раҳматбоев гуфт, ки талошҳои давлат барои афзоиши мизони сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон натиҷа медиҳад ва интизор меравад дар соли оняда мизони сармоягузорӣ ба таври қобили мулоҳизае боло биравад. Вале Изатулло Лаълбеков, раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки расидан ба рушди 14-дарсадӣ танҳо дар сурати воқеъ нашудани таъсироти авомили хориҷӣ имконпазир хоҳад буд.
Вай афзуд: “Мутаассифона, ҳоло иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди Русия ва Қазоқистон бастагӣ дорад ва эҳтимоли таъсири бештари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар ин кишварҳо метавонад талошҳои давлати Тоҷикистон барои берун омадан аз бӯҳронро камранг созад.”
Зимнан, рӯзи сешанбеи 15 сентябр, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия эълом дошт, ки кишвараш “мавҷи дувуми бӯҳрон”-ро мунтазир аст ва паёмадҳои бӯҳрони феълӣ бар иқтисоди ин кишвар бамаротиб бештар аз таваққуъоти мақомҳои рус будааст.
Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи коршиносон, коҳиши беш аз 40-дарсадии мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷи кишвар, умдатан аз Русия, бар вазъи иқтисоди Тоҷикистон таъсироти сангине гузоштааст. Бо ин вуҷуд, Изатулло Лаълбеков барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистонро муассир арзёбӣ кард ва гуфт, ки агар ин барнома ба таври муасссир иҷро шавад, Тоҷикистон метавонад базудӣ куллияи паёмадҳои бӯҳронро рафъ созад.
Дар ҳамин ҳол, Анвар Ёқубов, раиси минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, дар шимоли кишвар, бар ин назар аст, ки Тоҷикистон чандон ба низоми байналмилалии молӣ пайваст нест ва набояд дар қиболи “мавҷи дувуми эҳтимолии бӯҳрон тарсе дошта бошад.”
Вай афзуд, ки Тоҷикистон тавонистааст дар як соли ахир то андозае самти равобити иқтисодии хориҷии худро тағйир диҳад. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки ҳоло Чин бар ивази Русия шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон шудааст ва ҳамин тур равобит бо кишварҳои дигари осиёӣ низ дар ҳоли тавсеъа аст.
Аммо Анвар Ёқубов эҳтимоли таъсири “мавҷи дувуми бӯҳрон” бар иқтисоди Тоҷикистонро баъид намедонад. Вале Неъматҷон Бӯриев, мушовири иқтисодии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарчанд ба эҳтимоли сар задани “мавҷи дувуми бӯҳрон” чандон бовар надорад, вале гуфт, ки давлати Тоҷикистон ин нуктаро низ дар мадди назар доштааст. Вай афзуд: “Барои ҷилавгирӣ аз ин амр ба ҳукумати кишвар пешниҳодҳое ироа шудааст ва давлат дар сурати зарурӣ метавонад барои ҷилавгирӣ аз таъсироти он тадобири муассире анҷом диҳад.”
Бо ин вуҷуд, оқои Бӯриев гуфт, ки то ҳол паёмадҳои бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон комилан рафъ нашудааст. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки ҳатто бо дарназардошти бознигарӣ дар буҷети кишвар дар соли ҷорӣ, ҳамчунон камбуди дастикам 50 милюн сомонӣ мушоҳида мешавад ва имконот барои пур кардани хазонаи давлат ҳануз пайдо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба рушди 14-дарсадии иқтисоди ин кишвар дар соли оянда итминон надорад. Хонум Ӯлҷабоева афзуд: “Давлати Тоҷикистон барои таъйиди ин пешбинии худ ҳеҷ далеле дар ихтиёр надорад. Ҳоло ки бисёре аз корхонаҳои санъатӣ аз фаъолият бозмондаанд, тавлидоти Талко харидор надорад ва ҳосили панба дар соли ҷорӣ зиёд нахоҳад буд, пас, аз чӣ ҳисоб тавлидоти нохолиси миллӣ рушд хоҳад кард?”
Хонум Ӯлҷабоева афзуд, ки омори давлатӣ қобили эътимод нест ва “на танҳо мардум, балки коршиносон низ аз вазъи воқеъии иқтисоди кишвар бардошти дурусте надоранд.”
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон рушди 3,2-дарсадӣ доштааст. Вале ҳамзамон гуфта мешавад, ки тавлидоти санъатӣ дар ин муддат 12 дарсад коҳиш ёфта ва танҳо дар моҳи гузашта беш аз 35 дарсади корхонаҳои санъатӣ фаъол набудаанд. Гузашта аз ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ мизони равобити иқтисодии хориҷии Тоҷикистон 42 дарсад коҳиш ёфтааст.
Искандари Фирӯз,
Би-Би-Си