12:09:47 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ЧАРО КОРХОНАҲОИ ВАТАНӢ ТАЪСИРГУЗОР НЕСТАНД?

Дар боробари афзоиш ёфтани истихроҷи газ дар кишвар, ки мебояд ин омил нархи онро дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон арзон намояд, баръакс болоравии қиммати ин намуди маҳсулот ба назар мерасад.

/images/stories/2012/09/05_agzs-050912.jpgДар нимсолаи аввали соли равон дар корхонаву муассисаҳои соҳаи истихроҷи нафту газ ба миқдори 7001 м3 гази табиӣ истихроҷ гардида, ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кӯлоб, Душанбе ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Сарбанд, Исфараю Конибодом интиқол дода шудааст.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори «Рӯзгор» иттилоъ доданд, сехи «Нафтугаз ва ангишт» истихроҷи нафтро дар ин давра ба 1480 тонна, корхонаи «Салоса» ба 3843 тонна расонидааанд, ки тибқи ин нишондодҳо иҷроиши нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро шудааст: «Суръати афзоиш истихроҷи газ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,5%-ро ташкил медиҳад».

Масъулини Вазорати энергетика ва саноат дар ҳоле аз афзоиши истихроҷи газ маълумот пешниҳод мекунанд, ки дар чанд рӯзи ахир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт камбуди газ ба назар мерасад. Бархе аз кормандони нуқтаҳои фурӯш мегӯянд, газ ба нуқтаҳояшон ворид нашуда истодааст.

Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки корхонаҳои ватанӣ наметавонанд талаботи кишварро ба газ таъмин намоянд ва ширкатҳои воридкунанда сари ин масъала бояд чораҷӯӣ намоянд. Ба андешаи ин гурӯҳ коршиносн нишондодҳои барзиёд иҷрошудаи корхонаҳои кишвар мутобиқ ба талаботи аҳолӣ набуда, дар танзим ва коҳиш додани нарх ҳам таъсиргузор нестанд.

Дар баъзе нуқтаҳои  фурӯши гази моеъ нархи як литр газ 3 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар ҳоле, ки чанд рӯз пеш бо супориши раиси Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ин нишондод аз ҳадди 2,3 сомонӣ боло набуд. Масъулини ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз мушкилоти таъмини мӯътадилиятро дар бозори газ, набудани ҷой барои захираи он меноманд.

Бино бар ин дар сурати каме ба таъхир афтодани воридоти навбатӣ дар бозори гази моеъ даррав камбуди он ба мушоҳида мерасад. Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон дар паи афзоиши нархи бензин талабот ба гази моеъ афзоиш ёфта, нишондоди моҳонаи он аз 5 – 6 ҳазор тонна то 10 – 11 ҳазор тонна расидааст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi