18:09:19 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

СУДУ ЗИЁНИ НИЗОМИ БОНКДОРИИ ИСЛОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ба зудӣ тарҳи қонун дар бораи низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон аз сӯи ширкати малайзиягӣ таҳия хоҳад шуд.

/images/stories/2012/11/04_bonki-islomi-041112.jpgАхиран ширкати "Зайд Иброҳим ва Ко" муваззаф шудааст, тарҳи қонун дар бораи низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистонро таҳия карда, дар ихтиёри Бонки Миллии Тоҷикистон бигузорад. "Зайд Иброҳим ва Ко" ширкати машваратӣ аз Малайзия буда, дар ин маврид бо Бонки Миллии Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ бастааст.

Ду сол пештар аз ин, Бонки исломии Рушд аз бонкҳои Тоҷикистон даъват карда буд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои бонкдории исломӣ кор бигиранд. Ҳарчанд иддае ба ин боваранд, ки кор гирифтан аз усул ва шеваҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон кори саҳлу соддае нест, аммо Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкдорӣ, мегӯяд, "барои роҳандозии ин низом дар кишвар заминаҳо вуҷуд доранд."

Ба қавли ӯ, "он одамоне, ки бо қоидаҳои шариати исломӣ зиндагӣ ва тиҷорат мекунанд, барои зиёд кардани гардиши мол ба маблағ эҳтиёҷ дорнад. Бо назардошти ҳамин, чаҳор сол пеш аввал дар "Агроинвестбонк" ва баъдан дар "Тоҷиксодиротбонк" як низоми нави қарздиҳӣ бо усули исломӣ ба роҳ монда шуд. Барои ин кор, Бонки исломии Рушд бештар аз 10 миллион доллар ҷудо кард. Чаҳор сол боз ҳамин раванд идома дорад."

Ин коршиноси тоҷик ба масъалаи бартариҳои низоми бонкдории исломӣ ҳам таъкид карда ва аз ҷумла гуфт, "яке аз хусусиятҳои аслии он ҳамин аст, ки дар ин ҷо фоиз (суд) нест. Тарзи коргузорӣ дар асоси шаффоф кор кардани мизоҷу бонк аст. Яъне, агар фоида ва ё зарар бинанд, миёни бонку мизоҷ тақсим мешавад. Агар дар низоми бонкдории ғарбӣ фақат масъулият ба дӯши мизоҷ бор аст, дар низоми бонкдории исломӣ баробарҳуқуқист ва масъулият ҳам тақсим мешавад."

Баҳром Шарифов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ аз таҷрубаи Малайзия истифода мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки барзе аз тоҷирон мегӯянд, шояд низоми бонкдории исломӣ бархе аз амонатгузоронро, ки барои дарёфти суд пулҳояшонро дар бонкҳо мегузоранд, гурезонад.

Нахустин бонкҳои исломӣ солҳои 60-уми қарни бист ба кор оғоз карда, рушди фаъолияти онҳо аз аввали солҳои 70-ум оғоз ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир бонкҳои исломӣ дар 40 кишвари дунё, аз ҷумла давлатҳои Ғарб фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi