15:53:09 06-уми Июни 2025 сол

БОНКИ ҶАҲОНӢ: ТОҶИКИСТОН БОЯД ДАР КУТОҲТАРИН ФУРСАТ ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ АНДЕШАД

Мушкилоти бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аз байн бурдани миёнаравҳо, ки имрӯзҳо вазъи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия душвор кардааст, аз масъалаҳое буданд, ки миёни коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар Душанбе матраҳ гардиданд.

/images/stories/2012/09/20_world-bank-200912.jpgСафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират, дар ин нишаст ба коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз вазъи кунунии сохтори ин хадамот, нақшаҳои дар пеш истода  ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта иттилоъ дод.

Томас Очакосо, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ, зимни баромадаш дар ин нишаст иброз дошт, ки Тоҷикистон бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҷиҳати ҳалли масоил ва проблемаҳои мавҷуда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои зарурӣ андешад. Номбурда таъкид намуд, ки мақсад аз ташрифаш ба Тоҷикистон кӯмак намудан дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Дар робита ба ин сардори Хадамоти муҳоҷират қайд намуд, ки дар муддати кутоҳтарин мушкилоти ҷойдоштаро дар бахши муҳоҷират ҳал мекунанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин аввалин ҳарфи созмонҳои ҷаҳонӣ ба масъулини тоҷик ҷиҳати ҳар чи зудтар мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик набуда, қаблан низ пешниҳодҳои зиёда дар робита ба ин масъала шуда буданд, ки чораҷӯие аз ҷониби масъулин  барои ҳали онҳо ба назар намерасад.

Коршиносон пешниҳоди Созмони Миллали Муттаҳидро дар хусуси ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мисол оварда мегӯянд, бо гузашти беш аз 4 моҳ аз замони ироаи ин пешниҳод ҳоло аз ҷониби масъулин равшан нест, ки дар ин хусус чи коре  кардаанд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854